Натиҷаҳои гуфтушунид бо созишномаҳо мустаҳкам карда шуданд

  • Натиҷаҳои гуфтушунид бо созишномаҳо мустаҳкам карда шуданд

Бинобар ҷамъбасти музокирот Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Президенти Белорус Александр Лукашенко Изҳороти муштарак қабул карданд.

Дар ҳузури сарони давлатҳо маросими имзои як қатор санад ва созишномаҳои муҳими дуҷониба баргузор шуд.

Дар байни онҳо:

– Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2024-2025;

– Созишнома оид ба истифодаи системаҳои сертификатсияи электронии маҳсулот;

– Созишнома дар соҳаи рушди рақобат, ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва танзими бозори реклама;

– Созишнома оид ба ҳамкориҳои илмию истеҳсолӣ;

– Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни шаҳрҳои Тошканд ва Минск;

– Протокол оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика;

– Протокол дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

– Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш барои солҳои 2024-2025;

– Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2024-2025;

– Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои омӯзгории муассисаҳои таълимии томактабӣ барои солҳои 2024-2025;

– “Харитаи роҳ” дар соҳаи маориф барои солҳои 2024-2025;

– «Харитаи роҳ» дар соҳаи маҷмӯи агросаноатӣ барои солҳои 2024-2026;

– Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растанӣ;

– Нақшаи чорабиниҳо дар бахши сайёҳӣ барои солҳои 2024-2025. Бар замми ин, дар доираи ташриф Ҷадвали сафарҳои мутақобилаи ҳайати минтақаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Белорус дар соли 2024 имзо шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: