Сохтмони Тошканди Нав аз муассисаҳои таълимӣ оғоз меёбад

  • Сохтмони Тошканди Нав аз муассисаҳои таълимӣ оғоз меёбад
  • Сохтмони Тошканди Нав аз муассисаҳои таълимӣ оғоз меёбад
  • Сохтмони Тошканди Нав аз муассисаҳои таълимӣ оғоз меёбад
  • Сохтмони Тошканди Нав аз муассисаҳои таълимӣ оғоз меёбад
  • Сохтмони Тошканди Нав аз муассисаҳои таълимӣ оғоз меёбад
  • Сохтмони Тошканди Нав аз муассисаҳои таълимӣ оғоз меёбад
  • Сохтмони Тошканди Нав аз муассисаҳои таълимӣ оғоз меёбад
  • Сохтмони Тошканди Нав аз муассисаҳои таълимӣ оғоз меёбад
  • Сохтмони Тошканди Нав аз муассисаҳои таълимӣ оғоз меёбад
  • Сохтмони Тошканди Нав аз муассисаҳои таълимӣ оғоз меёбад

Соле пеш, 18 март, зербинои сохтмони Тошканди Нав гузошта шуда буд. Шӯрои танзимгар ва мудирияти идораи сохтмон ва лоиҳакашӣ таъсис шуда буд.

Дар моҳи муқаддаси Рамазон, маросими роҳандозии сохтмони объектҳои аввал ба вуқӯъ пайваст.

Дар он Президент Шавкат Мирзиёев суханронӣ намуд ва аҳамияти таърихии ин рӯйдодро таъкид кард.

– Ҳоло мо зербинои кампусҳои Донишгоҳи «Ӯзбекистони Нав» ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд, Китобхонаи миллӣ, Театри миллӣ, Маркази байналхалқии илмию тадқиқотӣ, Музейи адабиёт, мактаби эҷодии ба номи Алишери  Навоӣ ва ҳамчунин Маркази миллии мақомро мегузорем. Тасодуфӣ нест, ки сохтмони шаҳри нав аз андузандагони дониш ва маънавият сар мешавад. Онҳо дар ташаккули ҷамъияти соҳибмаърифат асос ва намуна мегарданд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Агар мактаб асоси ҷамъияти соҳибмаърифат ба шумор равад, пас муаллим такягоҳи он аст. Аз ин рӯ, дар ин ҷо дар навбати аввал кампуси нави Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд сохта мешавад, ки барои 20 ҳазор донишҷӯ шомили биноҳои таълимӣ, хобгоҳ барои 5 ҳазор ҷой, кӯдакистон барои 300 ҷой, мактаб барои 616 ҷой, литсейи академӣ барои 588 ҷой, маҷмӯи нави варзишӣ, қасри маданият, амфитеатр ва объектҳои дигар мебошанд.

Дар асоси таҷрибаи донишгоҳҳо, ки ба рӯйхати 300 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон шомил мебошанд, дар мактаби олии таълимӣ кластери педагогии инноватсионӣ ба вуҷуд оварда мешавад, ки занҷири ногусастании «кӯдакистон – мактаб – донишгоҳ»-ро таъмин менамояд.

Донишгоҳи «Ӯзбекистони Нав» яке аз муассисаҳои таълими олии бонуфузи мамлакат ба шумор меравад, ки дар соҳаҳои муҳандисӣ, идора, технологияи иттилоотӣ, агротехнология, илмҳои гуманитарӣ ва табиӣ тарбия менамояд. Дар шаҳр кампуси замонавӣ барои ин омӯзишгоҳ сохта шуда, он шомили биноҳои таълимӣ барои 10 ҳазор донишҷӯ, ошхона барои 1150 ҷой, китобхона ва музейи ихчам, маҷмӯи варзишӣ ва ҳавзи олимпӣ мебошад. Инчунин хобгоҳ барои 2 ҳазор ҷой барои донишҷӯён ва манзил барои 286 муаллим ва ходимон сохта хоҳанд шуд.

Лоиҳаи дигар – маҷмӯи нави Китобхонаи миллии Ӯзбекистон. Дар ин ҷо тамоми шароити ногузир барои нигоҳдории беш аз 10 миллион нусха адабиёт ва хидмати сифатноки 1420 хонанда дар як вақт фароҳам оварда мешавад. Майдони умумӣ 30 ҳазор метри мураббаъро ташкил менамояд.

Санъати театрӣ бо маънавияти халқ ва тарбияи ҷавонон робитаи ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, дар Тошканди Нав дар асоси стандартҳои байналхалқӣ бинои боҳашамати Театри миллӣ сохта мешавад, ки он чӣ барои ҳунарпешагон ва чӣ барои тамошобинон соҳиби хеле шароити муносиб хоҳад буд. Дар оянда вай барои тамоми театрҳои мамлакатамон лабораторияи ба худ хоси эҷодӣ хоҳад гардид.

Дар шаҳр маҷмӯи нодири маънавият низ ба вуҷуд меояд, ки маркази байналхалқии илмиву тадқиқотӣ, мактаби эҷодӣ, музейи адабиёти ба номи Алишер Навоӣ ва Маркази миллии мақомро муттаҳид месозад. Роҳбари давлат дар бобати имконот ва аҳамияти ин маҷмааҳо таваққуф намуд.

– Муассисае, ки ҳоло зербинояш гузошта мешавад, дар тӯли солҳои зиёд барои ғанисозии маънавияти халқамон, тарбияи насли ҷавон чун шахсиятҳои аз ҳар ҷиҳат рушднамуда ва мутаносиб хидмат менамояд. Ман бовар дорам, ки Тошканди Нав маркази воқеии илм, маърифат ва маданият натанҳо барои мамлакатамон, балки барои тамоми минтақа хоҳад гардид, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Президент тугмаи рамзиро пахш кард ва ба сохтмони иншоот оғоз бахшид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: