ИСТИҚЛОЛ – АСОСИ ҲАЁТИ ОЗОД ВА ФАРОВОН

Алҳол халқи мо барои бо рӯҳи баланд ва кайфияти хуш истиқбол намудани санаи 33-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамаҷониба тайёрӣ мебинад.

Зеро ин санаи муборак дар таърихи навини мо рӯзи муқаддастарин аст. 

32 сол муқаддам, яъне 31 августи соли 1991 халқи мо ҳуқуқи соҳиби Ватан ва тақдиру ояндаи худ буданро ба даст овард. Дар харитаи олам Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сифати давлати нави озоду мустақил зуҳур кард.
Дар давраи таърихан кӯтоҳи сипаришуда бо меҳнати фидокорона ва қатъияти ҷасурона худшиносии миллӣ, таърихи қадимӣ, маданияти ғановатманд, ҳувият ва анъанаҳои некамон эҳё шуданд. Асосҳои ҳаёти давлат ва ҷамъият куллан дигаргун гардида, кишварамон дар ҷомеаи ҷаҳон мақоми муносиби худро пайдо кард. 
Қадру қимат ва аҳамияти истиқлол сол аз сол зиёд мегардад. Кишвари мо ба зинаи нави тараққиёт қадам гузошт, дар тамоми соҳа ва ҷабҳаҳо ислоҳоти куллӣ амалӣ мешаванд, ҷараёни демократикунонӣ идома дорад. 
Воқеаҳои муҳими ҳаёти сиёсии мамлакат, ба хусус, қабул шудани Сарқонуни нав, ислоҳоте, ки барои гузоштани пойдевори Эҳёи Сеюм татбиқ мегарданд, аз ҷониби халқ ҳаматарафа дастгирӣ карда мешаванд. 
Натиҷаҳое, ки хусусан бобати ҳамаҷониба инкишоф додани соҳаҳои иқтисодиёт ва роҳи васеъ кушодан ба соҳибкорӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, коҳиш додани нодорӣ, ҳамчунин афзудани фаровонҳолии ҳаёти аҳолӣ, обод кардани шаҳр ва деҳот, боло бардоштани нуфузу эътибори мамлакат дар миқёси байналхалқӣ ба даст меоянд, равшан ба назар мерасад.
Аз ҳама муҳимаш, дигаргуниҳоеро, ки тӯли солҳои охир дар мамлакат амалӣ мешаванд, ҳар як ҳамватанамон дар ҳаёти шахсии худ дарк ва эҳсос менамояд. Зеро истиқлол барои дар ҷомеаи ҷаҳон мавқеи муҳим пайдо кардани давлатамон заминаи бузург фароҳам овард. Тӯли солҳои истиқлол дар Ӯзбекистон тағйироти азим рух доданд, дараҷаи ҳаёти халқи мо хеле баланд шуд. Бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев ислоҳоте амалӣ мешаванд, ки туфайли онҳо дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт навгонӣ ва дигаргуниҳои куллиро метавон мушоҳида кард. 
Навгониҳои шаш-ҳафт сол муқаддам ибтидо гирифта, ислоҳоте, ки бо дарназардошти манфиатҳои халқ амалӣ мегарданд, қадамҳои далерона дар роҳи бунёди Ӯзбекистони Нав мебошанд, ки инро нафақат мардуми мо, балки ҷомеаи ҷаҳон низ бо кайфияти хуш истиқбол менамоянд. 
Ба мақсади 32-юмин солгарди истиқлоли Ватанамонро мувофиқи сатҳи тараққиёти кунунии Ӯзбекистони Нав ва шаъну шарафи хоси он истиқбол намудан ва дар савияи баланд гузаронидани ҷашни истиқлол Қарори Президент «Дар бораи тайёрӣ ва баргузории 32-юмин солгарди ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қабул гардид. 
Ҳоли ҳозир инкишоф додани соҳаи саноат, ки самти муҳимтарини иқтисодиёти миллии Ӯзбекистони Нав ба шумор меравад, ба вазифаи асосӣ табдил ёфтааст. Кишвари мо аз давлати аграриву саноатӣ ба мамлакати саноативу аграрӣ бадал гардид. Ба пешбурди самарабахши сиёсати соҳаи саноат, дар пояи инноватсионӣ ба роҳ мондани он, дар пешрафти муайян кардани нуқтаҳои драйвер ва афзоиш, ба истеҳсолот ҷалб намудани технологияи пешқадам, таъмин сохтани рақобатбардории соҳаҳои саноат эътибори махсус дода мешавад. 
Туфайли натиҷаҳои ислоҳоти васеъмиқёс бори аввал ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 80 миллиард доллар гузашт. Барои ба даст омадани ин муваффақият соҳаи саноат, ки чоряк ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, назаррас буд. 
Алҳол бо вуҷуди вазъияти мураккаби геосиёсии ҷаҳон саноати Ӯзбекистон бо суръат ривоҷ меёбад. Чунончӣ, ҳаҷми истеҳсоли саноат дар соли 2022-юм ба 551,1 триллион сӯм расид. Ин нишондиҳанда дар соли 1991-ум ҳамагӣ 63 миллиард сӯмро ташкил медод. Дар таркиби маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ саҳми истеҳсолоти саноатӣ дар соли 2022-юм 26,7 фоизро ташкил дод, соли равон ҳаҷми сармояҳои ба соҳа ҷалбгардида ба 124,6 триллион сӯм расид. 
Дар соҳаи сиёсати пулу вом ислоҳоти куллӣ татбиқ гардида, низоми пардохт инкишоф ёфт, туфайли фароҳам омадани имконияти хариди асъори хориҷӣ муаммои пули нақд ҳаллу фасл шуд. Ин дастовард эътимоди мардумро ба фардо беш аз пеш мустаҳкам кард. 
Солҳои охир дар мамлакат эътибор ба инсон куллан тағйир ёфт. Инсон, ҳуқуқ ва бахту саодати вай ба сиёсати давлат, ба мақсади устувор ва муқаддаси фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ табдил гардид. Бинобар дастгирии аҳолии ба ҳифзи иҷтимои эҳтиёҷманд ва тамоми табақаҳои он механизми низоми нав ҷорӣ карда шуд. 
Дар мамлакат гиромидошти қадри инсон, аз ҳаёти кунунӣ розӣ сохтани ҳар як шаҳрванд ба мизони асосии ислоҳот табдил меёбад. Асоси сиёсати инсонпарваронаи роҳбари давлати мо, ки бо ғояҳои нав ғанӣ гардидааст, манфиатҳои куллии халқамонро дар назар дорад, ҳамчунин ин сиёсат ба бевосита ҳифз намудани ин манфиатҳо нигаронда шудааст. 
Ислоҳоти куллии дар ҳаёт татбиқшуда дар рақамҳои хушку холӣ не, балки дар ҳаёти ҳамарӯза, зиндагӣ, дастурхони аҳолӣ акси худро пайдо мекунанд. Агар мо ҳаёти оилаҳоеро, ки дар кишварамон зисту зиндагӣ доранд, аз ҳамин нуқтаи назар таҳлил намоем, ба чӣ гуна натиҷаҳои бузург муваффақ шуданамонро равшан мушоҳида мекунем. 
Умуман, ба шарофати истиқлол пойдевори давлатдории миллии мо мустаҳкам гардид, дахлнопазири сарҳадҳоямон таъмин шуд, дар ҷамъият сулҳу салоҳ ва осоиш ҳукмрон гашт, ҳамгароии байнимиллӣ ва кушодадилии динӣ кафолат пайдо кард. 
Имрӯз ба кадом гӯшаву канори мамлакат наравед, дар қалбу чашми ҳамватанон шукӯҳи дурахшони истиқлол, шукронаи даврони ободу озодро мушоҳида менамоед. Ин, бешубҳа ба дилҳо ҳузуру ғурур, ба дидаҳо шодиву сурур мебахшад. Агар гӯем, ки ин ҳама бидуни шубҳа, туфайли истиқлол ба даст омад, айни ҳақиқат аст.

Фахриддин САМАДОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.
                      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: