СЕМИНАРҲОИ АМАЛӢ

Мувофиқи супориши сарвари давлат таҳти роҳбарии ҷонишини мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – роҳбари Қабулхонаи халқ У.Муҳаммадиев гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар маҳаллаҳои ноҳияи Шофиркон оиди бо шуғл фарогирии аҳолӣ ва афзун гардондани даромади иловагӣ семинарҳои амалӣ гузаронд.

Яке аз чунин тадбирҳо дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Талисафед» ба амал омад. Дар он роҳбарони секторҳо, фаъолони маҳалла, соҳибкорони пешқадам ва намояндагони аҳолии бо шуғл фарогирифтанашуда иштирок карданд. Дар тадбир дар бораи ҷараёнҳое, ки оиди зиёд намудани даромади аҳолӣ, офаридани ҷойҳои нави корӣ, машғулшавӣ бо соҳибкорӣ ва ғайра, ки бо ташаббуси роҳбари давлат дар асоси таҷрибаи «Сайҳунобод» ва «Уйчӣ» дар маҳалҳо татбиқ мегарданд, маълумоти ҳаматарафа дода шуд. 
Ҳангоми мулоқоти ошкоро соҳибкорон оиди роҳҳои пайдо намудани даромади иловагӣ вобаста ба таҷрибаю дониши худ ибрози назар карданд. Аз ҷумла, аз ҷониби мутасаддиёни ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «LIVADIVA-BUKHARA» роҳҳои тайёр намудани бештар аз бист намуди маҳсулоти меваи хушк, дар қитъаҳои назди ҳавлӣ расондани маҳсулоти бозоргир, дар ҳар як хонадон мавҷуд будани имконияти тайёр кардани ҳосили занбӯруғ ва ғайра маънидод карда шуд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки ин қабил семинарҳо дар дигар маҳаллаҳои ноҳия низ сурат гирифтанд.

 

ҒАМХОРИҲО БА 
СОКИНОНИ «ЧУРУҚ»

 

Овули «Чуруқ» дар самти шимолии ноҳияи Шофиркон дар оғӯши дашти  Қизилқум дар масофаи 110 километр аз маркази ноҳия воқеъ гардидааст.

 

Дар ин мавзеи қазоқнишин ҳоло 41-то хонадон ва қариб 270 нафар аҳолӣ буду бош дорад. Машғулияти мардум асосан чорвопарварӣ ва қисман зироатпарварӣ аст. Дар мактаби замонавии ин ҷо 40 нафар талабагон таҳсил мегирифтанд. Ҳашт сол муқаддам дар ин ҷо боз бинои нави таълим (барои 30 нафар) ба кор даромад. Муассисаи таълими томактабии ин ҷо – филиали деҳаи «Деҳқонобод»-и ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ш.Рашидов ба 90 нафар наврасон пешбинӣ шудааст. Бунгоҳи тиббӣ баҳри саломатии бошандагони ҳудуд кумак мерасонад.
Ду рӯз муқаддам, ҷонишинони ҳокими ноҳия Мақсуда Тилавова ва Акмал Қазоқов, сардори иттиҳодияи тиббии ноҳия Акмал Шобеков ва масъулони дигар ба ин ҷо ташриф оварда, бо шароити зиндагии аҳолӣ, вазъи иҷтимоии занон ва духтарон аз наздик шинос шуда, барои онҳо назорати тиббӣ ташкил карданд. Сокинон аз рентгени мобилӣ, УЗИ, ЭКГ ва муоинаи лабораторӣ гузаронда шуданд. Дар натиҷаи ҳамкории садорати ҳифзи тандурустии вилоят ва иттиҳодияи тиббии ноҳия, иштироки духтурони мутахассисии доираи маҳдуд 170 нафар аз муоина гузаштанд ва ба беморон муолиҷаҳои зарурӣ пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла, 35 нафар шаҳрвандон бемузд дорую дармон гирифтанд. Ба 8 нафар барои муолиҷагирӣ дар беморхонаҳои ноҳия, ба 3 нафар ба беморхонаҳои вилоятӣ роҳхати имтиёзнок дода шуд. Ҳамин тариқ, духтурон ба аёдати беморони ҳудуд – ба хонадони онҳо рафта, ба онҳо низ кумаки тиббӣ расонданд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки хабаргирӣ аз аҳволи сокинони авул аз ҷониби мутасаддиён ба ҳукми анъана даромадааст. Аз давраи нимаи дуюми соли гузашта то имрӯз бисёр оилаҳое, ки муҳтоҷи дастгирӣ буданд, аз саховат ва кумаки моддии ҳомиён баҳравар гардиданд. Янгибой Қӯзибоеви маълӯл, Дӯхтирбой Пиримқулов, Марал Ӯразалиева, Айдиншаб Ямғирбаева, Турдибой Ҳайитов ва дигарон некиҳои беминнатро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: