МАҶМӮАИ МАҚОЛАҲОИ ПУБЛИТСИСТӢ

Дар олами маънӣ ҳар як чиз ҷоеву мақоми худро дорад.

Аз ҷумла китоб. Ба қарибӣ ду китоби шоир ва ходими рӯзномаи «Овози тоҷик», узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Муҳаммадҷон Шодӣ ба забони ӯзбекӣ бо номи «Сӯз қадри – ӯзлик дарди» ва китоби дуюм ба забони қазоқӣ «Улы тулғалардан уқсас тағдиры»-ро, ки дар нашриёти «Ҷавоҳир-илм-нашр»-и Тошканд чоп шуд, дастраси мо гардид.
Дар китоби «Улы тулғалардан уқсас тағдиры» маҷмӯаи мақолаҳои публитсистӣ, таҳлиливу танқидӣ  ва таҳқиқоти журналистии дар се-чор соли охир навиштаи муаллиф, ки дар рӯзномаи «Нурли жол» чоп шудаанд, гирд оварда шудааст. Китоб дар бораи таърихи ташаккули робитаҳои адабиву фарҳангии халқҳои бародар – тоҷику ӯзбеку қазоқ маълумот медиҳад. Муносибатҳои қадимии ин халқҳоро, ки бо гузашти замон бо ҳам хешу табор, рафиқу бародар, ҳамхуну решапайванд гардидаанд, ёдовар мешавад.
Робитаи дӯстона ва бародаронаи ду халқ дар тӯли солҳои Истиқлолияти миллӣ ба онҳо имкон дод, ки адабиёт ва санъати худро тараққӣ диҳанд, барои эҷод шароит фароҳам оваранд ва ба ҷиҳати табъу нашри асори адибони гузаштаву муосир роҳи васеъро боз намоянд.
Китоби «Сӯз қадри – ӯзлик дарди» дар бораи дастовард ва мушкилоти имрӯзаи забоншиносии ӯзбек таҳқиқоти журналистии солҳои охир навиштаи муаллифро, ки дар рӯзномаҳои «Ҳуррият»,«Ӯзбекистон адабиёти ва санъати», «Шарқ зиёси», «Ӯзбекистон овози» ва ғайра чоп шудаанд, гирд овардааст. Онҳо мавзӯъ ва муаммоҳои доғи рӯзро дар бар мегиранд. Дар китоби мазкур ғояи асосӣ ин риояи қоидаҳои забони ӯзбекӣ ва эҳтиром ба забони давлатист ва тамоми мавод бинобар муҳтаво ва мазмун ба ҳамдигар вобастагӣ доранд.
Хуллас, ҳар ду китоб маводи зиёди хонданибоб дошта, аз аҳамияти илмӣ-оммавӣ, маънавию маърифатӣ ва тарбиявию ахлоқӣ саршоранд.
Муҳаммадҷон Шодӣ имрӯз ҳам ҷавонону наврасон ва мухлисони хешро чун ҳамешагӣ бо маҷмӯи мақола, асарҳои назму насрии  баландмазмуни худ ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Муаллиф ҳар яки ин мақолаҳоро бо заҳмат навиштааст ва дар ҳамаи онҳо дарду ормонҳои халқи одӣ акс ёфтаанд.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: