Беҳтаринҳои вилоят

Давраи вилоятии озмуни «Беҳтарин мактаб дар омӯзондани забонҳои хориҷӣ» поён ёфт ва дар мактаби таълими умумии рақами 43-юми шаҳри Бухоро маросими тақдиронидани ғолибони озмун барои дарёфти мукофоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

 Дар он 13 ҷамоаи мактабӣ иштирок ва муаллимон аз рӯйи саволҳои тест ва кори хаттӣ дониши худро аз санҷиш гузаронданд.
Ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами якуми ноҳияи Вобканд натиҷаи аз ҳама баланд нишон дод ва бо гирифтани ҷои аввал барои иштирок дар давраи ҷумҳуриявии озмун имконият ба даст овард.
А. АВЕЗОВ, мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.
Дар сурат: лаҳзае аз озмун.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: