ҲАМОН МУАЙЯНАИ САМАРҚАНДӢ

Рост мегӯянд: соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост.

 Муайяна аз хурдсолӣ зеҳни тез, хотираи мустаҳкам дошт. Дар хурдӣ ҳам бо як-ду маротиба такрор кардан байтҳои халқиро аз ёд мекард. Ҳангоми бо шогирдон дарс гузаштани модаркалонаш – бибихалифа Ойтӯрабегим наздаш нишаста, ба гуфтаҳои ӯ бо диққат гӯш медоду фавран тӯтивор такрор намуда, ба ҳайрату таҳсини ҳозирон сазовор мешуд.
– Ҳеҷ зеваре чун фарҳанг нест, – мегуфт модаркалон, – илм дар хурдӣ нақш дар санг аст. Биё, Муайянаҷон, бисёртар шеър аз ёд кун! – доимо такрор мекард модаркалон.
Ва ӯ аз ашъори безаволи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Муслиҳиддин Шайх Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ҷалолиддини Румӣ ва дигарон намунаҳоро аз бар мекард. Ҳарчанд он солҳо омӯхтани ҳуруфи арабӣ манъ буд, пинҳонӣ савод мебаровард. Баъди мактабхон шудан бо донишу ҷаҳонбинии худ омӯзгоронро ба ҳайрат меафканд. Хонандаи беҳтарини мактаби рақами даҳуми деҳаи Боғибаланди ноҳияи Самарқанд буд.
Меҳру муҳаббат ба адабиёт ва забони модарӣ ӯро ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд овард. Дар ин ҷо низ донишҷӯйи фаъолу пешқадам гардид. Аз устодон Раҳим Муқимов, Талъат Абдуҷабборов (рӯҳашон шод бод!) бисёр чизро омӯхт. Бо таклифи раиси кумитаи радиошунавонии вилоят Раҳматҷон Акрамов аввалин барандаи барномаи тоҷикӣ таъин шуд. Он солҳо бо ҳамсабақи худ, ҳоло олими адабиётшинос, ҷонсӯзи забону миллат Аслиддин Қамарзода тавассути радио баромад мекарданд. Нахустин ҳикояи худ «Меҳри аввал»-ро бо ҳаяҷон ба радиошунавандагон хонда дод. Муайяна баробари ровигӣ хабар, лавҳа, мусоҳиба, гузоришҳо навишта, истеъдоди рӯзноманигории худро сайқал медод. Аммо баъди ба даст гирифтани дипломи донишгоҳ дар дуроҳа монд: ходими илмӣ шавад, ё журналист? Бо ин муаммо азми сафари Тошканд кард.
Директори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Ӯзбекистон ба номи Абурайҳон Берунӣ Сабоҳат Азимҷонова фориғултаҳсили Донишгоҳи давлатии Самарқандро хуш пазируфт. Вай ба корманди илмиаш Талъатака супориш дод, ки саводи ҳуруфи арабии Муайяна Хоҷаеваро санҷад. Дар шуъбаи дастхатҳо асарҳои Хоҷа Ҳофизу Умари Хайёмро ба назди ӯ гузоштанд, ки бо овози баланд қироат карда, ба ӯзбекӣ тарҷума намояд. Супоришро ба дараҷаи аъло иҷро намуд. Бо қатъияту боварии том мисраъҳоро қироат мекард, ки «шуд, кифоя», – гӯён хурсандона даст боло бардошт Талъатака, – шумо лоиқи баҳои аъло! Тасаввур кунед, ки шумо ба кор қабул шудед.
Аз ин хушхабар ӯ шод гардид, лекин дилбастагӣ ба матбуот ӯро ба идораи «Овози тоҷик» овард. Сармуҳаррир Шавкат Ниёзов (илоҳӣ рӯҳаш шод бод!) гапро аз маош оғоз намуд:
– Дар Институти шарқшиносӣ маошатон чанд сӯм мешавад?
– Шаст сӯм, – росташро гуфт Муайяна Хоҷаева.
– Хоҳарҷон, агар дар идораи мо ба кор оед, сад сӯм моҳона ва боз ҳаққи қалам мегиред. Агар илҳоматон ҷӯш занад, маблағ зиёд шудан мегирад, – ба мақсади аз даст надодани ходимаи нав ҷиҳати иқтисодиро далел овард муҳаррир.
Меҳри «Овоз», ки кайҳо дар қалбаш маъво гирифта буд ва маоши қаноатбахш ӯро водор сохт, ки корманди рӯзнома шавад.
Соли 1963 аввал ба сифати тарҷумон ва баъдтар ходими адабӣ кор кард. Аз шоири зуллисонайн, журналисти пуртаҷриба Муҳаммадҷон Васфӣ, арбобони барҷастаи журналистика Раҳматҷон Норов, Муҳсин Умарзода, Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода, Саъдихон Солиев ва дигарон асрори кору таҷриба омӯхта, ба қавле «дар деги рӯзнома пухт». Аз душворӣ ва заҳмати касби хабарнигорӣ наҳаросид. Рӯзнома баъзан 6-8 саҳифа интишор ёфта, навбатдорӣ гоҳо то рӯз кашол меёфт. Маърузаҳои сарварони Иттиҳоди шӯравӣ ва роҳбарони Ӯзбекистон кашол ёфта, тарҷумаи таъҷилиро талаб мекард. Ба қавли нависандаи халқӣ, шодравон Фазлиддин Муҳаммадиев, ки дар романи «Писари газета» арз мекунад, идораи рӯзнома ба хонаи дуюми кормандон табдил меёфт. Бо вуҷуди баъзе душворӣ ва муаммоҳо аз эҷодиёт ва муҳити аҳлу тифоқи идора лаззат мебурд.
Ҳар як иду рӯзҳои таърихӣ мутантан ҷашн гирифта мешуд ва дар рӯзҳои хурсандию лаҳзаҳои вазнин дастгирии ҳамдигарро ҳис мекард. 
Бо унвони «Журналисти шоистаи Ӯзбекистон» ва дигар мукофотҳои давлатӣ қадр гардид.
Аз соли 1992 то ба нафақа баромадан ҳамчун хабарнигори махсуси «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд кор кард. «Меҳратонро дареғ надоред», «Оби Раҳмат мадад мепурсад», «Сӯҳони умр», «Оилаи сермиллат», «Фоҷиа», «Тақ-тақи дарвоза» ва дигар мақолаву очерк ва гузоришҳои ӯ хеле муассир ва хотирнишин буданд. 
Муайяна Хоҷаева бобати баланд бардоштани савияи барномаҳои тоҷикӣ дар оинаи нилгуни Самарқанд низ саҳми арзанда гузошт. Таҷрибаи ғании худро ба ҷавонон ёд дод. Ба шогирдон ғайр аз чарх додани қалам некӣ кардан, дил ба даст овардан, одаму одамгирӣ, лутфу эҳсон, хоксорию росткорӣ барин хислатҳои инсониро омӯзонд. Имрӯзҳо онҳо аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ба рақами шинос занг зада, ҳолу аҳвол мепурсанд, аз саломатиаш огоҳ мегарданд.
Устоди арҷманд аз ҷамоаи рӯзномаи «Овози тоҷик» сипосгузоранд. Соле пеш гурӯҳи ходимон бо роҳбаладии ҷонишини сармуҳаррир Тоҷибой Икромов ба хонааш ташриф фармуда, дар атрофи як пиёла чой суҳбати дилнишину гуворо доштанд.
– Имрӯз ман боз бо супориши рӯзнома омадам, – мақсади омадани хешро гуфтам ба соҳибхона, – ба муносибати 100-солагии «Овози тоҷик» мехоҳам бо шумо суҳбат кунам.
– Як олам ташаккур, – мусоҳибам аз хурсандӣ чун гулҳои баҳорӣ шукуфт, – сипосгузорам аз сармуҳаррир Шерпӯлод Вакилов, инчунин шогирдон Шоҳқаҳҳор Салимов, Матлуба Шоалиева, Маъруф Отахонзода ва дигарон, ки ҳамеша занг мезананд, ё як сари қадам даромада ҳолу аҳвол мепурсанд. Аммо афсӯс мехӯрам, ки бисёр ёру дӯстон, ҳамкорону ҳамқаламон аз байн рафтанд. Шукри Худо, ки «Ризвон эрур Ватан», «Армуғони Васлӣ», «Тоҷи шараф», «Матонат», «Бӯстони меҳр» барин китобҳоям рӯйи чопро диданд.
Аз фурсат истифода бурда ҷамоаи рӯзномаи «Овози тоҷик»-и овозадорро бо ҷашни садсолагӣ табрику муборакбод мекунам, мехоҳам рӯзномаи азизи мо ба халқ ва кишвари маҳбубамон асрҳои аср хидмат кунад.
 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

Суратгир: Т. ХОВАРӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: