Дар Бухоро байни кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоят озмуни ҳудудии «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид.
Мақсад аз гузаронидани ин тадбир татбиқ намудани ғояи «Оилаи солим – ҷамъияти солим», пос доштан ва рушд додани арзишҳои оилавӣ, ба ҳаёти мустақилона тайёр кардани ҷавонон, боло бардоштани ҷаҳонбинӣ ва маънавияти онҳо, паҳн намудани таҷрибаи оилаҳои ибратбахш мебошад.
Дар озмун кормандони кулли соҳаҳои садорати корҳои дохилии вилоят бо оилаҳои худ иштирок карданд. Ба суханбаромадагон дар бораи ғамхориҳои давлат оиди дастгирии оила ва шароитҳои фароҳамовардашуда таваққуф намуданд.
Озмун байни ҳафт оила, ки ба марҳилаи вилоятӣ роҳхат гирифтаанд, аз рӯйи се шарт: «Шиносоӣ», «Оилаи ман», «Мо оилаи китобхонем» ба амал омад. Иштироккунандагони озмун дар ҷараёни қувваозмоӣ истеъдод ва маҳорати худро намоиш доданд. Ғолибон бо дипломҳои садорат, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофоти пулӣ тақдир ёфтанд.
Ин қабил озмунҳо баҳри пойдорию мустаҳкамии оила ва бархурдоршавӣ аз таҷрибаи пешқадам кумак мерасонад.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.