ДАР ДАВРАИ КАРАНТИН – БО «АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ»

Падарам сухани ҳикматноке дошт, модарам низ онро гоҳо ба забон меовард, боре аз даҳони бобоям низ шунидаам, ки ин аст: «Ҳамин дамро ғанимат дон, фалак шӯре наангезад».

Падарам сухани ҳикматноке дошт, модарам низ онро гоҳо ба забон меовард, боре аз даҳони бобоям низ шунидаам, ки ин аст: «Ҳамин дамро ғанимат дон, фалак шӯре наангезад». Дертар, вақте бо шеър сарукор доштам, пай бурдам, ки  он мисрае аз шеъри арӯзии тоҷик будааст дар вазни дубайтӣ. Вожаи «шӯр» маънии ошуфтагӣ, парешонӣ, фасод, вайронӣ ва фитнаро дорад. Хоҷа Ҳофиз низ вожаи «шӯр»-ро мавриди истифода қарор додааст. Мисол:
Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.
Коронавирус ё вируси тоҷдор шӯре буд, ки дар дили мардуми олам таҳлука андохт. Заводу корхонаҳо аз кор монданд, талафоти молию ҷонӣ зиёд мегардад, он дар дили мардум нигаронии гирифторӣ ба ин беморӣ ва хатари марг эҷод мекунад. Мутахассисон бар онанд, ки роҳи ягонаи пешгирии ин бемории сироятӣ дар хона будан, пӯшидани ниқоб, фосила нигоҳ доштан ва риоя кардан ба қоидаҳои гигиена мебошад. Бо назардошти ин ҳама давраи карантин идома дорад.
Сухан дар ин навишта аз пандемияи коронавирус нест, балки аз гузарондани вақт дар ҳолатҳои бекорӣ  аст. 
Солҳои донишҷӯйӣ «Ёддоштҳо»-и устод Айниро мутолиа намуда будам. Тасмим гирифтам, ки дар  давраи карантин онро бори дигар хонам. Аз он ки солам ба ҷое расида, доираи ҷаҳонбиниам як андак вусъат пайдо кардааст, ин хондан аз он хондан фарқи куллӣ дошт. Дарвоқеъ, ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвареро тавассути рӯзгор, рафтор, гуфтор ва кирдори шахсони таърихӣ ба қалам додан аз нависанда истеъдоди фавқулоддаро тақозо дорад. «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ  собит менамояд, ки ӯ нависандаи хеле бузург аст. Воқеан, қаламиҳои ӯ натанҳо ба бедории шуури миллати тоҷик, балки кулли халқҳои Осиёи Марказӣ ва дунё хидмат кардаанду мекунанд. Дар рафти мутолиа мисли ҳамеша дар зери ҷойҳое, ки ба дилу мафкураам наздик буданд, хат кашидам. Устод дар боби «Шарифҷон-махдум ва ҳамсуҳбатони ӯ», аз ҷумла, дар бораи шахси озодфикр ва рӯшодгӯйи охири садаи ХIХ Яҳёхоҷа маълумот медиҳад.
Дар таърихи давлатдории Ӯзбекистони навин (давраи шӯравӣ ва чанд даҳсолаи охир дар назар аст) Шавкат Мирзиёев  нахустин роҳбари давлате буд, ки  рӯ ба мансабдорони хурду бузург оварда гуфт: «На халқ ба идораҳои давлатӣ, балки идораҳои давлатӣ бояд ба халқ хидмат кунанд». Ин гуфта аз он гувоҳӣ медиҳад, ки то ин рӯзгор на идораҳои давлатӣ ба халқ, балки халқ ба идораҳои давлатӣ хидмат карда будааст.
Яҳёхоҷа аз он ки мансабдорони амир дар хидмати халқ нестанд, онҳоро чашми дидан надорад. Ба ин нукта мутаваҷҷеҳ бошед: «Боре Яҳёхоҷа ба ҳавлии Шарифҷон-махдум омад, ки дар хона чанд нафар шоирон нишаста буданд. Ӯ, баъди аз назар гузаронидани онҳо, ба соҳиби хона хитоб карда гуфт:
– Ту гӯл ҳастӣ, ки ин ғӯлҳоро ба атрофат ғундошта менишинӣ, ту гумон мекунӣ, ки  инҳо дар хонаи ту ҷамъ шуда мушоира намуда, аз якдигар чизе меомӯзанд. Аммо дар ҳақиқат  ин тавр не. Инҳо барои ошу нони туро хӯрдан ғун мешаванд, вагарна ба хонаи ман чаро намераванд, чунки дар он ҷо ошу нони барзиёд нест. 
Шарифҷон-махдум гуфт:
– Хуб, ман ба марҳамати шумо «гӯлӣ»-ро ба гардан гирифтам. Лекин шумо  ин бечорагонро, ки ба касе зарарашон нарасидааст, чаро ғӯл меномед?
– Ҳарчанд ки, – гуфт Яҳёхоҷа, – ҳоло инҳо ба назари кас фарзанди одам барин намоянд ҳам, дар оянда ғӯл мешаванд: ҳамин ки хатми дарс (мадраса) намуданд, дар пайи мансабгирӣ афтода, амиру вазиру қозикалонро мадҳгӯӣ мекунанд. Кадоми инҳо, ки дар дурӯғгӯӣ ҳунармандтар бароянд, дар ҷое қозӣ ё раис мешаванд ва дар он сурат на ғӯли оддӣ, балки ғӯли биёбонӣ мегарданд...»
Яҳёхоҷа боре бо Ҷӯрабек ном савдогаре дар ҳузури Шарифҷон-махдум суҳбат мекунад:
– Бедилро хондаед? – дубора савол дод Яҳёхоҷа.
– Дар мактаб хонда будам.
– Маънии шеърҳои Бедилро мефаҳмед? – гӯён Яҳёхоҷа савол дод ва ба ҷавоби Ҷӯрабек мунтазир нашуда гуфт:
– Не, намефаҳмед! Агар мурда бошад – марҳум ва агар зинда бошад – малъун домуллои мактабатон ҳам Бедилро намефаҳмад... 
Яҳёхоҷа сонияе сукут карда, боз давом намуд:
– Бедил дар яке аз шеърҳои оммафаҳмаш гуфтааст:
Кисаи ҳеч кас надид пурӣ,
То накард иртикоби кисабурӣ.
(Ин ҷо вожаи «иртикоб» ба маънии шурӯъ кардан, машғул шудан омадааст).
Яҳёхоҷа баъд аз хондани ин шеър аз Ҷӯрабек рӯ тофта ба Шарифҷон-махдум нигоҳ карда гуфт:
– Ман ба раис ва миршаби Бухоро ҳайронам, ки як бечораи пойбараҳнаро бо гуноҳи кисабурӣ дастгир карда, таъзир (дарразанӣ) намуда ҳабс мекунанд. Ва ҳол он ки кори кисабури оддӣ барор гирад, панҷ ё даҳ тангаи касеро аз кисааш мегирад... Аммо ба он гуна кисабурҳое, ки Бедил дусад сол пеш аз ин  ба пошнаи онҳо тамғаи кисабуриро задааст ва аз ин пеша садҳо ҳазор тилло ёфтаанд, кор надоранд. На танҳо кор надоранд, ҳатто инҳоро ҳурмат ҳам мекунанд...
– Туф ба ин кисабурон, ки калонашон ҷаноби олӣ аст! – гуфт ва аз суфаи меҳмонхона фуромада рафт...  
Чунин ба назар мерасад, ки то имрӯз Яҳёхоҷаҳои зиёде аз суфаҳои пасту баланд «туф ба кисабурон» гуфта, фуромада рафтаанд ва тӯли қарнҳо на мансабдорон ба халқ, балки халқ ба мансабдорон хидмат кардааст. Дур наравем, дар даҳсолаҳои охири аҳди шӯравӣ низ, бо вуҷуди он ки вазъи иқтисодӣ бад набуд, ҳама бо кор таъмин буданд, мардум ба дунболи рӯзӣ ба кишварҳои дурдаст намерафт..., деҳхудоён аз вазифа суиистифода мекарданд, мансабдороне билети ҳизб дар ҷайб хуни мардумро шуллуквор мемакиданд, чашмбандиву порахӯрӣ доман густурда буд. Ба баҳонаи роҳсозӣ ва таъмири ҷорию куллии биноҳои маъмурию хоҷагӣ ва дигар корҳои ободонӣ миллионҳо сӯми халқ рабуда мешуд, яъне чӯпон бо гург якҷоя рамаро медарид, мақомоти суду прокуратура бошад, бештар кисабурони оддиро ба ҷавобгарӣ мекашид...
Бубинед, порае аз асари як нависандаи бузург хонандаро фикран то куҷоҳо мебарад. Пас, китобҳои диниву дунявӣ натанҳо «аниси кунҷи танҳоӣ», балки «фурӯғи субҳи доноӣ» низ будаанд. 
Баъзе донишмандон инсонро ҳайвони ақлаш рушдкарда қаламдод кардаанд. Дарвоқеъ, то ба синни булӯғ расидан на ҳама рафтору кирдорҳои ин ҳайвони рушдкарда инсониянд. Воситаи ягонае, ки ӯро ба чаҳорчӯбаи инсонӣ медарорад, маърифат аст, ки он сарфи назар аз динӣ ва дунявӣ будан, аз китоб ҳосил мегардад. Шубҳае нест, ки торикиҳои зиндагиро чароғи маърифат рӯшан месозад, ба маънии густурдааш маърифат зиндагии боҳаловатро (комфорт) таъмин менамояд. Пас, аз ботлоқи бозмондагӣ моро на моддият, балки маънавият берун мекашидааст.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: