ЛУТФИЯИ БУХОРОӢ

Чанд моҳ пеш дар фазои маҷозӣ номи Лутфия Баҳроноваро гурӯҳи «Тоҷикони Ӯзбекистон» ҳамчун шоири навқалам ба ҳамзабонон муаррифӣ намуда буд.

Шоира Ӯғулой Ҷӯрабоева бо чанд сухани гарм қадамҳои ӯро ба олами шеър муборакбод гуфт:
«Як навиде аз Бухоро омадаст,
Баҳри шодии дили мо омадаст.
Лутфия – лутфи Худо, бо шеъри худ,
Чун ливое сӯи фардо омадаст.
Ба наздикӣ, пас аз хомӯшиҳои тӯлонӣ як нафар духтари Бухорои Шариф садо баланд карда, шеъри аввалини худро манзури мо намуд. Бигузор, дар осмони ин шаҳри аҷдодӣ чун ситорае дурахшон бошад».
Лутфия Баҳронова, соли 1976 дар деҳаи Алиёри ноҳияи Пешкӯи вилояти Бухоро чашм ба дунё кушода, пас аз хатми мактаби миёна таҳсилоти олиро солҳои 1994-1999 дар факултаи филологияи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бухоро фаро гирифтааст. Аз соли 1999 то 2005 дар мактаби миёнаи рақами 10-уми зодгоҳ ба донишомӯзон дарс гуфта, аз соли 2005 фаъолияти омӯзгориро дар мактаби рақами 8-уми ноҳияи Пешкӯ идома медиҳад. 
Шеърҳои Лутфия оганда ба дардҳои рӯзгори як зани бедор, як бонуи худшинос ва аҳли дил аст. Ва рӯзгор ба ивази ҳамин дардҳо ва андешаҳои созанда ба ӯ қалам додааст. Ин бону, ки ба мушкилиҳои зиндагӣ бо нерӯи шеърофараш ба муқовимат бархостааст, қавӣ аст, вагарна кайҳо худро ба амвоҷи барандаву шиканандаи зиндагӣ меандохту нопадид мегашт. Илоҳо, килки адабаш – асои Мӯсояш ва ниҳоли қаламаш дарахти муттакояш гардад, то дар ояндаи наздик аз файзи чашмаи шеърҳои хубаш боғи адаби Бухоро сабзу гулафшон гардад! Ва бо орзуи тандурустӣ, пешравию комёбӣ ин пораро ҳам армуғон месозем:
Лутфе кун, ай Худову дигарбора боз кун
Дарвозае ба сӯйи Бухорои нози мо,
Ин ҷодаро барои ҳунарофарандагон,
Кӯтаҳ накун, паст накун, 
Бар фароз кун.
Ояндагони аз тариқи шеъри порсӣ
Бо порсоӣ, бар мақоми меҳтаронро,
Сарфароз кун!

Дилшоди ФАРҲОДЗОД, 
шоир.

 

ДУ НАМУНА АЗ ШЕЪРИ ШОИР


ДАР ВАСФИ МОДАР

Он қадар бисёр бошад васфи ин шахси накӯ,
Дурри маъниҳо бисуфтанд эй басо дар ҳаққи ӯ.
Он яке гуфто, ки модар беҳ зи шамси ховар аст,
Дигаре гуфто, ки ӯ беҳтар зи моҳу ахтар аст.
Гавҳари ноёб бошад модари шабзиндадор,
Қуллаҳо андар хиҷолат пеши он сабру қарор.
Солҳо ташбеҳи ӯро менамоям ҷустуҷӯ,
Муъҷизотеро набинам ҳеч гаҳ монанди ӯ.
Нест ӯ хуршеду маҳ, болотар аз онон бувад,
Модари меҳнатқарин ибрат ба фарзандон бувад.
Офтобу моҳ хира пеши меҳри модарам,
Он ягона нури чашму ҳам ягона ахтарам.
Нест хушбӯтар  гуле чун ӯ ба боғи умри ман,
Беҳтарин, волотарин, ноёб гавҳар, дурри ман.

 

ДОД АЗ ДУРӮЯҲО

Аз ин ҷаҳон дилмон шудам,
Дар ҳасратам  пинҳон шудам.
Чун орзуҳо шуд сароб,
Дур аз чунин ёрон шудам.
Бар даст бигрифта қалам,
Аз доғи дил нолон шудам.
Андеша кардам аз қалам,
Аз гуфтанаш тарсон шудам.
Дасте биёмад сӯйи ман,
Аз ёриаш шодон шудам.
Шояд, ки аз зулмат равам,
Як меҳрро ҷӯён шудам.
Ишқе буд андар шоирӣ,
Бар боғи ӯ меҳмон шудам.
Чанде бигуфта байтҳо,
Бар доми бадхоҳон шудам.
Ҳайҳот, андар нимароҳ,
Қурбони бадбинон шудам.
Аз ғайбату аз фитнаҳо,
Афсурдадил ҳайрон шудам.
Аз мардуми зишту дурӯ,
Хуниндилу гирён шудам.
Аз ёру аз ағёр дур,
Безори номардон шудам.
Сад бор нопайдову гум
Аз шарти бадхоҳон шудам.
Аз ғайбати иғвогарон
Дар байтҳо пинҳон шудам.
Раҳме ба ҳолам кун, Худо,
Саргаштаву сарсон шудам.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: