РОҲИ СИМТАНОБ ВА ИСТГОҲИ МОШИНҲО

Дар ноҳияи Зомин бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ фаъолияти дирексияи ҳудуди сайёҳӣ-рекреатсионии «Зомин» ба роҳ монда шуд. Барои созмон додани ин ҳудуд 2007 гектар майдони замин ҷудо карданд.

Мувофиқи нақшаи ҳудуди сайёҳӣ-рекреатсионӣ  сохтани  объектҳои  қиматаш 2,8 трлн. сӯмина дар назар дошта шуда буд. Кохи  анҷуманҳои дорои 225 ҷой, маркази дилхушкунии оилавӣ, 4 меҳмонхонаи чорситорадор ва 7-тояш сеситорадор, роҳи замонавии симтаноби панҷсамта, 7 тарабхона ва қаҳвахона, шоҳроҳи кӯҳии лижатозии дарозиаш 8 километр ва 13-то атраксиони тобистона низ аз ҳамин ҷумлаанд.
Ба наздикӣ дар ҳудуди сайёҳии «Зомин» роҳи замонавии симтаноб ва истгоҳи бисёрошёнадори мошинҳо сохта, ба истифода супурда шуд.
Дарозии роҳи симтаноби «Зомин» 2640 метр буда, аз 12 манора иборат аст. Он аз 11 дона сутун ташкил ёфтааст. Баландии манора 35 метрро ташкил медиҳад. Гардиши калони роҳи овезон 42 градус мебошад.
Дар асоси дизайни замонавӣ  ба шоҳраги овезон 36-то хонача (кабина) муҷаҳҳаз карда шудааст. Якбора то 1200 нафар мизоҷро қабул карда метавонад.
Ҳамчунин барои ба  мизоҷон қулаӣ фароҳам овардан дар қисми поёнии роҳи симтаноб истгоҳи автомобилҳои иборат аз панҷошёна сохта шудааст.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: