«ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАМ, ҲАМЕША БО ВАТАН МАСРУР»

Ба зодрӯзи арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо, барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру, ҷоизаҳои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, тарҷумон ва шоири шаҳир, устод Мирзо Турсунзода 113 сол пур мешавад.

Устод Турсунзода Ватанро, ки муқаддастарин мафҳум аст, бо нерӯи хирад ва санъати олии шоирӣ сароидааст. Устод Турсунзода чун гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан буд.
Аз зиндагиномааш пайдост, ки устод бе ёди Ватан нафас накашида ва бе амри он ба ҷое гом набардоштааст. Байти зерини ӯ аз достони «Ҷони ширин» ин фикрро собит менамояд:
Мо сафар дорем бо 
амри Ватан,
Бо супоришҳои халқи 
хештан.
Шеърҳои ватанхоҳонаи устод Турсунзода аз лиҳози санъату мазмун баланданд.
Шеъри ӯ шеърест, ки тавассути муҳаббат ба Ватан, модар касро ба сӯйи худшиносӣ мехонад. Устод Турсунзода ҳамеша бо Ватан буда, ба васфи он як умр чун парниён шеъри нафис мегуфт ва худ ба мафҳуми муқаддаси Ватан омезиш меёфт.
Ӯ бо амри Ватан ба гӯшаҳои дури дунё сафар мекард, ҳангоми бозгашт ба марзи Ватан расида, хоки онро гаштаю баргашта мебӯсад:
Чун ниҳодам пойи худро бар 
сари хоки Ватан,
Борҳо бӯсидам аз рухсораи 
поки Ватан.
Мо дар осори шоир ба шеърҳое дучор мешавем, ки дар онҳо дилбастагии шоир ба кӯҳу дарёҳое, ки як ҳиссаи Ватани азизи ӯянд, эҳсос карда мешавад. Устод Мирзо Турсунзода дилдодаи дарёи Варзоб буд, ҳамон рӯде, ки cap ба санг зада, сӯйи Душанбе медавад. Шоири ошиқ ва дилдодаи обу хоки Ватан шеърҳои «Рӯди кӯҳӣ» (соли 1959), «Оби Душанбе» (соли 1963), «Рӯди ман» (соли 1966) ва «Таронаи рӯд» (соли 1968)-ро эҷод кардааст. Дар ин шеърҳо шоир бо рӯд гуфтугӯ мекунад.
Баҳор омад, зи умрам боз як 
соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндагӣ оҳиста аз 
пеши назар бигзашт.
Ба мисли гӯшту нохун 
ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри 
беҳтаринам дар сафар 
бигзашт.
Дар мисраи сеюм бо таъбири халқии «гӯшту нохун», ки аз ҳам ҷудо нестанд, вахдату ягонагии шоир бо Ватан хуб ифода ёфтааст. Дар хориҷи Ватан ишқи он   ба адиби мубориз неруи тоза мебахшад. Ниҳоли умеди ватанпарварии адиб дар пардаи ҳарири хаёлу ҳавои Ватан нашъунумӯъ дорад. Ин аст, ки адиби суфтасухан ва бо таъбири устод Соҳиб Табаров, «саҳли мумтанеъгуфтор», барои хонанда бо сухану тафаккури олӣ дурри Адан ё дурри сухан суфтааст:
Ватан, дар ҳар куҷо омад 
ба cap форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯйи уқёнус 
бишнидам садои ту.
Агарчи дар миён тӯфону 
мавҷи баҳрҳо буданд.
Вале омад ба гӯши ман 
садои рӯдҳои ту.
Эй кош, ҳар як фарди тоҷик аз устод Турсунзода ибрат гирифта ба миллату Ватан ҷонфидо мебуд.
Мо аминем, ки ғояҳои ватанпарваронаи ашъори устод Мирзо Турсунзода то абад дарси ватандорӣ ва хештаншиносӣ барои хурду калон ва пиру ҷавон  мегарданд. 

Шервони УМРИДДИН,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: