Президент бо фаъолони маҳалла суҳбат кард

  • Президент бо фаъолони маҳалла суҳбат кард
  • Президент бо фаъолони маҳалла суҳбат кард
  • Президент бо фаъолони маҳалла суҳбат кард
  • Президент бо фаъолони маҳалла суҳбат кард
  • Президент бо фаъолони маҳалла суҳбат кард

Президент Шавкат Мирзиёев ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Тошканд”-и ноҳияи Ҷомбойи вилояти Самарқанд ташриф овард.

 Дар ин ҷо зиёда аз 4 ҳазор нафар одамон зиндагӣ мекунанд. Зиёда аз даҳ мағоза, нуқтаҳои хидмати маишӣ, ошхона ва сехи қаннодӣ фаъолият доранд. Мактаби дорои ҳазор ҷой, мактаби мусиқӣ, боғчаи бачагон барои 600 ҷой ҳаст. Дар маркази таълимӣ, ки дар гузари маҳалла ташкил шудааст, занони бекор ҳунари дӯзандагӣ меомӯзанд.

Чунон ки маълум аст, дар мамлакати мо низоми нави кор дар қисмати маҳалла ҷорӣ карда шудааст. Дар 38 маҳаллаи ноҳияи Ҷомбой низ ёварони ҳоким ва пешвоёни ҷавонон таъин шудаанд. Президент бо онҳо суҳбат кард.

Ёварони ҳоким ва пешвоёни ҷавонон оид ба натиҷаҳои омӯзиш дар маҳаллаҳои худ, нақшаҳои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта суханронӣ намуданд. Зимнан зикр гардид, ки аъзоёни оилаҳои ниёзманд ба касбу кор ва соҳибкорӣ омӯзонида шуда, ҷалби қарзҳои имтиёзнок ва субсидияҳо барои шуғли онҳо, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои шуғл варзидан бо хоҷагии деҳқонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Имсол барои рушди соҳибкорӣ ва таъмини шуғл дар ноҳияи Ҷомбой ҷудо кардани  62 миллиард сўм қарзҳои имтиёзнок ва 4,5 миллиард сўм субсидия пешбинӣ шудааст, ки тавассути низоми “маҳаллабай” тақсим карда хоҳад шуд.

Дар суҳбат инчунин дар бораи аҳамияти пурмазмун ташкил кардани истироҳати  ҷавонон, ба шуғлварзӣ бо варзиш васеъ чалб намудани онҳо, дар рӯҳи ватандӯстӣ тарбия кардан сухан рафт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: