СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ҶАМЪОМАДИ ШӮРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ СОЗМОНИ КИШВАРҲОИ ТУРКӢ

Муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо!

Дӯстони азиз!
Аз дидани шумо дар шаҳри Самарқанд – яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, ки дар чорроҳаи Роҳи бузурги абрешим ҷойгир шудааст, ба ман қаноатмандии бузург мебахшад.
Ба ҳамаи шумо барои иштирокатон дар нишасти созмони мо, ки номи нави Созмони давлатҳои туркиро гирифтааст, изҳори сипос мекунам.
Хуш омадед ба Ӯзбекистон, дӯстони азиз!
Муҳтарам иштирокчиёни вохӯрӣ!
Пеш аз ҳама ба Шумо барои дастгирии ташаббус дар бораи Пойтахти тамаддуни туркӣ эълон намудани шаҳри Самарқанд, ки рамзи сулҳу дӯстӣ, маркази илму маърифат мебошад, самимона ташаккур мегӯям.
Тавре маълум аст, сарзамини бостонии туркӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо Шарқу Ғарбро ба ҳам пайваста, тамаддунҳои ҷаҳониро наздик карда, фарҳангҳоро ғанӣ гардондааст.
Мо бо аҷдодони бузурги худ, ки дар таърихи қадимаи ҷаҳони турк саҳифаҳои дурахшон навиштаанд, ба таври одилона ифтихор мекунем.
Барои ҳамаи мо нигоҳ доштани мероси бебаҳои онҳо, амиқ омӯхтан ва ба авлоди оянда расондани  онҳо вазифаи муҳимтарин ба ҳисоб меравад. 
Ҷанбаи дигари муҳими нишасти имрӯза ин аст, ки оилаи туркии мо, ки таърихи чандинҳазорсола дорад, дар чаҳорчӯби созмони навшуда дар чунин таркиб ҷамъ омаданд.
Шубҳае нест, ки мо якҷоя бо шиори «Давраи нави тамаддуни туркӣ: дар роҳи пешрафти муштарак ва шукуфоӣ» ба марҳилаи комилан нави рушд қадам мезанем.
Ҳамкасбони муҳтарам!
Ба рӯзномаи ҷамъомад масъалаҳои мубрамтарини муносибатҳои бисёрҷанбаи мо дохил шудаанд. Боварӣ дорам, ки имрӯз мо ҳолати кунунӣ ва пешомад, самтҳои устувори ҳамкории бисёрҷонибаро ҳамаҷониба муҳокима намуда, қарорҳои муҳим қабул мекунем. 
Мехостам инчунин қайд намоям, ки масъалаҳо, ҳуҷҷатҳо ва барномаҳои консептуалӣ, ки ба рӯзнома дохил шудаанд, ташаббусҳои муҳимтарини мо ба Мақсадҳои рушди устувори Созмони Миллали Мутаҳид ҳамоҳанг мебошанд. 
Муҳтарам сарони ҳайатҳои вакилон!
Имрӯз ҳамаи мо бо чолишҳои мураккабе, ки бо муқовимати афзояндаи геосиёсӣ, оқибатҳои манфии бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва тағйирёбии иқлим алоқаманданд, дучор омадаем. Аз ин рӯ, дар вазъияти имрӯзаи ташвишовар муайян кардани равишҳои умумӣ ва мутобиқ намудани ҷидду ҷаҳд дар ҳалли мушкилоти муҳимтарин барои мамлакатҳои мо ниҳоят муҳим аст.
Мо ба шарофати дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарӣ ҳар гуна душвориро бартараф карда метавонем.
Мехоҳам таъкид намоям, ки тайи як соли охир дар давраи раёсати Туркия дар Созмони мо корҳои назаррас ва гуногунҷанба анҷом дода шуда, ҳамкориҳои мо боз ҳам бештар густариш ёфтанд.
Ӯзбекистон дар доираи раёсати худ ният дорад консепсияи «Нигоҳи ҷаҳони туркӣ – 2040» ва Стратегияи панҷсолаи Созмони давлатҳои туркиро, ки имрӯз қабул шуда истодааст, самарабахш татбиқ намояд, нуфузи созмонро таҳким бахшад, ки минтақаи васеъро бо аҳолии беш аз 170 миллион нафар фаро мегирад, аз ҳама муҳимаш, ҳамкориҳои кишварҳо ва халқҳои бародарии мо, ки таъриху забон ва фарҳанги муштарак доранд, ба сатҳи боз ҳам баландтар барорад.
Ҳамкасбони муҳтарам!
Дар рафти омодагӣ ба нишаст мо фаъолияти Созмони худро чуқур таҳлил кардем.
Қайд кардан зарур аст, ки дар роҳи инкишоф додани муносибатҳои бисёртарафаи байни мамлакатҳои мо якҷоя кори назаррас ба ҷо оварда шудааст. Дар баробари ин бояд иқрор шуд, ки иқтидор ва имкониятҳои бузурги мо пурра истифода бурда намешаванд.
Пеш аз ҳама мустаҳкам намудани асосҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба мақсад мувофиқ аст.
Савдои байниҳамдигарии мамлакатҳои мо ҳамагӣ 4 фоизи ҳаҷми умумии савдои беруниро ташкил медиҳад. Қисми боқимонда ба кишварҳои сеюм рост меояд. Албатта, ҳеҷ кадоми мо аз ин аҳвол қаноатманд шуда наметавонем.
Илова бар ин, дар савдои байни мамлакатҳоямон баъзе тарифҳои гумрукӣ баланд боқӣ мемонанд.
Бо мақсади ба куллӣ тағйир додани вазъ дар ин самти стратегӣ, таъмини пешбурди озоди савдо, сармоягузорӣ ва хизматрасонӣ мо ташаббуси дар доираи Созмон таъсис додани «Фазои имкониятҳои нави иқтисодӣ»-ро пеш мегузорем.
Барои амалӣ намудани ин нақша пешниҳод менамоям, ки ҳар сол Форуми иқтисодии байналмилалии туркӣ бо иштироки фаъоли кишварҳои узв ва нозирони Созмон, инчунин намояндагони бонуфузи тиҷорати ҷаҳонӣ баргузор шавад.
Баргузории чорабиниҳои муштарак дар доираи форум дар формати “давлат ва соҳибкорӣ”, баргузории мулоқотҳои соҳибкорон ва «мизҳои мудаввар», муаррифии лоиҳаҳои инноватсионӣ ва намоишгоҳҳо натиҷаи бузурги амалӣ хоҳанд дод. Бинобар ҷамъбасти ин чорабиниҳо ҳар сол қабул кардани «харитаҳои роҳ», ки ба татбиқи барнома ва лоиҳаҳои муштарак нигаронда шудаанд, муҳим аст. 
Чорабиниҳои мазкур, пеш аз ҳама, ба куллан афзун гардондани ҳаҷми савдои тарафайн ва якҷоя баромадан ба бозорҳои кишварҳои сеюм, фароҳам овардани занҷири беисти арзиши иловагӣ, кластерҳои баландтехнологӣ ва ширкатҳои венчурӣ нигаронда шудаанд.
Мо инчунин таклифи ба кор андохтани фонди муштараки сармоягузориро комилан дастгирӣ мекунем.
Масъалаи дигари мубрами рӯзномаи дорои аҳамияти стратегӣ ин таҳкими робитаи байниҳамдигарӣ дар соҳаи нақлиёт мебошад.
Аз ҷумла, дар бораи долони байналмилалии Фарокаспӣ бисёр ҳарф мезанем, вале барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас, мо бояд корҳои зиёдеро анҷом диҳем. Масалан, Ӯзбекистон 10 дарсади борҳои тиҷорати хориҷии худро тавассути ин долон интиқол медиҳад.
Барои пурра истифода бурдан аз иқтидори нақлиётию транзитии мо ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан муҳим аст: кадом чораҳои дақиқро бояд андешид, боз чӣ гуна тадбирҳо лозиманд, онҳо дар кадом муҳлат ва аз тарафи кӣ ба амал бароварда мешаванд?
Вобаста ба ин, мо пешниҳод менамоем, ки вазирони нақлиёти мо то охири сол дар асоси Барномаи имрӯз қабулшуда нақшаи муфассал ва механизмҳои самарабахши ҳамкорӣ таҳия кунанд.
Бояд ба баланд бардоштани рақобатпазирии долонҳои транзитӣ дар минтақаи мо, ҷорӣ намудани тарифҳои мусоидтарин барои соҳибкорӣ, бунёди инфрасохтори муосири нақлиётӣ таваҷҷуҳи асосӣ дод.
Ҳамзамон, мо аз кишварҳои узви Созмон даъват менамоем, ки ба низоми табодули электронии иҷозатномаҳо дар соҳаи нақлиёт, ки ба қарибӣ байни Туркия ва Ӯзбекистон ҷорӣ шудааст, ҳамроҳ шаванд.
Аввалин форуми кишоварзии туркӣ, ки имсол дар Тошканд баргузор шуд, иқтидори бузурги таъмини амнияти озуқавориро равшан нишон дод.
Созмон имконият дорад, ки натанҳо мамлакатҳои мо, балки бозорҳои хориҷиро бо маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва озуқаворӣ таъмин намояд. Мо бояд кори амалии муштаракро дар ин самт пурзӯр намуда, ҳамкориҳоро дар асоси лоиҳаҳои мушаххас амиқтар гардонем.
Аз ҷумла, инҳоро пешниҳод менамоям.
Якум, вақти он расидааст, ки дар доираи Созмони мо созишномаи бисёртарафа дар бораи созмон додани низоми самарабахши таъминоти озуқаворӣ, бо назардошти  эҳтиёҷоти бозорҳои ҷаҳонӣ ва дохилӣ, инчунин имкониятҳои истеҳсолии мамлакатҳои мо қабул карда шавад.
Дуюм, бо мақсади ба соҳа бо суръат ҷорӣ кардани инноватсияҳо, донишҳои замонавӣ ва технологияҳои пешқадам ба роҳ мондани шарикии васеъмиқёс байни Созмони давлатҳои туркӣ ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид  муҳим мебошад.
Сеюм, дар асоси таҷрибаи мусбат мунтазам Форуми кишоварзии туркӣ ва дар доираи чорабинии дуюмини ин формат намоишгоҳи байналмилалии «кишоварзии оқил» гузаронда шавад. 
Муҳтарам иштирокчиёни нишаст!
Бо пешниҳоди Ӯзбекистон соли 2022 дар Созмони кишварҳои туркӣ Соли дастгирии ташаббусҳои ҷавонон эълон шуд. Шаҳри Бухоро мақоми пойтахти ҷавонони ҷаҳони туркро гирифт.
Мо ният дорем корҳои наҷиби оғознамудаамонро оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи авлоди ҷавон, ба рӯи об баровардани истеъдод ва амалӣ намудани иқтидори онҳо пайваста идома диҳем. 
Соли оянда пешниҳод мекунам, ки дар кишварамон Конгресси байналмилалии илм ва инноватсияи ҷавонони ҷаҳони турк баргузор шавад.
Дар майдони он мо ба нақша гирифтаем, ки вохӯриҳои вазирони инноватсия ва таълим, ректорони мактабҳои олӣ ва пешвоёни ҷавон, ҷавонписарону духтарони боистеъдод ва пирони Созмонамонро ташкил намоем.
Бо мақсади ба низом даровардани ин кор ва таъмини самаранокии он пешниҳод мекунем, ки вазифаи муовини Котиби генералии Созмони оид ба кор бо ҷавонон ҷорӣ карда шавад.
Самти дигари афзалиятнок таъмини амният дар минтақаи мост.
Вақтҳои охир муташанниҷ гардидани муноқишаҳо дар манотиқи мухталифи сайёра ба амнияти умумии ҷаҳони туркӣ таъсир мерасонад.
Дар чунин шароити душвор сохторҳои қудратӣ ва сохторҳои махсуси мо бояд дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, радикализатсияи ҷавонон, савдои одам, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дар самтҳои таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва бехатарии киберӣ дар тамос бошанд ва ҳамкориро тақвият бахшанд.
Мо ҳамчунин омодагии худро барои баргузории нишасти навбатии котибони Шӯроҳои амнияти кишварҳои узви ин созмон дар Ӯзбекистон изҳор менамоем.
Диққати шуморо ба масъалаи дигари мубрам ҷалб карданиам.
Албатта, имрӯз ҳамаи мо аз вазъияти Афғонистони ҳамсоя ба таври ҷиддӣ нигарон ҳастем.
Масъалаи танзими вазъияти ин мамлакат набояд аз доираи диди мо берун равад.
Мо тарафдори гуфтушуниди мунтазами байни вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмон бо мақсади таҳияи муносибатҳои умумӣ оид ба масъалаи Афғонистон мебошем.
Дӯстони азиз!
Имрӯз ман бо камоли мамнуният ба шумо хабар медиҳам, ки Ӯзбекистон узви комилҳуқуқи Созмони байналмилалии фарҳанги туркӣ гардид.
Мо пешниҳоди дар соли оянда дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди Созмон  баргузор намудани Ҷашнвораи фарҳангии халқҳои туркзабонро комилан ҷонибдорӣ мекунем.
Мо ба қарибӣ маҷмӯаи 100-ҷилдаи «Дурдонаҳои адабиёти турк»-ро ба забони ӯзбекӣ ба табъ расондем, ки дар он беҳтарин намунаҳои адабиёти мамлакатҳо – аъзо ва нозирони Созмони мо гирд оварда шудаанд. Агар мо ин ганҷи бебаҳои маънавиро ба забонҳои ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ ва нозирон нашр кунем, он заминаи мустаҳкаме барои ба ҳам наздик шудани кишварҳои бародарамон, бахусус насли наврас мегардад.
Мо беҳад шодем, ки дар доираи мулоқот бори аввал Ҷоизаи байналмилалии ба номи Алишери Навоӣ, шоир, мутафаккири бузург ва арбоби давлатӣ, ки  ба таҳкими ваҳдати дунёи туркӣ саҳми бебаҳо гузоштааст, тантанавӣ супурда шуд. 
Умедворам, ки шумо пешниҳоди моро дар бораи ҳар сол додани ин ҷоизаи байналмилалӣ дастгирӣ хоҳед кард.
Муҳтарам сарони ҳайатҳо! 
Вазифаи аз ҳама муҳими мо аз он иборат аст, ки фаъолияти Созмони давлатҳои туркӣ ба сатҳи сифатан нав бароварда, нуфузи онро афзун гардонем, иқтидори ҳамкориҳоямонро пурра ба кор андозем, иҷрои қарору созишномаҳои қабулнамудаамонро таъмин кунем.
Таҳти шиори Созмон сохтору механизмҳои мухталиф таъсис дода шуда, дар сатҳи вазирон мулоқотҳои зиёд, дигар чорабиниҳо гузаронда мешаванд. Аммо бояд эътироф кард, ки барои таъмини ҳамоҳангсозии системавии онҳо ва ноил шудан ба самаранокӣ бояд корҳои зиёдро анҷом дод. 
Ба фикрам бояд ҷидду ҷаҳдро  бо он муттаҳид кард, то ки Созмони мо дар оянда дар асоси низоми комилан нави самарабахш кор кунад. 
Бо ин мақсад пешниҳод мекунем, ки дар Созмон ислоҳоти институтсионалӣ анҷом дода шавад. Пеш аз ҳама – дар сатҳи вазирон дар соҳаҳои афзалиятнок – сиёсат ва амният, тиҷорат ва сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, энергетика, технологияҳои иттилоотӣ, сайёҳӣ, инноватсия ва таълим, тиб, ҷавонон ва ғайра кумитаҳои алоҳида тасъсис дода шаванд.
Иштироки фаъолонаи коршиносону олимон, намояндагони секторҳои давлатию хусусӣ бешубҳа, самараи бештар мебахшад. 
Дар баробари ин замон тақозо мекунад, ки нақш ва аҳамияти Котиботи Созмони мо қатъиян баланд бардошта шавад. Он бояд дар ҳар соҳа кори самарабахш ташкил карда, қувваи тавонои ҳамкории пурсамари бисёртарафаи мо гардад. 
Умедворам, ки боназардошти фикру мулоҳизаҳои имрӯз баёншуда мо дар нишасти оянда сохтори нави Котиботро тасдиқ мекунем.
Боз як масъалаи дигар ба пурзӯр намудани низоми назорати қатъӣ аз болои тамоми қарору ҳуҷҷатҳои қабулкардаи сарони давлатҳо дахл дорад. Ба фикрам мо бояд ба ин ҷараён Шӯрои пирони Созмонамонро ҷалб кунем, таҷриба ва дониши ғании онҳоро истифода барем. 
Дӯстони азиз!
Дунёи турк таърихи бузурги шоистаи таъриф, аҷдодони бузург ва сарвати бемисл дорад.
Ва ман мутмаинам, ки ҷаҳони турк ояндаи бузург дорад.
Мо ин ояндаро ҳатман бо ҳамроҳии халқи меҳнатдӯст, саховатманд ва наҷиби худ бунёд мекунем.
Нишасти мо дар шаҳри бостонии Самарқанд оғози марҳилаи нави рушди тамаддуни ҷаҳони туркӣ дар таърихи муосир хоҳад буд. 
Имрӯз Изҳороти Самарқанд қабул карда хоҳад шуд, ки дар он ин фикри наҷиб ифода меёбад. 
Инчунин мехостам барои дастгирии пешниҳоди мо дар бораи дар Созмони мо Соли рушди тамаддуни туркӣ эълон кардани соли 2023 миннатдорӣ изҳор намоям.
Муҳтарам иштирокдорони нишаст!
Аз фурсат истифода бурда, аз номи ҳамкасбони худ мехостам ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қасим-Ҷомарт Кемелевич Тоқаев ва халқи дӯсти Қазоқистон дар баргузории чорабинии муҳими сиёсии дарпешистода – интихоботи президентӣ муваффақият орзу намоям. 
Итминони комил дорем, ки мардуми хирадманди Қазоқистон барои идомаи минбаъдаи ислоҳоти муҳими татбиқшаванда, барои сулҳу пешравии кишвари худ овоз хоҳанд дод. 
Дар хотима мехостам ба ҷаноби Бағдод Амреев, ки ба сифати Котиби генералии Созмони мо фаъолияташро ба итмом мерасонад, изҳори сипос намоям. 
Ба шумо дар фаъолияти минбаъдаатон муваффақият орзу менамоям. 
Инчунин Котиби генералии нав, дипломати соҳибтаҷриба, ҷаноби Кубаничбек Омуралиевро самимона муборакбод менамоям. 
Дар кори масъулиятнокатон муваффақиятҳои калон орзумандам. 
Барои эътиборатон ташаккур.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: