Лоиҳаҳои сармоягузории дар вилояти Хоразм ба нақша гирифташуда муаррифӣ шуданд

  • Лоиҳаҳои сармоягузории дар вилояти Хоразм ба нақша гирифташуда муаррифӣ шуданд

Сарвари давлат бо муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар вилояти Хоразм шинос шуд.

Барои вилоят дар якҷоягӣ бо сармоягузорони хориҷӣ дар соҳаҳои калидии саноат, аз қабили мошинсозӣ, шаҳрсозӣ, кимиё, истеҳсоли нассоҷӣ, масолеҳи сохтмон, тиб, саноати хӯрокворӣ даҳҳо лоиҳаҳо ташаккул меёбанд. Дар тақдимот дар бораи 18 лоиҳаи арзиши умумиашон беш аз 660 миллион доллар маълумот дода шуд.

Аз ҷумла, лоиҳаҳои истеҳсоли мошинҳои боркаши барқӣ, сулфати никелӣ барои аккумуляторҳо, шишаҳои меъморӣ, зарфҳои шишагӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти рангу лак ва матоъҳо таҳия мешаванд, ки ба рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа таъсири назаррас расонида, ҳазорҳо ҷойҳои корӣ фароҳам меоранд. Сохтмони мехмонхонаҳо, беморхонаҳо, муассисаҳои фароғатӣ ва роҳҳо, инкишофи туризми экологӣ ва моҳипарварӣ боиси беҳтар шудани некуаҳволии аҳолӣ мегардад.

Сарвари давлат бо ташаббускорони ин лоиҳаҳо – сармоягузорони хориҷӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ суҳбат кард. Самаранокии иқтисодии лоиҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба тезонидани онҳо ва фароҳам овардани шароити иловагӣ барои соҳибкорон дастуру супоришҳо дода шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: