Дар Тошканд илова-роҳнамо оид ба меъмории модернизм роҳандозӣ гардид

Дар пойтахт замимаи Tashkent Modernism ба кор даромад, ки бисту як объекти модернизми Тошкандро дар як хатсайри онлайн муттаҳид кардааст.

Барнома имкон медиҳад, ки бо ёдгориҳои меъмории шаҳри Тошканд, ки солҳои 1964-1994 сохта шудаанд, шинос шавед.

Шумо метавонед аз нуқтаи дилхоҳи шаҳр ба тадқиқи биноҳои модернистӣ шурӯъ кунед: барнома ба шумо дар куҷо будани объекти наздиктаринро ишора мекунад ва барои дарёфти хатсайр ба он кумак мекунад.

Шиносоӣ бо меъморӣ аз рӯи маршруте сурат мегирад, ки Фонди рушди фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон якҷоя бо бюрои Laboratorio Permanente таҳия кардааст.

Масир барои сайёҳон ва тадқиқгарони синну сол ва сатҳи донишашон дар бораи меъморӣ гуногун мувофиқат мекунад. Ба шарофати GPS-навигатсия илова ҷойгиршавии ҷуғрофии корбарро муайян мекунад ва хатсайрро аз нуқтаи наздиктарин пешниҳод мекунад.

Замимаи Tashkent Modernism бо се забон бо фото ва видеои иловагии архивӣ таҳия шудааст ва барои корбарони iOS ва Android дастрас аст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: