Президентҳои Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Куриё нақшаҳои минбаъдаи густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаро баррасӣ карданд

21 ноябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Куриё Юн Сок Ёл мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии махсус, инчунин густариши ҳамкории гуногунҷанба байни Ӯзбекистону Куриёи Ҷанубӣ баррасӣ шуданд.

Ба татбиқи амалии созишномаҳое, ки дар рафти мулоқоти роҳбарони ду кишвар дар ҳошияи ҷамъомади Ассамблеяи генералии СММ моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк ба даст омадаанд, таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Аҳамияти идомаи робита ва табодули фаъол дар шаклҳои мухталифи ҳамкорӣ таъкид гардид.

Аз суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои кооператсияи ширкатҳои пешрафта ва ташаккули барномаи нави шарикӣ бо институтҳои бонкиву молиявии Куриёи Ҷанубӣ манфиатдорӣ изҳор карда шуд. Ҷиҳати то охири соли ҷорӣ баргузор намудани ҷамъомади муштараки Кумитаи байниҳукуматӣ мувофиқа ҳосил шуд.

Президентҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Куриё инчунин ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаи сатҳи олиро баррасӣ карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: