ДАР ОРЗУИ ЗИНДАГИИ БАРОҲАТ

Зарурати такмил додани қонунҳоро ҳаёт ба миён мегузорад.

 Бо мурури вақт Конститутсия — Қонуни Асосии ҳар як мамлакат низ ба таҷдиди назар ва такмил  ниёз дорад. Мутахассисони соҳа — ҷомеашиносон бар онанд, ки агар Қонуни Асосӣ, бо назардошти фикри аҳолӣ, баъди муҳокимарониҳои тӯлонӣ, қабул карда шавад, мукаммалтар мегардад. Таҷриба нишон медиҳад, ки конститутсияи кишварҳои пешрафтатарин низ дар тӯли зиндагӣ на як бору ду бор кор хӯрдаанд. Фикр мекунам, Конститутсияи дарамалбудаи кишвари мо дар шароите қабул карда шуд, ки мо таҷрибаи зиндагӣ дар ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ надоштем. Инак, ҳоло ҳаёт тақозо дорад, ки баъзе бобу бандҳои он такмил дода шавад.
Ин ҷонибро, ки мансуб ба қавми (миллат) тоҷики ҷумҳурӣ ҳастам, бештар моддаи 4-уми ин қонуни тақдирсоз мутаваҷҷеҳ месозад. Дар он, аз ҷумла, гуфта шудааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон забони ӯзбекӣ мебошад. Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба забон, урфу одат ва анъанаҳои ҳамаи миллату халқиятҳое, ки дар қаламрави Ӯзбекистон умр ба сар мебаранд, ғамхорӣ зоҳир менамоянд, барои рушди онҳо шароит фароҳам меоварад».
Тӯли қариб 30 сол дар мамлакатамон ин модда амал кард. Вале, фикр мекунам, натиҷаи матлуб надод. Агар инро дар мисоли халқи таҳҷойӣ – тоҷикон гирем, ба сабаби набудани шароит — дигар будани забони таълиму тарбия дар муассисаҳои таълими томактабӣ, набудани тест дар муассисаҳои таълими олӣ падару модарон аз ноилоҷӣ ихтиёр кардаанд, ки фарзандонашонро ба мактабҳои ӯзбекиву русӣ супоранд. Вақте инҷониб аз падару модароне, ки нангу номуси миллӣ доранд, пурсидам, ки чаро ин корро мекунед, дидаву дониста ба решаи асолати худ теша мезанед, ҷавоб ин буд, ки фарзандонашон баъди хатми мактаб ба куҷо мераванд, роҳи Тоҷикистон баста аст, дипломҳои муассисаҳои таълими олии кишвари ҳамсоя (мушкилоти нострификатсия) ба кор намеомадаанд. Дар муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон, ба ҷуз чанд гурӯҳаке, ки дар ду-се муассисаи таълими олӣ омӯзгор тайёр мекунанд, гурӯҳҳои тоҷикӣ вуҷуд надоранд. Мактабҳои тоҷикӣ ба китоб ва кадрҳои педагогӣ ниёз доранд ва ҳоказо.
Фикр мекунам, ин моддаро бояд мушаххастар кард. Ибораи «Ҷумҳурии Ӯзбекистон» чиро дар назар дорад? Президент, Сарвазир, вазирон ё мансабдорони дигарро? Агар дар паси ибораи «Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мансабдорони зикргардида истода бошанд, илова кардани вожаи «вазифадоранд» ҳатмист. Фикр мекунам, моддаи мавриди назар бад-ин тарз кор хӯрад, мушаххастар мегардад: «Забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон забони ӯзбекӣ мебошад. Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазорату идораҳои дахлдор ва ҳокимиятҳо вазифадоранд, ки ба забон, урфу одат ва анъанаҳои ҳамаи миллату халқиятҳое, ки дар қаламрави Ӯзбекистон умр ба сар мебаранд, ғамхорӣ зоҳир намоянд, барои рушди онҳо шароити мусоид фароҳам оваранд».
Солҳои охир СММ доир ба ҳуқуқу озодии қавмҳои таҳҷоӣ қонунҳои зиёдеро ба тасвиб расонд ва мамлакатҳои аъзо, аз ҷумла, кишвари моро вазифадор кард, ки онҳоро иҷро намоянд. Ин қонунҳо дар сурате иҷро мешаванд, ки дар Конститутсия  акси худро пайдо кунанд. Яке аз асноде, ки СММ 13 сентбри соли 2007 ба тасвиб расондааст, «Декларатсияи СММ доир ба ҳуқуқи халқҳои таҳҷоӣ» мебошад. Дар ин санад, ки 48 моддаро дар бар мегирад, аз ҷониби СММ ба забону фарҳанги миллату халқиятҳои таҳҷоӣ назари худоӣ афканда шудааст. Холиқ, яъне Худо тамоми мавҷудоти дунё, аз ҷумла, миллату халқиятҳои гуногунро халқ кард, ба ҳар кадомашон забон дод то табодули афкор намоянд. Пас, сарфи назар аз он, ки халқҳо дар кадом гӯшаи дунё ба сар мебаранд, бояд забон ва асолати фарҳангии худро фаромӯш накунанд. Бо назардошти ин ҳама дар моддаи 14-уми ин санади тақдирсоз гуфта шудааст:
1. Халқҳои таҳҷойӣ ҳуқуқ доранд, ки бо забони модариашон низоми таълим ва муассисаҳоии тадрисии худро ташкил намоянд ва таҳти назорат қарор диҳанд. Ин назорат ба он хотир аст, ки бояд усули тадрису таълим ба махсусияти фарҳангии халқҳои таҳҷойӣ ҷавобгӯ бошад.
2. Шахсоне, ки ба халқҳои таҳҷойӣ мутааллиқанд, хоссатан бачаҳо, ҳақ доранд, бе ҳеч гуна поймолкунии ҳуқуқ, дар ҳама дараҷоту шакл, бо таълими давлатӣ фаро гирифта шаванд.
3. Давлат бо иштироки халқҳои таҳҷойӣ, ба мақсади он, ки шахсони ба халқҳои таҳҷойӣ мутааллиқ, хоссатан бачаҳо, аз он ҷумла гурӯҳҳое, ки дар ҷамоати худ умр ба сар намебаранд, бино ба вижагиҳо (махсусият)-и маданияту анъанаҳояшон ба таълим бо забони модарии худ фаро гирифта шаванд, чораҳои амалӣ меандешад».
Мақсад аз ин пешниҳод он буд, ки санади тақдирсози мо — Конститутсияи Ӯзбекистон беш аз пеш такмил ёбад, баробарӣ ва бародарии миллату халқиятҳои кишварамон мустаҳкам гардад, онҳо, худро то одаму олам ҳаст, дар хонаи худ ҳис кунанд, забон, мактабу маориф ва фарҳангашон рушд кунад, мисле, ки дар мамлакатҳои пешрафтаи дунё ба назар мерасад, зиндагии бароҳат (комфорт) насиби ҳар кадоми онҳо  гардад.

А. СУБҲОНОВ.
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: