ГУЗАРГОҲҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ ДАР БУХОРО

  • ГУЗАРГОҲҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ ДАР БУХОРО
  • ГУЗАРГОҲҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ ДАР БУХОРО

Маълум аст, ки дар роҳҳо ҳаракати автомобилҳо рӯз то рӯз зиёдтар шуда, барои пиёдагардон низ ҳангоми аз як сӯ ба тарафи дигари роҳ гузаштан хатари ҳаракати роҳ хеле афзудааст.

Боиси хушнудист, ки бо мақсади пешгирӣ намудани ҳар гуна нохушиҳои эҳтимолӣ чораю тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Мувофиқи қарори Президенти мамлакат аз 25 октябри соли 2022 «Дар бораи чораю тадбирҳои иловагии боз ҳам беҳтар кардани инфрасохтори маҳаллаҳо дар солҳои 2022-2023» дар қисми 258,5-километри роҳи автомобилии М-37 «Самарқанд – Бухоро – Туркманбошӣ», ки бо «Бозори деҳқонии Галаосия» ҳамшафат аст, сохтмони роҳи зеризаминии пиёдагардон моҳи июни соли ҷорӣ оғоз ёфта буд. 26 декабри соли равон ин ҷараён поён ёфта, гузаргоҳ ба истифода супорида шуд. Дарозии ин гузаргоҳ 40 метр, бараш 4 метр, баландиаш 2,5 метр аст. Иншоотро Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Фаровон йӯл сервис» бо дархости корхонаи унитарӣ-давлатии «Дирексияи сохтмон ва таъмири роҳҳои автомобилии истифодаи умумӣ» бунёд карданд ва барои ин 9,1 миллиард сӯм маблағ харҷ гардид. Ин гузаргоҳ дар арафаи соли нав ба аҳолӣ туҳфаи муносиб шуд.
Маросими ба истифода супорида шудани ин объект ранги идона гирифт. Дар он мутасаддиёни вилоят, шаҳру ноҳия, роҳбарони дахлдор аҳли ҷамоат ва намояндагони ВАО иштирок карданд.
Хокими вилоят Ботир Зарифов ва дигарон ҷамъомадагонро бо бунёдкории  хеле муҳим, ки баҳри манфиатҳои инсон хидмат мекунад, муборакбод намуданд. Сипас лентаи рамзӣ бурида шуда, ҳозирон сӯи гузаргоҳ қадам ниҳоданд. Бояд таъкид намуд, ки худи ҳамон рӯз боз дар се ҷои шаҳри Бухоро: автовокзали «Ҷондор», кӯчаи «Қаюм Муртазоев», кӯчаи «М. Иқбол»-и назди ДДБ низ гузаргоҳҳои зеризаминии пиёдагардон ба истифода супурда шуд ва миқдори умумии онҳо ба ҳаштто расид.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: