Солҳои охир дар мамлакатамон зарурати беҳтар намудани муҳити иҷтимоию маънавӣ ба миён омадааст.
Зеро мардум ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маишӣ бештар машғул буда, ҳувияти миллӣ, омӯхтани мероси фарҳангӣ, муҳимтар аз ҳама фарҳанги мутолиаи китобро фаромӯш кардаанд. Надонистани таъриху суннатҳои мардуми худ, танҳо машғул шудан барои таъмини рӯзгор боиси таназзули ҷомеа мегардад.
Мо насле мебошем, ки гузаштагонамон «Наҷот танҳо дар донишу маърифат аст!» гуфта рафтаанд. Ватандӯстони ҷадид, ки як аср пеш умр ба cap бурда буданд, ба бедории маънавии халқи мо шурӯъ намудаанд. Дар байни онҳо шахсиятҳои бузурге низ буданд, ки бо пули худ мактаб сохтаанд, бидуни маош ба толибилмон дониши беғаразона дода, маърифат паҳн кардаанд. Кор ба ҷое расид, ки ҳатто онҳо қурбони идеалҳои худ шуданд.
Дар замони мо, дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, номи ин шаҳидони роҳи илму маърифат ва маънавият сафед шуд. Имконият пайдо гардид, ки мероси ғановатманди онҳо мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирад, фикру ақидаҳои онҳо дар байни наслҳои наврас тарғибу ташвиқ шавад.
Барои он ки ҷавононамон аз ҷиҳати маънавӣ комил бошанд, дар арсаи байналмилалӣ ақидаву андешаи худро озодона баён карда тавонанд, бояд рӯ ба китоб ва маънавияту маърифат оваранд, мутолиа кунанд. Дарвоқеъ, фикру мулоҳизаҳои бамиёнгузоштаи Президент дар ин бобат хеле ибратбахш ва қобили пайравӣ мебошанд.
Зимни суҳбату мулоқотҳо бо ҷавонон аз он хушҳол мешавам, ки ҳар кадоми онҳо барои баланд бардоштани маданияту маърифати худ кӯшиш мекунанд. Аксари ҷавонон дарк намудаанд, ки бе азму иродаи қатъиву қавӣ дар роҳи омӯхтани илму маърифат ва қироати китоб наметавон ба мурод расид ва ба дастовардҳо ноил гардид. Маро ин раванд хеле хушҳол месозад. Аммо ин ҳанӯз кофӣ нест.
Имрӯз дар Ӯзбекистони Нав барои соҳибмаърифат шудан тамоми шароиту имконият фароҳам оварда шудаанд. Агар ин шароиту имкониятҳоро бо як даҳсолаи пеш муқоиса намоем, фарқ байни замину осмон аст. Кушодани марказҳои таълимӣ, таъсиси гурӯҳҳои забономӯзӣ, ташкили мусобиқаҳои интеллектуалии «Заковат», гузашта аз ин, ба намудҳои гуногуни варзиш ҷалб намудани ҷавонон ва амсоли он шаҳодати гуфтаҳои болоӣ мебошанд.
Як нуктаи муҳим набояд аз мадди назарҳо дур бимонад, ки онро қайд карданиам. Баъзан ҳангоми саволу ҷавобҳо чунин гапҳоро мешунавам: «Имрӯз китоб хондан лозим нест, зеро ҳамааш дар телефон ҳаст». Мутаассифона, ин фикри тамоман носолиму нодуруст буда, шаҳодат медиҳад, ки як идда одамон ҳанӯз фарқи китоб ва интернетро намедонанд. Аксарият дар ҷаҳду талоши он ҳастанд, ки чӣ гуна иморатҳои бошукӯҳ созанд, аммо дар мавриди болоравии маърифату маънавият фикр намекунанд. Агар дар ҳамон иморатҳои болобаланду тарҳашон наву замонавӣ шахсони бомаърифат зиндагӣ кунанд, нур болои нур нест?!
Китоб муаллими безабон аст. Мо дар ҳар ҷо метавонем китоб хонем. Барои ҳамин аз ҷавонон даъват мекунам, ки танҳо аз роҳи хондани китоб донишу ҷаҳонбиниашонро тақвият бахшанд, дигаронро низ ба ин роҳ ҳидоят кунанд ва дар болоравии маънавияту маърифат саҳми худро гузоранд.
Мо бо соли 2023 хайрухуш кардем. Онро ҳамчун соли дастовардҳои муҳим дар ноҳияи Риштон метавон арзёбӣ кард. Бунёди давлати демокративу озод, аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ қавӣ, ҷомеаи фархундаи равшанфикр дар дасти ҷавонон аст. Онҳо бояд беш аз пеш вақти худро ба омӯзиши китоб, ҳифзи асолати миллӣ ва арзишҳои қадимии мардуми мо равона кунанд, аз комёбиҳое босамар истифода намоянд, ки дар тараққиёти ҷаҳонӣ аз он фаровон истифода сурат мегирад. Умедворам, ки дар соли 2024 мардуми мо, хусусан ҷавонон, миёнро маҳкам баста, дар роҳи омӯзиши илму маърифат, қироати китоб беҳтару бештар саъйу кӯшиш мекунанд.
Соли нав муборак бод!
Дилором ДОДОБОЕВА,
роҳбари бахши Маркази ҷумҳуриявии «Маънавият ва маърифат» дар ноҳияи Риштон.