ТАБРИКИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ВА РӮЗИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН

Муҳтарам сарбозону сержантҳо, офитсерон ва генералҳо!

Муҳтарам сарбозону сержантҳо, офитсерон ва генералҳо!
Хидматчиён ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳамватанони азиз!
Шуморо, ки умри худро ба кори бузургу наҷиби муҳофизати Ватани худ бахшидаед ва дар симои шумо тамоми халқи сермиллати моро ба муносибати 30-солагии ташкил ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан аз таҳти дил муборакбод менамоям. 
Мо дар ин рӯзи фархунда арзиш ва аҳамияти чунин хислатҳои олии ба халқи мо хос ва фазилатҳои дар рӯзгори мо беш аз пеш собитшуда, ба мисли садоқат ба Ватан, мардонагӣ ва шуҷоат, дар рӯзгори мо устувортар ҷой гирифтани онҳоро боз ҳам амиқтар дарк мекунем ва бо шумо барин соҳибони касби олиҷаноб, ки инро дар амал бо хизмати диловаронаи худ исбот менамоед, эҳтиром мегузорем.
Мо ба хотираи фаромӯшнашавандаи хидматчиёни фидокорамон, ки ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ қаҳрамонона ҳалок шудаанд, арҷ мегузорем.
Дӯстони азиз!
Дар солҳои истиқлолият артиши Ӯзбекистон роҳи душвор ва дар айни замон пуршарафро тай намуд. Мо хуб дарк мекунем ва ба он баҳои баланд медиҳем, ки Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраи душвори ташаккули давлати ҷавон ба кафили боэътимоди истиқлолияти мо, зиндагии осоиштаю осуда ва татбиқи бомуваффақияти ислоҳоти демократӣ табдил ёфт.
Ба шарофати ислоҳоти куллии солҳои охир мо тавонистем дар муддати кӯтоҳи таърихӣ артиши миллии сайёр ва ихчамеро ба вуҷуд оварем, ки қодир аст истиқлолият ва тамомияти арзии кишвар, дахлнопазирии сарҳадоти онро боэътимод ҳифз намояд.
Сазовори эътирофи бузург аст, ки хидматчиёни ҳарбии мо — ҷисмонан баркамол ва рӯҳан ҳушёр, дорои дониши замонавӣ, аслиҳа ва техникаи ҷангӣ, барои паси сар кардани ҳама гуна озмоишу душвориҳо ба хотири манфиатҳои миллӣ омода — дар ин раванди таърихӣ ба мероси ғании халқамон дар соҳаи ҳарбӣ такя карда ва анъанаҳои чунин лашкаркашони бузург, ба мисли Ҷалолиддин Мангубердӣ, Соҳибқирон Амир Темур, Заҳириддин Муҳаммад Бобурро муносиб идома дода, фаъолона иштирок мекунанд. 
Муболиға намешавад, агар бигӯем, ки ҷанговарони далеру диловари ба савганди муқаддас содиқи мо — дар айни ҳол ватандӯстони асил ҳастанд, ки сипари боэътимоди Ватани азизи худ мебошанд.
Халқи мо бо шумо, писарони далеру диловари худ — муҳофизони Ватан ба таври ҳаққонӣ фахр мекунад.
Ҳамватанони азиз!
Солҳои охир дар доираи амалӣ гардондани ғояи наҷиби «Халқ ва армия якдиланд» корҳои зиёде ба ҷо оварда шуданд. Имрӯзҳо шаҳрвандони мамлакати мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт дастгирӣ ва ёрии ҳаматарафаи армияро ҳис мекунанд. Чунин ҳамбастагӣ махсусан ҳангоми озмоишҳои душвор – дар давраи пандемия ва пас аз ҳолатҳои фавқулодда, дар ҳифзи арзишмандтарин сарвати мо – сулҳу осоиштагӣ равшан зоҳир мегардад.
Чунон ки маълум аст, ҳозир мо дар рафти ислоҳоти куллӣ дар ҷамъият, аз ҷумла дар низоми Қувваҳои Мусаллаҳ тамоюли муҳими «Ба хотири шаъну шарафи инсон»-ро ба мадди аввал гузоштем. Дар ин замина кор оид ба баҳои арзанда додан  ба хидматҳои дар назди Ватан ва халқ будаи тамоми хидматчиёни ҳарбии артиши миллӣ, собиқадорони гиромӣ, ҳавасмандгардонии моддию маънавии онҳо, мусоидат ба ҳалли мушкилоти рӯзмарра, ҳифзи иҷтимоии оила ва фарзандони онҳо ба зинаи нав бардошта шуд.
Бешубҳа, чунин дигаргуниҳои густурда, ки тамоми паҳлӯҳои ҳаёти моро фаро гирифтааст, ба баланд шудани нуфузи хизмати ҳарбӣ, таҳкими ваҳдати артиш ва халқ, баланд бардоштани ҳисси ифтихори ҷавонон аз артиши миллӣ ва эҳтиром ба касби пуршарафи муҳофизи Ватан хизмат мекунад.
Ҳамватанони азиз!
Давраи ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадид, ки имрӯз дар ҷаҳон, аз ҷумла дар минтақаи мо ҷараён дорад, даргириҳо ва бархӯрдҳои гуногуни мусаллаҳона, таҳдиду чолишҳои нав дар назди мо вазифаҳои таъхирнопазир ва муҳим мегузорад. Дар иҷрои ин вазифаҳои масъулиятнок ҷиҳати таъмини ҳифзи сулҳу оромии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, нақш ва аҳамияти Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ беш аз пеш меафзояд.
Бо дарназардошти ин, дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав минбаъд мустаҳкам кардани иқтидори мудофиавии кишвар ва афзун намудани иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Барои ноил шудан ба вазифаҳои ба миён гузошташуда ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ бояд дар ҳамкории зич бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва мардум амал кунанд.
Муҳимтарин шарти рушди минбаъдаи артиши миллӣ баланд бардоштани тайёрии касбии кадрҳои ҳарбӣ, махсусан фармондеҳон мебошад. Дар ин самт таъмин намудани самаранокии баланди низоми нави таълими дар Академияи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷорӣ намудани тайёркунии афсарони Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дастгоҳҳои округҳои ҳарбӣ, сардорони бригадаҳо ва муовинони онҳо муҳим аст.
Ба татбиқи пайгиронаи ислоҳоти оғозшуда дар низоми таълими ҳарбӣ ва илм, ба ҳам наздик кардани назария ва амалия дар раванди тайёр кардани кадрҳои низомӣ таваҷҷуҳи махсус бояд дод.
Ҳангоми таҳияи барномаҳои ҳамаҷонибаи бо аслиҳа ва техникаи муосири ҳарбӣ муҷаҳҳаз кардани артиши миллӣ бояд хусусиятҳои муноқишаҳои низомии имрӯза дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи қӯшун ба назар гирифта шаванд. Диққати мо бояд ба харидани аслиҳа ва техникаи зарурӣ, истифода бурдани онҳо бо системаҳои нави ҷангӣ ва такмил додани он нигаронда шавад.
Дар шароити кунунӣ, ки дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ муборизаи шадид ҷараён дорад, таҳия ва татбиқи тадбирҳои комплексии таъмини амнияти иттилоотӣ дар иншооти муҳим ба тақозои замон табдил ёфтааст.
Корҳоро баҳри баланд бардоштани рӯҳияи ҷангӣ, нерӯи зеҳнии хизматчиёни ҳарбӣ, тарбияи аҳолӣ, махсусан ҷавонон дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, инчунин таҳкими ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ, оилаҳои онҳо ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ идома хоҳем дод.
Муҳтарам аскарону сержантҳо, офитсерону генералҳо, хидматчиён ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Дар ин ҷашни пуршараф, махсусан фидокорӣ ва хизматҳои бузурги шуморо қайд намуда, бори дигар бо ифтихор эътироф менамоем, ки ба шарофати саъю талошҳои шумо артиши Ӯзбекистон пайваста инкишоф ёфта, иқтидори ҷангии он афзун гардида, нерӯи мудофиавии кишвар таҳким меёбад ва ҳаёти осоиштаи халқи мо таъмин карда мешавад.
Аз фурсат истифода бурда, ба шумо, ба ҳамаи фарзандони диловари диёрамон, ки вазифаи наҷибона ва масъулиятноки худро дар ҳифзи Ватан, падару модарон ва аъзоёни оилаи худ сазовор иҷро мекунанд, аз сидқи дил миннатдорӣ баён мекунам.
Бори дигар шуморо ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон ва Рӯзи ҳимоятгарони Ватан самимона табрик мегӯям.
Ба ҳамаи шумо саломатии бардавом, бахту саодати оилавӣ, сулҳу оромӣ ва шукуфоӣ таманно дорам.
Ба шумо дар хизмати содиқона ба манфиати Ватани худ муваффақиятҳои нав, қувва ва ғайрат орзумандам!

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон,
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: