Президенти Ӯзбекистон ба Федератсияи Русия рафт

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 5 октябр ба ин кишвар бо сафари расмӣ рафт.

Тибқи барномаи сафар сарвари давлати мо аз шаҳрҳои Қазон ва Маскав боздид карда, дар доираи маҳдуду васеъ музокироти сатҳи олӣ сурат мегирад.

Мулоқот бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ва раиси Тотористон Рустам Миннихонов ва боздид аз як қатор объектҳо низ дар назар аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: