Дар ҷамъомаде, ки таҳти сарварии ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов гузаронида шуд, масъалаи мазкур баррасӣ гардид.
Дар оғоз натиҷаҳои корҳои омӯзишии вазъи иҷрои қонуни Кумита оид ба масъалаҳои ҷавонон, фарҳанг ва варзиши Сенати Олий Маҷлис «Дар бораи профилактикаи беназоратӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон» муҳокима шуданд.
Зикр гашт, ки дар аксар ҷойҳо кори индивидуалӣ бо ноболиғоне, ки беназорату бепарастор монда, ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ё кирдорҳои ба ҷамъият хавфнок майл доранд, дуруст ба роҳ монда нашудааст. Ғайр аз ин, бобати таъин кардани тарбиядиҳандагони ҷамоатӣ бо мақсади ёрии амалӣ расонидан ба падару модарони ноболиғон дар тарбияи онҳо беэътиборӣ зоҳир гардидааст. Илова бар ин, аз ҷониби мақомоти идоракунии таълим ва муассисаҳои таълимӣ мониторинг нагардидани ноболиғоне, ки бесабаб ба дарсҳо намеоянд ё мунтазам иштирок намекунанд, аниқ карда шуд.
Таъкид гардид, ки аз сабаби дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани корҳо бобати баланд бардоштани маданияти истифодаи шабакаи ҷаҳонии Интернет дар байни ноболиғон, ҳодисаҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой додани бадахлоқиҳои донишомӯзони ҷавон мушоҳида мешавад.
Дар натиҷа, агар дар 8 моҳи соли 2021 аз ҷониби ноболиғон 1331, дар ҳамин фурсати соли 2022-юм 3941 ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ ба қайд гирифта шуда бошад, дар 8 моҳи соли ҷорӣ ин рақам ба 3128 нафар расидааст. Дар ҷиноятҳое, ки дар ҳашт моҳи соли 2022 рӯй дода буд, агар 113 нафар ноболиғ ширкат дошта бошанд, дар ҳамин давраи соли 2023 ин рақам ба 139 нафар расида, 23 фоиз афзудааст.
– Бо вуҷуди чорабиниҳои профилактикӣ дар маҳалҳо тӯли 10 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 6372 ҷиноят рӯй додааст, – гуфт сарвари Садорати корҳои дохилии вилоят Раҳмат Маматов. – Аз ин ҷиноят 2107-тоаш аз ҷониби ҷавонон ва 161-тоаш, яъне 2,5 фоизаш аз ҷониби ноболиғон содир шудааст. Афсӯс, ки дар байни ин ҷиноятҳо ҳолатҳои куштор ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ низ ба назар мерасанд. Аз ҷониби ҷавонону ноболиғон содир гардидани чунин ҷиноятҳо ҳамаи моро ба ҳушёр шудан водор месозад.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки солҳои охир низоми «панҷгонаи маҳалла» ба роҳ монда шуда бошад ҳам, дар аксар маҳаллаҳо ин панҷгонаҳо аз шароиту имкониятҳои фароҳамомада дуруст истифода намебаранд, ба иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда аз пушти панҷа менигаранд.
Дар анҷоми ҷамъомад ҳокими вилоят изҳор дошт, ки роҳ додан ба сохтакорӣ дар кори вобаста бо ноболиғон ҷиноят буда, дар ин самт бояд бо қатъият кор пеш бурда шавад. Масъулони маҳалла ва нозирони профилактикӣ бояд ба ҳар як вазъият бо масъулиятшиносӣ муносибат кунанд, роҳи ҳаллу фасли масъалаҳоро дарёбанд.
Ба мутасаддиён супоришҳои аниқ дода шуданд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.