«МАТБУОТИ НАВ»-И ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ

Демократия чизи нав нест.

Ба омӯхтани мазмуну моҳият ва баҳри ба амал татбиқ намудани ин мафҳум кайҳо шурӯъ карда ва то ҳадде муваффақ ҳам шудаанд, вале ҳамзамонҳои мо онро ҳанӯз меомӯзанд, ба маъние худро шогирди мактаби демократия меҳисобанд. Президент дар муборакбодӣ ба кормандони матбуот ва расонаҳои ахбори оммавӣ, аз ҷумла, таъкид сохт: «Мо набояд як ҳақиқатро фаромӯш кунем:  ҳамаи мо шогирдони мактаби бузурги ба ном демократия мебошем. Мо бояд дар ин роҳ ба муваффақиятҳои калон ноил шавем».
Зимнан, соҳиби яке аз пешаҳои наҷиб – кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ нафақат демократияро меомӯзанд, балки барои ба омма омӯзонидани он донишу истеъдод ва маҳорати касбии худро сафарбар менамоянд. Мақсади асосии онҳо – саҳм гузоштан дар таъмини ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон, гиромидошти қадри инсон, васеъ гардондани ҷаҳонбинии ҳамватанҳо ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии эшон мебошад. Медиасоҳа бошад, аз ҷониби давлат пуштбонӣ меёбад. Дар шароити нави таърихӣ бачашмрасии фазои ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар ҷомеа ҳамзамонҳоеро, ки диди васеъ ва нияти холис доранд, рӯҳбаландӣ мебахшад.
Шумораи воситаҳои ахбори оммавӣ дар Ӯзбекистон алъон ба 1962 адад расидааст, ҷойгоҳи муҳими расонаҳои хусусиро, ки таъмингари гуногунандешӣ дар ҳаёти ҷамъиятанд, баръало ҳис кардан мумкин, платформаи интернетӣ торафт равнақ меёбад. Вале муддао нишон додани миқдор нест, мақсади ниҳоӣ баланд бардоштани нишондиҳандаи сифатист.
ВАО-ро барҳақ ба кӯпруки боэътимоди муколама байни ҳукумат ва мардум нисбат медиҳанд, ки ин беҳуда нест. Дар натиҷаи татбиқи ислоҳот дар соҳаҳои гуногун навсозӣ ва дигаргуниҳои бузург ба амал мебароянд, ходимони ВАО бошанд, дар сафи пеши ҷомеа қарор дошта, дар фаҳмонидани мазмуну моҳияти қонун ва қарорҳои қабулшуда ба аҳолӣ, хабардорсозӣ аз навигариҳо дар давраи бо шиддат тағйирёбанда вақт ва қувваи худро дареғ намедоранд. Маънии рӯзгор ва шиори ҳаётиашон – тезкорию равшансозии холисона. Муҳофизони манфиатҳои миллӣ дар фазои иттилооти ҷаҳонӣ низ, гуфтан мумкин, дар навбати аввал рӯзноманигорон мебошанд.
Сир нест, ки хидматрасонии иттилоотӣ имрӯз дар асоси тамоюли бозаргонӣ татбиқ мегардад ва ба он меоварад байни ВАО рақобат ба вуҷуд омада, дар майдони медиа ҳамоне худро нишон дода метавонад, ки заминаи моддию техникии мустаҳкам дорад. Дар давраи ба марҳилаи нави муҳими рушди худ қадамгузории Ӯзбекистон давлат расонаҳои хабариро аз нигоҳи моддию маънавӣ пуштбонӣ менамояд. Рақобат байни ВАО бошад, торафт солимӣ касб намуда, анъанаҳои азалии «устоду шогирд» дар матбуоти озод ва демократӣ аз нав барқарор мегарданд. Аҳамияти махсуси сиёсиро молик будани озодии матбуот дар байни ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ба касе сир набуда, он тамоюли аз тарафи умум эътирофшудаи байналхалқӣ низ мебошад. Вале ҷонибҳои мушкил ва мураккаб низ дорад ин «озодӣ», ки зумрае онро бо ваҷаби хун чен ва ба таври худ эзоҳ дода, саъй мекунанд аз ин восита ғаразнок низ истифода баранд. Дар шароите, ки озодии баён ва матбуот ҳамеша аз ҷониби Конститутсия ва роҳбари давлат таҳти ҳимоят қарор дорад, баъзан чӣ хабарҳои фитнаангезе паҳн намекунанд шабакаҳои иҷтимоӣ «Дурӯғҳои интернет» мавзӯи гуфтугӯи алоҳидаест. Фитнакорон интернетро «шаҳри бедарвоза» пиндоштаю бе пушт-пушт ба он ворид шуда, аз имкониятҳои «озодии сухан» сӯиистифода мекунанду халос. Нияти сиёҳи онҳо чун рӯз равшан: обро лой карда, моҳӣ доштан. Бо «лайк», ки пахш мешавад, бештар овоз ҷамъ кардану зиёдтар сарват ғун кардан. Ба фикр ва андешаҳои танқидӣ касе муқобил не. Ҳарчанд талх аст, танқид «меваи ширин» дорад, вомедорад норасоиҳо саривақт бартараф карда шаванд, масъулҳо минбаъд дониста кор кунанд, минбаъд ба саҳлангорӣ роҳ нагузоранд. Вале мо гувоҳ мегардем, баромад ва муроҷиатҳои видеоӣ аз тариқи интернет аксар маврид аз ношукрию нолиш, шикоятҳои беасос, буҳтону ғайбат ба сари роҳбарон иборат мебошанду халос. Чаро ин дараҷа беандешаем ва яктарафа фикр баён мекунем? «Тарафи дигар»-и тангаро дидан намехоҳем?
Дуруст, норасоӣ мавҷуд. Мушкилоте, ки мардум, алалхусус мардуми оддиро азият медиҳад, хеле зиёд. Вале ба ғазаб ва ҳиссиёт дода шуда, киҳоеро «ба замин занем», оё масъалаҳо ҳал мешаванд?
Дар шароити нави таърихӣ монеъ шудан ба фаъолияти озодонаи қонунии кормандони ВАО – ин зид будан ба ислоҳоти демократӣ, зараррасонӣ ба қудрати кишвар ҳисобида мешавад, ки ин маъниро низ хотиррасон карда гузаштааст роҳбари давлати мо.
Ба наздикӣ қарори Президент «Дар бораи чораҳо оид ба дастгирии воситаҳои ахбори оммавӣ ва рушди соҳаи журналистика» қабул гардид, ки он дар навбати аввал ба минбаъд ҳам беҳтар намудани пойгоҳи моддӣ-техникии соҳа ва дастгирии моддии рӯзноманигорон нигаронида шудааст. Фикр мекунем, ҳуҷҷати баимзорасидаро ходимони соҳа дер боз интизорӣ доштанд. Бовар доранд татбиқи нуктаҳои он, ки ҳалли мушкилоту эҳтиёҷоти моддию маънавии аҳли қаламро ба назар гирифтаанд, дар ҳаёти рӯзноманигориашон воқеаи муҳим хоҳад гашт. Хусусан, моддаҳое қобили таваҷҷуҳ, ки ҳавасмандгардонии мунтазами рӯзноманигарони фаъолро фаро гирифта, фазои рақобати солим дар соҳаро ташаккул мебахшанд.
Дар ҷое, ки меҳнат қадр ёфт ва ҳавасмандию рағбат мавҷуд, кор пеш меравад. Фақат ҳамин аст, ки озмун ва баҳогузориҳо воқеан дар асоси принсипҳои демократӣ ва фазои ошкорову шаффоф бояд сурат гиранд. Ҳайат аз ҳисоби инсонҳои ҳалол ва мутахассисони воқеии соҳа таркиб ёбад, ба тарафгирию шиносбозӣ ва иллатҳои коррупсионӣ роҳ гузошта нашавад.
Акнун имконият фароҳам меояд рӯзноманигорони мо дар хориҷ таҷриба омӯзанд ва маҳорат такмил диҳанд, манфиатҳои қонунӣ ва ҳуқуқи журналистон мавриди ҳимояи давлатӣ қарор ёбад, масъалаи манзил ва таъмини фароғати аҳли қалам, проблемаҳое, ки ба гаронии нашрияҳо сабаб мешаванд, то андозае ҳаллу фасл гарданд. Бинои «Матбуот уйи» воқеъ дар кӯчаи Матбуотчилари пойтахт низ тарҳи замонавӣ касб ва шароити мусоиди корӣ барои рӯзноманигорон фароҳам оварда мешавад. Он рӯз дер нест, ки коргоҳи аҳли матбуот ба медиашаҳраки зебои замонавӣ табдил ёбад. Ӯзбекистони Нав бо «матбуоти нав»-и худ низ арзи ҳастӣ мекунад.

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: