СОЯ

Ҳалима АҲМЕДОВА

Ҳалима АҲМЕДОВА
Шаби торик. Аз дур шӯълаи чароғе ба дарахти биҳии пири гӯшаи боғ, ки дар зери он зане писарчаи сесолаашро маҳкам ба оғӯш гирифта нишаста буд, меафтид.
– Писарам, тарсидӣ?
– Не, очаҷон, чаро додом туро доим мезанад?
– Худо ягон рӯз инсоф медодагист...
– Худо дар куҷо, оча?
– Аз мо хеле дур...
– Дур бошад, ману туро чӣ хел мебинад?
– Ӯ ҳамаро мебинад, бузургу тавоност...
– Ба Худо гӯй, додома ҷанг кунад.
– Мегӯям, писарам, мегӯям...
Торикии ваҳмангези шаб гӯё бо таппиши дили зан меомехт. Гулҳои беҳисси дарахти биҳӣ мерехтанд. Садои гурбаҳои ёбоӣ ба гӯш мерасид:
– Мияв, мияв, мияв...
Кӯдаки як андак оромгирифта аз садои онҳо тарсиду чашмонашро боз кард.
– Очаҷон, тарсида истодаам. Биё, ба хонаамон равем.
– Писарам, натарс, ин овози гурба. Хоби додоят барад, баъд ба хона медароем.
– Хунук хӯрдам.
Зан мисли хасисе, ки хазинаашро маҳкам дар бағал медорад, писарчаашро ҷафстар ба сари дилаш фишурд.
– Камтар сабр кун, писарам, камтар.
Сагҳои дайду ваҳмангез уллос кашиданд. Дилу ҷисми зан нохушиеро ҳис карда, ба ларза даромад...
Сояи масти бехуд калавида-калавида боғро поймолкунон фарёд зад:
– Дар куҷоӣ, ифлос! Ёбам туро сар меканам!
Аз тарс чашмони писарак калонтар кушода шуданд.
– Очаҷон, додом-ку?!
Зан даҳони кӯдакро бо дасташ оҳиста пӯшид:
– Ҷимм...
Соя калавида-калавида ба ҷойи пинҳоншудаи модару кӯдак  наздик мешуд. Онҳо тарсидаю ларзида менишастанд ва гулҳои ларзони биҳӣ ба замин мерехтанд...
Зан писарчаашро аз бағал раҳо намуда, ба замин шинонду ба пешвози соя баромад ва фарёд зад:
– Аз ман чӣ мехоҳӣ?
– Ифлос, дар ин ҷо будаӣ-ку?
– Ку бигӯй, ба ту чӣ бадӣ кардам?
Бӯйи бади даҳони соя боғро фаро гирифта буд.
– Чӣ кор карданатро магар намедонӣ? Фоҳиша! Барои чӣ дар забони ҳамаи мардон номи ту? Занат хушрӯ, занат зебо, занат пазанда, дӯзанда... Ба кӯча бароӣ, ду чашми ҳама ба ту, барои чӣ, ку гӯ?
– Ту аз ақл бегона шудаӣ...
– Магар ман аз ақл бегона шудаам?
Соя калавида аз миллаҳои зан дудаста дошта кашола кард. Гиряи кӯдак дили холии шаби торикро пур кард:
– Додо, очаамро назан!!!
Соя кӯдаки ба ӯ   часпидаро бо по-яш чунон зад, ки  мисли тӯб парида рафт. Зан тамоми қувваашро ҷамъ карда, ба сари дили соя чанд мушт зад ва мисли бод ба ҷониби писарак давид.
– Писаракам, вой, писаракам, магар ягон ҷоят лат хӯрд?
Писарак садои очаашро шунида ба худ омад. 
– Очаҷон, аз ин ҷо зуд меравем.
Зан кӯдакашро ба бағал гирифта  гурехтанӣ шуд.
– Ба куҷо меравем, писарам?
– Ба олами афсонаҳо, ба он ҷое, ки додом моро намеёбад.
Зан дар ҳолате, ки писаракашро маҳкам дар бағал дошта буд, аз девори пастаки боғ гузашта аз ишқи нокоми худ, аз рӯзгораш, ки бо садҳо орзуву ният барпо карда буд, аз сояи маст, ки ҳар соату ҳар дақиқа ӯро таҳдид мекард, фирор кард...
– Писарам, ба кадом афсона меравем?
– Ба афсонае, ки додои писараш одами хуб бошад.
– Хуб, бачаҷонам, хуб...
Зан ба ақиб нигоҳ накарда медавид, насими баҳор ба гулҳои биҳие, ки миллаҳои занро оро медоданд, бо тааҷҷуб нигоҳ карда чизеро пурсиданӣ мешуд:
– Зуув-зуув-зуув...
Осмон чодири сиёҳи шабро пора кард.
Дар дуродур суроби зане, ки тифлашро бардошта ба ҷониби уфуқ ҳаракат мекард, торафт ноаён мешуд...

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи Б. САОДАТ.    
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: