ОЗМУНИ НОҲИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Байни хонандагони мактабҳои тоҷикии ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ зинаи ноҳиявии озмуни забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид.

Дар озмун толибилмони ғолиби панҷ мактаби тоҷикии ноҳия  иштирок намуданд. Озмун дар мактаби рақами 5-уми шаҳри Нурато барпо гардид.
Мутобиқи Низоми озмуни ноҳиявӣ хонандагон бояд ҷавоби дурусти тестҳоро муайян мекарданд. Ҷавобҳои хонандагон  низ аз ҷониби доварон баҳогузорӣ гардид. Ва ошкор буд, ки доварон аз калимасозиву ҷумлабандӣ, тарзи баёни хонандагон огоҳӣ наёфтанд. 
Толибилмони синфҳои 9, 10 ва 11-уми мактабҳои тоҷикӣ барои гирифтани роҳхат ба озмуни зинаи вилоятӣ мубориза бурданд. Ҳар як саволнома 30 савол дошта, ҷамъи ҷавобҳо иборат буд аз 50 холи максималӣ.Ҷавобҳои хонандагони синфи 9 аз ҷониби доварон ба тариқи зайл ҷамъбаст гардид: толибаи мактаби рақами 49-ум  Дилнура Ҳасанова бо 32,1 хол ҷойи аввал, хонандаи мактаби рақами 21-ум  Искандар Нарзуллоев бо 31,5 хол ҷойи дуюм ва толибаи мактаби рақами 43-юм Ганҷина Ҷумъаева бо 30 хол дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Хонандагони синфи 10-уми мактаби рақами 30-юм Ҳулкар Расулова ва Манижа Шавкарова мутобиқан бо холҳои 30,6 ва 25,7 хол ҷойҳои якум ва сеюмро ишғол намуда бошанд, хонандаи мактаби рақами 49-ум Умеда Додоева бо 26,8 хол дар ҷойи дуюм қарор гирифт. 
Толибаи синфи 11-уми мактаби 49 Фархунда Ҳасанова бо 41,2 хол дар зинаи аввал ҷо гирифта бошад, толибилми мактаби рақами 30 Шукрона Суярқулова бо 32,5 хол ҷойи дуюм ва хонандаи мактаби рақами 43 Сабрина Ҳусенова  бо 30 хол ҷойи сеюмро ишғол намуд. Таъкид бояд дошт, ки чанде пеш толибаи мактаби 30 Шукрона Суярқулова байни  хонандагони 53 мактаби ноҳия дар озмуни фанни таърих иштирок намуда, ҷойи дуюмро ишғол намуда буд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: