НУҚТАҲОИ НАВИ ИСТИНОДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ӮЗБЕКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Имрӯз халқи сермиллати мо баҳри гул-гулшукуфии Ватанамон, бунёди таҳкурсии Эҳёи нави Ӯзбекистон фидокорона меҳнат мекунанд. Шавкат МИРЗИЁЕВ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Имрӯз халқи сермиллати мо баҳри гул-гулшукуфии Ватанамон, бунёди таҳкурсии Эҳёи нави Ӯзбекистон фидокорона меҳнат мекунанд.
Шавкат МИРЗИЁЕВ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Дар таърихи Ӯзбекистон ду давраи дурахшони Эҳёро дидан мумкин аст. Давраи нахусти Эҳё (асрҳои IX-XII) бо инкишофи босуръати илм, фарҳанг ва санъат, тантанаи ғояҳои маорифпарварӣ ёд мешавад. Маҳз дар ҳамон вақт олимону мутафаккирони машҳур, ки соҳиби дониши васеъ буданд, ба хазинаи илмҳои ҷаҳонӣ, ба тамаддуни умумибашарӣ ҳиссаи калон гузоштаанд, эҷод мекарданд. Эҳёи дуюм (асрҳои XIV-XVI) бо номи «Эҳёи Темуриён» маъруф аст, ки маърифат, фарҳанг ва санъат ривоҷ ёфта, аз сарзамини Ӯзбекистон зиёиёни оламшумул ба воя расида, комёбиҳои илмии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ ба даст оварда шуданд.
Дар Ӯзбекистони замонавӣ самти рушди илму маърифат, фарҳанг ва маънавият идома ёфт – имрӯз таҳкурсии Эҳёи сеюм, – Эҳёи нав гузошта мешавад. Ғояи асосии Эҳёи сеюм ин ноил шудан ба шукуфоии кишвар дар асоси рушди илму маорифи муосир мебошад. Ояндаи мо маҳз дар маърифат, маънавиёт ва маданияти баланд дида мешавад. Ба аҳамияти эҳё ҳамчун таҳкурсии пешрафти миллӣ баҳо додан душвор аст. Он ғоя ва ҳадафҳоро, ки дар асоси ақидаҳои пешрафтаи илмӣ ва маънавӣ, арзишҳо ва тамоюлҳо асос ёфтаанд, фаро гирифтааст.
Имрӯз ғояи Эҳёи сеюм ҷамъиятро муттаҳид менамояд, хусусияти ғояи миллӣ ба бар кардааст. Ҳамаи вазифаҳои стратегии рушди кишвар аз ҳадафи он – фароҳам овардани замина барои рушди бомуваффақият ва шукуфоии Ӯзбекистон сарчашма мегирад. Таълиму тарбия, илму фарҳанг чор такягоҳи асосии давраи Эҳёи сеюм мебошанд. Маҳз омӯзгорон, зиёиёни илмиву эҷодӣ роҳбаладон ва офарандагони давраи нави Эҳё мебошанд.
Баробари ба даст овардани истиқлол дар Ӯзбекистон 31 августи соли 1991 масъалаи таҳия ва қабули Конститутсияи комил мутобиқи ҳадафу вазифаҳои ташаккули давлатдории нав ва азнавсозии демократии ҷомеа ба миён омад. Асоси ҳуқуқии эҳёи кишвар дар марҳилаи кунунии рушд Қонуни асосии он мебошад. Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон», ки дар референдум 30 апрел қабул гардид, эътибор пайдо кард. Мувофиқи қонун ба ҷойи Конститутсияи Ӯзбекистон, ки 8 декабри соли 1992 қабул шудааст, таҳрири нави он тасдиқ гардид. Қабули он идомаи мантиқии ислоҳоте гардид, ки ба татбиқи тамоюли «Инсон – ҷамъият – давлат» нигаронда шудааст. Тамоюли мазкур тағйир ёфтани прадигмаи хидмати давлатро ба халқ ба назар мегирад: «Мақомоти давлатӣ бояд ба халқ хидмат кунад, на халқ ба мақомоти давлатӣ».
Таҷдиди Конститутсияи Ӯзбекистон натиҷаи мантиқии як қатор тағйиротҳои пайдарпайи таҳаввулоти қонунгузорӣ гардид, ки барои таъминоти ҳуқуқии рушди Ӯзбекистони Нав, такмил додани механизми ташкилию ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони кишвар амалӣ гардонда мешаванд.
Маълум аст, ки агар зарурати тағйир додани қоидаҳои конститутсионӣ ба миён ояд, агар чунин навсозӣ аз зарурати ҳаётӣ ба миён ояд, он бояд нав карда, ба талаботи замон мувофиқ карда шавад.
Навсозии конститутсионӣ дар ин бобат бояд аз рушди таҳаввулоти равандҳои иҷтимоии дар Ӯзбекистон баамаломада асос ёбад, ҳадафу вазифаҳои наверо, ки бояд дар оянда ба даст оварда шаванд, мутобиқ созад, хусусиятҳои ҳуқуқии ҷомеа ва давлати навро инъикос намояд.
Ғояи таҷдиди Қонуни асосии кишвар дар натиҷаи таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, технологӣ, маънавӣ ва дигари ҷомеа, чолишу таҳдидҳои мавҷуда, инчунин зарурати ислоҳоти минбаъдаи кишвар ба миён омадааст. Аҳамияти воқеии таърихии таҷдиди Конститутсия дар он аст, ки он натанҳо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ дастовардҳои кишварро мустаҳкам менамояд, балки афзалиятҳо ва дурнамои рушди минбаъдаи онро муайян мекунад.
Дар таҳрири қаблан амалкунандаи Конститутсия 128 модда мавҷуд буда, таҳрири нав аз 155 модда иборат аст. Ҳаҷми Конститутсия 65 фоиз афзуд. Ҳаҷми меъёрҳое, ки ба ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлат дахл доранд, се баробар зиёд гардида, қоидаи «таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳадафи олии давлат мебошад», мустаҳкам карда шуд. Дар Конститутсияи нав Ӯзбекистон бори аввал ҳамчун давлати иҷтимоӣ, дунявӣ ва ҳуқуқӣ муайян карда мешавад. Қоидаҳои муҳимтарини Конститутсия меъёр дар бораи амали тамоюлҳо ва дастурҳо бевосита ва новобаста аз қабул ё ки мавҷудияти қонунҳои дахлдор ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёриву ҳуқуқӣ гардид. Тамоюлҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар сиёсати хориҷии Ӯзбекистон қарор доранд, «дахлнопазирии ҳудудӣ» ва «танзими мусолиматомези баҳсҳо» мебошанд.
Дар Қонуни асосӣ механизмҳои таъмини ҳуқуқ ва озодии инсон, озодии матбуот, сухан, виҷдон ва эътиқод ба дараҷаи назаррас васеъ гардонда, хусусан зикр шудааст, ки давлат ин арзишҳоро муҳофизат мекунад ва кафили онҳо ба ҳисоб меравад. Қонуни асосӣ тамоюли – «Шаъну шарафи инсон, ҳуқуқу озодии асосии он дахлнопазир, ҷудонашавандаанд ва аз таваллуд ба ҳар кас тааллуқ дорад». Дар он меъёрҳое инъикос ёфтаанд, ки афзалияти ҳуқуқ ва озодии инсонро, вазифаи таъмин ва ҳифзи онҳо – вазифаи олии давлат пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки моҳияти Конститутсияи нав дар асоси ғоя – «Баҳри шаъну шарафи инсон» асос меёбад. Қоидаҳои он аз тамоюли асосии ислоҳоти солҳои охир анҷомёфта, ки дар модели: «Инсон – ҷамъият – давлат» инъикос ёфтаанд, бармеояд. Тамоюли мазкур арзиши асосии конститутсионии Қонуни асосии нав гардида, шаъну шарафи инсонро дар бар мегирад, ки дар ислоҳоти конститутсионӣ дар сафи пеш гузошта шудаанд.
Конститутсия бори аввал ҳуқуқи гирифтани кумаки тахассусии юридикӣ, ҳуқуқ ба манзил ва ҳуқуқ ба муҳити мусоиди зистро таъмин намуд. Моддаи танзими ҳифзи ҳуқуқи айбдоршавандагон дар содир намудани ҷиноят муфассал баён шудааст – ҳуқуқи онҳо барои сукут дар сурати тамоми ин шубҳа оиди гунаҳкорӣ ба фоидаи гумонбаршудагон ҳал карда мешаванд, мустаҳкам шудааст. Бори аввал ба таври возеҳ қайд шуд, ки айбдоршаванда ҳақ дорад бар зидди худ шоҳидӣ надиҳад. Меъёр дар бораи ҳуқуқ ба муносибати инсондӯстона нисбати шахсони аз озодӣ маҳрумшуда аҳамияти махсус дорад. Мувофиқи таҳрири қаблии Конститутсия, танҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳуқуқи ҳаракати озод дар саросари кишварро доштанд, акнун он ба ҳар касе, ки қонунӣ дар ин кишвар қарор дорад, тааллуқ дорад.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳама гуна намуди меҳнати кӯдакон, ки ба кӯдак таҳдид мекунад ва ба таҳсили ӯ халал мерасонад, поймол кардани ҳуқуқи занон бо роҳи рад кардани қабул ба кор, инчунин аз кор озод кардан ва кам кардани музди меҳнат қатъиян манъ аст.
Дар Қонуни асосӣ муқаррар шудааст, ки бе қарори суд шахс зиёда аз 48 соат дар ҳабс нигоҳ дошта намешавад, қоидаро дар хусуси он мустаҳкам намудааст, ки маҳдуд кардани озодӣ танҳо дар асоси қарори суд имконпазир аст. Мақоми адвокатҳо баланд бардошта, баробарии онҳо бо муфаттиш ва прокурор ва ваколатҳои дахлдори онҳо муқаррар карда шуд. Дар баробари ин агар қонунӣ ва асоснок будани ҳабс дар суд исбот нагардад, шахс бояд фавран озод карда шавад (тамоюли «Хабеас корпус»). Аз ҷиҳати конститутсионӣ мустаҳкам кардани институти «Хабеас корпус» дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, моликияти хусусӣ ва манзилро кафолат медиҳад, ғайриимкон будани маҳдуд кардани ин ҳуқуқро бе қарори суд тасдиқ менамояд. Ҳангоми боздошти шахс  ҳуқуқ ва асосҳои ба ҳабс гирифтани ӯ бояд аниқ тавзеҳ дода шавад.           
Давлат барои таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар масъул аст. Қайд карда шуд, ки дар қаламрави кишвар ягонагии фазои иқтисодӣ, гардиши озоди молу хидмат, захираҳои меҳнатӣ ва молия кафолат дода мешавад.
Мутобиқи таҳрири нави Қонуни Асосӣ ҳеч кас бидуни қарори суд аз манзил маҳрум карда намешавад, давлат бояд барои истифодаи пурраи иншоот ва хидматрасониҳои маъюбон дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ шароит фароҳам оварад. Ба онҳо дар бо кор таъмин шудан ва гирифтани таълим кумак расонад, инчунин ба онҳо имконияти бемамониат ба даст овардани иттилооти заруриро фароҳам оварад.
Дар таҳрири нав ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини ҳуқуқи занон ва кӯдакон таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шудааст. Меъёрҳои таъмини дастрасӣ ба таълим, тандурустӣ ва сарватҳои фарҳангӣ, ҳуқуқи гирифтани ҳаҷми кафолатноки ёрии тиббӣ аз ҳисоби давлат муқаррар шудааст. Ба зиммаи давлат ӯҳдадориҳо гузошта мешаванд, ки ба коҳиш додани бекорӣ ва камбизоатӣ, фароҳам овардани шароити иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва дигар барои рушди ҳамаҷонибаи оила нигаронда шудааст.
Ваколатҳои парлумон васеъ карда шуданд – миқдори ваколатҳои истисноии палатаи қонунгузорӣ аз 5 то 12 ва Сенат аз 14 то 18 зиёд карда шуданд. Меъёрҳо дар бораи кам кардани шумораи сенаторон аз 100 нафар то 65 нафар, дар бораи дароз кардани муҳлати ваколати Президенти Ӯзбекистон аз 5 то 7 сол, манъи ҳукми қатл, дар бораи манъи истирдоди шаҳрванди кишвар ба давлати хориҷӣ ислоҳҳои муҳим гардиданд.
Қонуни асосии навшуда ба таҳкими роҳи стратегии ислоҳоти минбаъдаи ҷомеа ва давлат, ки ба сиёсати хориҷии он, пеш аз ҳама дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири мусбат расонд, даъват менамояд. Умуман тағйироти конститутсионӣ ба баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ, инчунин таъмини иҷрои самараноки вазифаҳои онҳо нигаронда шудааст. Ба ислоҳҳои мазкур метавон ҳамчун идомаи мантиқии ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, баҳо дод. Қабули Конститутсия дар таҳрири нав барои боз ҳам баланд бардоштани некуҳолии халқ, рушди устувори давлат ва ҷамъияти шаҳрвандӣ дар асоси тамоюли «Баҳри шаъну шарафи инсон» таҳкурсии мустаҳкам мегузорад.

Омонулла МУҲАММАДҶОНОВ,
доктори фанҳои ҳуқуқшиносӣ,
профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд
.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: