ТАКМИЛЁБИИ ҚОНУНГУЗОРИИ СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДАР ЭЪТИБОРИ РАСОНАҲОИ АХБОРИ ОММАВИИ АВРУПО

Дар сомонаи иттилоотиву таҳлилии «EU Politi-cal Report» мақолаи Вакили Олий Маҷлиси Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсман) Ферӯза Эшматова, ки ба ислоҳоти соҳаи ҳуқуқи инсон дар мамлакати мо бахшида шудааст, чоп шуд, – хабар медиҳад хабарнигори АИ «Дунё».

Дар мақола ба ҳуқуқи маҳбусон эътибори махсус дода шудааст. Муаллиф таъкид менамояд, ки Сарқонуни Ӯзбекистон ба шахсоне, ки аз озодӣ маҳрум шудаанд, истифода аз ҳуқуқи муомилаи инсонпарварона ва эҳтиром ба шаъну шарафи шахсияти инсон дахлдорро кафолат медиҳад. 
Гуфта мешавад, ки дар таҳлили нави Қонуни Асосии мамлакат таҳти таҳрири нав ҳамчунин моддаи махсус дар бораи он ки ба ҳабсу боздошт танҳо мувофиқи қарори суд роҳ дода мешавад ва шахс наметавонад бидуни қарори суд беш аз 48 соат нигоҳ дошта шавад. 
«Он санад, ки ин меъёрҳо бевосита дар Сарқонун инъикос ёфтаанд, аз мавқеи қатъии Ӯзбекистон нисбати волоияти шаъну шарафи инсон ва мубориза ба муқобили азиятдиҳӣ дар мамлакат шаҳодат медиҳад, – қайд мегардад дар мақола.  
– Дар равандҳои мазкур баробари ислоҳоти низом давлат саъй менамояд, ки нисбати онҳо назорати ҷамъиятӣ муқаррар карда шавад».
Муаллиф менависад, ки воқеан масъалаи мубориза ба муқобили азиятдиҳӣ яке аз мушкилоти дардовартарин дар тамоми ҷаҳон ба шумор меравад. Бинобар ҳамин ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳҳои муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳо дар мубориза бо ин ҳодисаро, аз пайи коркарди меъёрҳоест, ки бояд дар сатҳи байналхалқӣ ба онҳо риоя карда шаванд. 18 декабри соли 2002-юм бо Баённомаи 57/199-уми Ассамблеяи Генералии СММ мувофиқи Ҳуҷҷати факултативӣ ба Баённома бар муқобили азиятдиҳӣ ва дигар гуна муомилоти зишт, ғайриинсонӣ ё худ муносибат ва ҷазое, ки шаъну шарафро поймол мекунанд, таъсис додани Механизми миллии превентивӣ (ММП) пешбинӣ шудааст. 
Таъкид мегардад, ки соли 2019-ум баъд аз он ки дар Ӯзбекистон механизми миллии превентивӣ бинобар пешгирии азиятдиҳӣ ва дигар муомилоти зишт, ғайриинсонӣ ё худ муносибат ва ҷазое, ки шаъну шарафро поймол мекунанд, ташкил гардиду он ба таҷрибаи пешқадами байналхалқӣ такя мекунад, ҳабсхонаҳо таҳти назорати доимии Омбудсман ва намояндагони ҷомеа қарор гирифтанд.
ММП-и назди Омбудсман дар пояи модели «Омбудсман плюс» ташкил шуд, он барои дастёбии мунтазам бо Омбудсман ва намояндагони ҷомеа дар муассисаҳои махфии озодии маҳдуди ҳаракат, барои омӯхтани шароити нигоҳдошти шахсон ва муомила бо онҳоро дарбар мегирад.
Тӯли солҳои 2019-2022 ва нимсолаи аввали 2023 беш аз 10.000 муроҷиати шахсоне, ки дар муассисаҳои аз озодӣ маҳрумкунӣ нигоҳ дошта мешаванд ва аз хешовандони наздику ҳимоятгарон (адвокатҳо)-и онҳо қабул шуда, таҳти назорат қарор гирифт. Ин рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳуқуқи маҳкумшудагон ва маҳбусон барои муроҷиат ба Омбудсман таъмин карда мешавад. 
Аз соли 2022 намояндагони минтақавии Вакили оид ба ҳуқуқи инсон, ки дар минтақаҳо мунтазам фаъолият мебаранд, ба кор сар кардаанд, ҳамчунин миқдори боздиди мониторингии тамоми ҳабсхонаҳои дарамали ҷумҳурӣ зиёд карда шуд. Дар ин маврид хабару гузоришҳо дар бораи азиятдиҳӣ, ҷойгиркунӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ муттасил таҳти назорат гирифтаву тадқиқ карда ва нисбати онҳо чораҳои дахлдор андешида мешаванд. 
Ғайр аз ин, чораҳои ҷазодиҳӣ нисбати ходимоне, ки амали азиятдиҳиро содир кардаанд, пурзӯртар карда шуданд. Муқаррар гардид, ки нисбати ин ашхос набояд аз авфу омурзиш истифода бурда шавад.
«Умуман, агар шароити муассисаҳои пӯшидаи аз озодӣ маҳрумкунии собиқро бо муассисаҳои кунунӣ ва панҷ соли аввал муқоиса намоем, метавон тағйироти азимро мушоҳида кард, ки ин натиҷаи ислоҳоти муттасил ва муқаррар гардидани назорати ҷамъиятӣ аст», – таъкид мекунад муаллиф.
Гуфта мешавад, ки тӯли ҳафт соли охир 5 қонун, 1 фармон ва 6 қарори роҳбари давлат, ҳамчунин зиёда аз 15 ҳуҷҷати дигари меъёриву ҳуқуқӣ, ки ба минбаъд такмил додани ҳуқуқ ва озодиҳои қонунии маҳбусон нигаронида шудаанд, қабул гардиданд.
Ҳамчунин таъмини ҳуқу-қи маҳбусон бо кор ва барои овоздиҳӣ ба интихобот қайд карда мешавад. 

АИ «Дунё».     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: