САФИ СОҲИБИСТЕЪДОДҲОИ ҶАВОН ЗИЁД МЕГАРДАД

  • САФИ СОҲИБИСТЕЪДОДҲОИ ҶАВОН ЗИЁД МЕГАРДАД
  • САФИ СОҲИБИСТЕЪДОДҲОИ ҶАВОН ЗИЁД МЕГАРДАД
  • САФИ СОҲИБИСТЕЪДОДҲОИ ҶАВОН ЗИЁД МЕГАРДАД

Мактаби эҷодии ба номи Муҳаммад Юсуфи шаҳри Андиҷон ба маскани ҳақиқии соҳибистеъдодҳо табдил ёфт.

Дар мактаб на фақат ба сифат ва самаранокии таълим, дониш ва саводи хонандагон, балки ба зиёд кардани салоҳияти кадрҳои педагогӣ, афзудани таҷриба ва маҳорати онҳо ҳам эътибори махсус дода мешавад. Дар ин бобат мактаби мазкур бо Донишгоҳи давлатии Андиҷон ва Донишкадаи педагогӣ ҳамкории қарин дорад. Ҳоли ҳозир дар мактаби эҷодӣ беш аз 20 хонаи фаннӣ, ошхона, хобгоҳ, толори варзиш, майдончаҳои футбол, волейбол, баскетбол ба ихтиёри толибилмон гузошта шудаанд. Зиёда аз ин аксар синфхонаҳо бо компутер, видеопроектор ва дигар техникаи замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд. 
Ҷамоаи мактаби эҷодӣ бо мактабҳои эҷодии ба номи Эркин Воҳидови Фарғона, ба номи Исҳоқхон Ибрати Намангон ва дигар мактабҳои эҷодӣ, ҳамчунин шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ҳамкории қаринро ба роҳ мондааст. Дар мактаб бо шоир, нависанда, журналист ва олимон мунтазам вохӯрӣ, мулоқот, чорабиниҳои гуногуни адабӣ гузаронда мешаванд. 
Алҳол дар 38 маҳфили мактаб машғулиятҳои варзишӣ, фаннӣ, эҷодӣ ва ғайра ба роҳ монда шудаанд. Дар маҳфилҳои эҷодии он, ба хусус машғулиятҳои «Пайравони Бобур», «Пайравони Муҳаммад Юсуф», «Сухангӯйи ҷавон», «Дӯстдорони шеърият» ва ғайра нафақат хонандагони мактаби мазкур, балки бисёр ҷавонони соҳибистеъдоди вилоят низ иштирок менамоянд. Дар натиҷаи фароҳам овардани имкониятҳои васеъ дар ин мактаби эҷодӣ сафи толибилмони боиқтидор меафзояд, соҳат ва миқдори комёбиҳои ба дастомада низ зиёд мегардад.

Дар суратҳо: дар мактаби эҷодии ба номи Муҳаммад Юсуфи шаҳри Андиҷон.
Суратгир: З. УМУРЗОҚОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: