Токпарварӣ яке аз машғулотҳои дӯстдоштаи ман аст.
Дар бораи токпарварӣ ва тарзи тайёр кардани мавиз таҷрибаи чорякасра дорам ва барои ҷавонони ҳаваскоре, ки ин соҳаро пешаи худ карданианд, китоберо бо номи «Боғпарварӣ: дирӯз, имрӯз ва фардо» навиштам.
Дар доманаи харобаҳои шаҳраки қадимаи Қӯрғони Вардонзе дар вақтҳои фориғ аз кори асосӣ токзоре бунёд кардам. Аз 13 намуди ангурҳои қадима ва имрӯзаи воқеъ дар мавзеъҳои гуногуни вилояти Бухоро қаламчаҳо оварда, парвариш намудам, ки ин барои ман бобати ангурпарварӣ ва мавизпазӣ таҷрибаи зиёд гардид.
Пеш аз ҳама, маълумоти муҳимеро пешкаши муштариёни рӯзнома карданиам. Тавре ки маълуми мост, ангури тоифӣ аз вилояти Тоифи нимҷазираи Арабистон ва ангури шибирғонӣ аз Шибирғони Афғонистон оварда, маҳаллӣ кунонида шуда, бо номи ватани аслӣ номбар шудааст.
Азбаски на ҳамаи боғбонон технологияи тайёркунии мавизро хуб медонанд, дар бозорҳои Шофиркон суроғи шахсоне мешаванд, ки донандаи чунин асрор бошанд. Тайёршавии мавиз ҳезум ва вақти бисёр талаб мекунад, ки аз ин сабаб шахси ин касбро интихобнамуда пеш аз ҳама бояд басабру батамкин бошад.
Мавизҳое, ки аз ангури тоифӣ маҳз дар Шофиркон тайёр карда мешавад, аз ҷиҳати хуштаъмӣ, арзонию шифобахшиаш харидоргир мебошад. Барои ин навъи «султонӣ»-и ангури тоифӣ дар майдонҳои ҳавокаш паҳн карда, хушконида, пас дар сандуқҳои махсус андохтаву то зимистон нигоҳ дошта мешавад.
Ҳаво чӣ қадаре ки сард шавад, ҳамон қадар ин навъи мавиз ширинтар шуда, таъми хоса пайдо мекунаду ба қавле «шакараш ба баданаш мезанад». Дар зимистон хусусияти гарм нигоҳ доштани гурдаро соҳиб аст, ки ба маризии гурда ва халтаи пешоб шифо мебахшад. Ин навъи мавиз аз нимаи аввали моҳи сентябр тайёр карда мешавад. Азбаски хеле ширин аст, агар то 25 сентябр ҷамъоварӣ нашавад, луқмаи замбӯрҳои зеризаминӣ мегардад. Бино бар ин, боғбонон то ин дам кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки онро ғундошта гиранд.
Барои омодакунии мавизи тоифӣ онро ба ишқор, ки аз хокистари ҷангал, саксавули сафеду боз як навъ гиёҳи сурхтоб дар об ҷӯшонида тайёр мекунанд, кам-кам ба оби деги ишқор ҳамроҳ карда, сӯхта мегиранд.
Ангури шибирғонӣ дар мо аввал дар воҳаи Сурхондарё, пасон дар заминҳои ҳамшафати чӯли Қизилқуми Бухоро — токзорҳои ҳазорбоғи ноҳияи Рометан пухта мерасанд. Аз ин сабаб корчаллононе, ки бо савдои ангур шуғл меварзанд, баъди Сурхондарё ба боғҳои Бухоро мешитобанд. Ангури шибирғон ба нимаи дуюми моҳи август расида, канда хушконида мешавад. Аммо ин ҳангом тайёр кардани мавиз каме сахт ва таъмаш муътадил мешавад. Ангурҳое, ки баъди 25 август канда, паҳн карда мешавад, бо шириниву нармиаш табъи дил аст. Ин навъи мавиз бо хушхӯрӣ ва сифати алоҳидаи худ басо харидоргир. Ин мавиз ба муътадил кардани фишори хун, маризии узвҳои ҳозима шифо мебахшад. Барои қувватбахшӣ саҳар пеш аз нонушта хӯрдани 20 донаи он тавсия дода мешавад.
Дар Бухоро, ки нисбати Самарқанд нури офтоб баландтар аст, мавизи соягӣ ҳам тайёр карда мешавад. Барои ин ангурҳои доманаи токро канда, аз нӯги сар ба ресмон баста, дар болорҳои хонаи ҳавокаш чаппа овехта мемонанд. Шабона тамоми дарҳои хонаро боз карда, дар субҳи содиқ азнав мепӯшонанд. Азбаски дар соя хушконидани он вақт ва эътибори дуру дарозро меписандад, бисёриҳо аз ин кори пурмашаққат мегурезанд.
Ангури кишмиши сафед низ дар нимаи дуюми моҳи август канда, хушконида мешавад. Ин намуди ангур чӣ қадар дар дарахти ток монад, ҳамон қадар санг зер мекунад. Шифобахшии мавизи ангури кишмиши сафед нисбати мавизҳои дигар бештар аст. Он дар хонаи кам офтобдарову ҳавокаш хушконида мешавад, ки чунин мавиз низ «мавизи соягӣ» номбар мешавад.
Соҳибкорони деҳаҳои Камонгарон ва Ғӯси ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд асрори тайёркунии чунин навъи мавизро хуб азхуд намудаанд. Корчаллонон ба мавзеъҳое, ки кишмиши сафед пухта расидааст, омада чунин мавизро омода мекунанд, ки дар ин ҷараён низ ишқор истифода мешавад.
Аз 4,5-5 кило ангури кишмиши сафед 1-1,2 кило мавиз гирифта мешавад, Агар он дар дарахти ток бештар истад, дертар аз 3,5-4 килои он як килограмм мавиз гирифта мешавад.
Барои 1 кило мавизи ангури тоифӣ 5,5-6 кило ангур ва барои 1 кило мавизи ангури навъи «ғалаба»-и қараҷанҷол 8-9 кило ангур лозим мешавад.
Дар Бухоро ангуре бо номи «обӣ» мавҷуд, ки самарқандиён онро «васарға» мегӯянд. Об дар таркиби чунин ангур бисёр буда, табибон мавизи онро давои бемории қанд мешуморанд, дараҷаи шифобахшии дар соя хушккардаи он баландтар аст.
Алимурод ТЕМИРОВ,
ноҳияи Шофиркони вилояти БУХОРО.