ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БО РОҲБАРОНИ ЧАНДИН ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ АНҶОМ ДОД

24 июл суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо роҳбарони чандин давлати хориҷӣ баргузор гардид.

24 июл суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо роҳбарони чандин давлати хориҷӣ баргузор гардид.
Аз ҷумла бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбасӣ Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тойип Эрдоғон, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко суҳбатҳо анҷом дода шуд.
Пешвоён ва роҳбарони мамлакатҳои шарик роҳбари давлатамонро бо рӯзи таваллуд гарм табрик намуда, ба Президент ва халқи Ӯзбекистон бо самимият саломатӣ, сулҳ, фараҳмандӣ ва шукуфоиро таманно намуданд.
Зимни суҳбатҳо масъалаҳои муҳими дархури дуҷониба ва сиёсати байналхалқӣ муҳокима гардиданд. Табодули афкори дақиқ аз рӯйи рушди истиқболноки ҳамкории амалӣ ва идомаи ҳамоҳангсозии зич дар мубориза бо таҳдид ва ситезаҳои имрӯз ба вуқӯъ пайваст.
Ҳангоми суҳбат бо Президенти Русия Владимир Путин ба татбиқи амалии муоҳидаҳои мулоқоти корӣ, ки моҳи июн дар шаҳри Маскав ба вуқӯъ пайваст, эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Аҳамияти омодагии ҷиддӣ ба алоқаҳои оянда дар дараҷаи баланд, аз он ҷумла ҷамъи қарордодҳои дуҷониба ва лоиҳаҳои истиқболноки ҳамкории амалӣ таъкид гардид.
Дар доираи ташкилотҳои минтақавӣ кори муттасил идома хоҳад ёфт.
Бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбасӣ Нурсултон Назарбоев масъалаҳои минбаъд мустаҳкам намудани муносибати некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Қазоқистон муҳокима гардиданд.
Бо қаноатмандӣ ҳамкории муфид дар дараҷаи ҳукуматҳо, идораҳо ва минтақаҳои ду мамлакат дар заминаи бартарафсозии оқибатҳои паҳн гардидани инфексияи коронавирус таъкид шуд.
Вазифаҳои стратегии васеъ намудани муносибати бисёрҷанбаи байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон муҳокима гардиданд.
Дар бобати аҳамиятнокии афзоиш додани ҳамкории амалӣ аз рӯи самтҳои муҳим дар суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев таъкид ёфт.
Роҳбарони давлатҳо дар бобати чорабиниҳои минбаъдае, ки барои нигоҳ доштани суръати ҷории ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ нигаронда шудааст, тааҳҳуд намуданд.
Дар дараҷаи ҳукуматҳо татбиқи «харитаи роҳ» доир ба пешбурди лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт идома хоҳанд ёфт.
Ҳангоми суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов дар масъалаҳои васеъ намудани ҳамкориҳои муфид дар соҳаҳои савдо, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, хоҷагии қишлоқ махсус таваққуф карда шуд.
Бо қаноатмандӣ натиҷаҳои самарабахши робитаҳои фаъоли байниидоравӣ таъкид ёфт.
Роҳбарони давлатҳо инчунин ҷадвали чорабиниҳои ояндаро  дар дараҷаи баланд муҳокима намуданд.
Дар суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳолати ҷорӣ ва истиқболи васеъ намудани муносибати дуҷонибаи некҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ таҳлил гардид.
Нигоҳ дошта шудани динамикаи мусбии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ таъкид гардид.
Дар бобати фаъол намудани кӯшиш дар заминаи татбиқи «харитаҳои роҳ»-и қабулгардида, бо назардошти пеш бурдани лоиҳаҳои истиқболноки ҳамкории пойтахтҳо ва минтақаҳои ду мамлакат, ҳамчунин тезондани ба вуҷуд овардани ширкати муштараки сармоягузорӣ аҳду паймон ба амал омад.
Дар муносибати муфиди тарафайни Ӯзбекистону Қирғизистон президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Сооронбой Жээнбеков ба сифати вазифаи бартаринок ташаккул додани нуқтаҳои нави афзоиши ҳамкории муфиди тарафайнро, пеш аз ҳама дар соҳаи савдову иқтисодиёт, муқаррар намуданд.
Истиқболи ҳамкориҳои минтақавӣ ва пеш бурдани лоиҳаҳои бузург дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия муҳокима гардиданд.
Роҳбарони давлатҳо инчунин масъалаҳои омодагии мулоқоти навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро муҳокима намуданд.
Ҳангоми суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тойип Эрдоғон табодули афкори муфассал аз рӯи масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷонибаи муносибатҳо ва ҳамкории минтақавӣ ба вуқӯъ пайваст.
Қаноатмандии амиқ аз рушди муттасили имрӯзаи алоқаҳои Ӯзбекистону Туркия ва самаранокии гуфтугӯ изҳор гардид.
Пешвоёни ду мамлакат аҳамияти иҷрои амалии комили қарордодҳои мулоқот дар дараҷаи баландро, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Анқара ба вуқӯъ пайваст, таъкид намуданд.
Ба робитаҳои ояндаи дараҷаи байниҳукуматӣ бо мақсади тезондани тайёрӣ ва оғози татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва молиявиву техникӣ эътибори алоҳида дода шуд.
Роҳбари давлати мо инчунин ба пешвои Туркия барои ҳамдастӣ дар мубориза бар зидди пандемия изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар суҳбат бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко суръати баланди назарраси алоқа ва табодулҳои байнипарлумонӣ, ки ба мустаҳкам намудани муносибати шарикии стратегӣ ва иттифоқии мамлакатҳоямон мусоидат менамояд, таъкид ёфт.
Тавре ки зимни суҳбат таъкид гардид, аҳли парлумонҳои Ӯзбекистон ва Русия омодаанд, ки ба тайёрии барнома ва лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмиву таълимӣ ва маданиву гуманитарӣ, аз он ҷумла бо роҳи самаранок ба кор андохтани потенсиали бузурги минтақаҳои ду мамлакат фаъолона бипардозанд.

*****

Ба номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон инчунин паёмҳои табрикотии сарварони давлатҳо, ҳукуматҳо ва парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ, арбобони намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ расиданд.

Дар барқияи шодбошии худ Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Си Сзинпин таъкид сохт, ки ба рушди муносибатҳои Ӯзбекистону Чин эътибори бузург медиҳад, риштаҳои амиқи дӯстиро баланд қадр мекунад. Роҳбари Чин изҳор намуд, ки омодааст ба Ӯзбекистон бо боздиди давлатӣ ташриф орад ва бо саъю кӯшишҳои муштарак ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Чинро ба сатҳи сифатан нав бароварад.

Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чже Ин алоҳида таъкид кард, ки робитаҳо ва мубодилаи фаъолона, сарфи назар аз пандемияи коронавирус, аз маънои аслии муносибатҳои шарикии махсуси стратегии байни кишварҳои мо шаҳодат медиҳанд.

Раҳбари Кореяи Ҷанубӣ изҳори боварӣ кард, ки ба туфайли ҳамкориҳои зич мамлакатҳоямон бӯҳронро бартараф хоҳад кард ва муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи нави рушд хоҳанд расид.

*****

Номаҳои шодбоширо инҳо низ ирсол намудаанд:

– Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ;

– Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев;

– Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко;

– Президенти Ҷумҳурии Молдавия Игор Додон;

– Президенти Украина Владимир Зеленский;

– Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ;

– Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич;

– Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин.

Расидани  паёмҳои табрикӣ идома доранд.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: