ДОНИШҶӮ АЗ КУРСИ ДУЮМ

Мувофиқи қарори махсуси Президент хатмкунандагони техникумҳо бар асоси сӯҳбат мувофиқи самти таҳсил ба курси дуюми муассисаҳои таълими олӣ қабул карда мешаванд.

Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд хатмкунандагони техникумҳо дар самтҳои ҳуқуқшиносӣ, инжиниринги барномасозӣ, агрокимиё ва агрохокшиносӣ, ҳифзи растаниҳо, ташкил ва идоранамоии хоҷагии гармхона, экология ва ҳифзи муҳити атроф ва технологияи кимиё аз сӯҳбат гузаштанд.
– Дар техникуми тиббии вилояти Ҷиззах таҳсил гирифтам, – гуфт довталаб Шоҳрух Ӯразматов. – Барои аз сӯҳбат гузаштан тайёрии хуб дидам. Боварӣ дорам, ки донишҷӯи ДДС мешавам. Муҳимаш, имтиҳон шаффоф ва боадолат гузашт. Ба ҳама саволҳо пурра ҷавоб гардонидам. 
Дар имтиҳон ғайр аз омӯзгорон, профессорон, вакилони  корхонаҳои бузург, мутахассисони институтҳои илмиву тадқиқотӣ, мутасаддиёни садорати адлияи вилояти Самарқанд иштирок намуданд.  
Дар ҳамаи хонаҳои имтиҳонсупорӣ навори сабти видео гузошта шудааст. Барои падару модарон дар толор ҷой ҳозир кардаанд, ки онҳо тавассути экран ҷараёни имтиҳонро назорат карданд.
– Хатмкунандагоне, ки бо баҳои хубу аъло семестрҳоро ҷамъбаст намудаанд, ба тариқи онлайн барои аз суҳбат гузаштан ҳуҷҷат супориданд, – иброз дошт директори техникуми агробиотехнологияи Гулобод Ҷасур Абдумаликов, — чанд нафар шогирдони техникум донишҷӯйи Донишкадаи аграрии Тошканд шуданд. 
Худи ҳамон рӯз довталабон ба тариқи онлайн аз натиҷаи имтиҳон хабардор гардиданд.

Дилрабо НАСИМӢ.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: