5 октябри соли равон ширкати TikTok PTE LTD аз Сингапур худро ҳамчун иштирокчии низоми андози арзиши иловагӣ (ААИ) дар Ӯзбекистон сабти ном кард. Дар ин бора аз сомонаи Кумитаи андоз маълум шудааст.
Ҳоло ба арзиши хидмат 12 фоизи ААИ дохил карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки аз моҳи июли соли 2021 TikTok ба феҳристи вайронкунандагони қонун “Дар бораи маълумоти шахсӣ” дар Ӯзбекистон шомил карда шудааст. Ин қонун талаб мекунад, ки серверҳое, ки маълумоти шахсии шаҳрвандони Ӯзбекистонро нигоҳ медоранд, дар дохили кишвар ҷойгир шуда бошанд. Қаблан ба ин рӯйхат Twitter ва "ВКонтакте" низ шомил буданд, аммо дар моҳи августи соли 2022 онҳо хориҷ карда шуданд ва танҳо TikTok боқӣ монд.