БАҲОРИ САБЗДОМАН

Чун пуштаву ёла гул ба доман мезад,

Кабки бари кӯҳ оҳу шеван мезад.
Бар хирқаи садямоқи барфи сари кӯҳ
Хуршеди сари баҳор сӯзан мезад.
            ***
Эй абри сияҳ, сафед бодо қадамат,
Эй бод, паёми ишқ ояд зи дамат.
Эй боғ, ки тирамаҳ қасам хӯрда будӣ,
Гул кардию боз куҷо шуд қасамат?!
            ***
Имрӯз чу бӯйи гул парешон бошам,
То муждарасони гул ба ёрон бошам.
Бар ташналабони дашт дар фасли баҳор
Хоҳам, ки садои пойи борон бошам.
            ***
Мактуб зи чашма мебиёрад ҷӯбор,
Бар нахлу гиёҳ месупорад ҷӯбор.
Дар пойи дарахти сарв сар бинҳода,
Ин субҳ намоз мегузорад ҷӯбор.

Равшани ҲАМРОҲ.


ФАСЛИ БЕДОР ШУДАН

Фасли саршор шудан омадааст,
Ошиқи зор шудан омадааст.
Фасли бемор шудан чун бигзашт,
Фасли бедор шудан омадааст.
Барфи ғам рехт зи боми дили ман,
Вақти ғамхор шудан омадааст.
Даври мо чарх мазан, танҳоӣ,
Даври бо ёр шудан омадааст.
Муғча аз бодаи хуршедӣ маст,
Фасли хаммор шудан омадааст.
Сабза саҷҷодаи сарву суман аст,
Шоха пурбор шудан омадааст.
Ранги гул чанд замон ирфонист,
Вақти гулкор шудан омадааст.
Ҳар гуле ноз кунад бо бӯе,
Фасли аттор шудан омадааст.
Мӯру занбӯр ҳама хушкоранд,
Пайи шаҳкор шудан омадааст.

Бузургмеҳри БАҲОДУР.


НАВРӮЗӢ

Бар дӯстон муборак субҳу сафои Наврӯз,
Мавҷи табассуми гул аз хандаҳои Наврӯз.
Тарфи чаман бубину савти ҳазор бишнав,
Файзу баҳори иқбол нозу адои Наврӯз.
Бар модарони олам — бунёди насли одам,
Бар тифлакони хандон хоҳам бақои Наврӯз.
Бар муғчаҳои хуфта бас ҳарфи  ноз гуфта,
Розе ба дил нуҳуфта боду ҳавои Наврӯз.
Эй, мулки нозанинам, ҳастию ҳасту бинам,
Меҳрат ба кишвари дил, бар дида ҷои Наврӯз

Ҳамроқул ДАВРОН,
шаҳри САМАРҚАНД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: