Мутобиқи барномаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маросими тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев супоридани мукофоти олии Созмон – Нишони фахрии ИДМ барои саҳми барҷастааш дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкории гуногунҷанба баргузор гардид.
Қобили зикр аст, ки дар чанд соли охир Ӯзбекистон иштироки худро дар фаъолияти Иттиҳод фаъолтар кардааст.
Мамлакати мо ба кори 24 мақомоти ҳамкории соҳавӣ ҳамроҳ шуда, дар фаъолияти 65 сохтори ИДМ комилҳуқуқ иштирок мекунад.
Дар ин давра Президенти Ӯзбекистон дар бисёр самтҳои муҳим қариб 70 ташаббус ба миён гузошт. Аксари онҳо ба шарофати дастгирии кишварҳои узви Иттиҳод татбиқи амалии худро пайдо карданд.