ТАРБИЯ Ё ҲАЁТ Ё МАМОТ...

Хадичахолаи 80-солаи маҳаллаи моро пиру ҷавон хуб мешиносанд.

Фазилатҳои ин бонуи пурдида, ки ба ҳама чиз таваҷҷуҳ зоҳир менамояд, ба баъзеҳо маъқуланду баъзе ҷавонон ӯро барои чунин рафтораш «Анзурат»-и филми «Суюнчӣ» меноманд. Дарҳақиқат, воқеаву рӯйдоде нест, ки ӯ дахолат накарда бошад. Дар рӯзи зимистон бачаеро бинад, ки дар тан либоси ғафсу дар сар кулоҳ надорад, ба волидони ӯ занг зада огоҳ месозад. 

 

Боре ба дукон даромадам, Хадичахола дукондорро сарзаниш мекард, ки чаро болои нону дигар хӯроквориро кушод мемонад, ки ба он чангу ғубор нишаста, боиси касалиҳо мегардад...
Табиист, ки чунин рафтори Хадичахоларо дукондору  мактабхонон хуш намебинанд, аммо ҳамаи суханони ӯ ба фоидаи волидону харидорон аст. 
Ҳоло яке аз мавзӯъҳое, ки дар шабакаҳои интернет боиси баҳсу мунозараҳои мардум мегардад, муносибати байни мураббиёну хонандагони мактаб мебошад. Таассуфовар аст, дар байни мактабхонон  хонандагони якраву гарданшахе ҳастанд, ки муаллими худро таъна карда, ҳатто ба онҳо даст мебардоранд. Муносибат нисбати чунин воқеаҳо ҳамеша ду навъ аст, ё муаллим сафед карда мешавад ва ё «бачаи ҷабрдида».
Албатта, мисле биринҷ бекурмак намешавад, устодоне низ ҳастанд, ки ба хонандагон аз рӯйи мавқеи иҷтимоии волидони онҳо муносибат  мекунанд. Ва устод ҳақ надорад ба бача шикасти ҷисмонӣ ё рӯҳӣ расонад... 
Солҳои пеш вақти барои таълиму тарбия ба дасти мактабдор супурдани фарзандонашон волидон мегуфтанд, ки «гӯшташ аз они шумову устухонаш аз они мо». Волидоне, ки мехостанд  фарзандашон бамаърифату шахси комил шавад, бо боварӣ ояндаи ӯро ба устод месупориданд. Ва муаллимон шогирдеро, ки рафтори номатлуб дошт ва ё ба ҷараёни дарс халал мерасонд, лоиқи ҷазо медонистанд. 
Номуросоии байни мураббию шогирд пеш аз ин низ вуҷуд дошт. Пас аз ба муомила даромадани телефони дастӣ ва насб гардидани видеокамера дар синфхонаҳо, чунин муносибатҳо бештар ба назар расиданд. Аммо бояд эътироф намуд, ки муаллим ба хонандааш бадиро раво намебинад. Агар шогирдонаш соҳибмаърифат шаванд ӯ мефахраду меболад, агар роҳгум занад, мисли волидон дар таассуф мешавад.
Агар бо диққат мушоҳида намоем, муаллим ба хонандае ҷазо медиҳад, ки якравӣ карда нафақат ба муаллим, балки ба ҳамсабақоне, ки мехоҳанд аз дарс пурсамар истифода баранд, халал мерасонад. Азбаски чунин ҳолат борҳо такрор мешавад, косаи сабри муаллим рӯзе лабрез мегардад...
Агар овони бачагии худамонро ба ёд орем, падару модар, бибию бобо ва муаллимон низ моро ҷазо медоданд. Ҳоло чунин воқеаҳоро бо тарозуи адл баркашем, ҳамаи он барои бурду бохти мо  будааст. Чунин танбеҳи калонсолон буд, ки аксари насли миёнсоли имрӯза дар вазъиятҳои тезу тунд худдорӣ карда метавонанд.
Равоншиносон истилоҳи «муноқишаи наслҳо»-ро бештар истифода мебаранд, ки маънои ҳолоинаи он задухӯрди байни бачагони «замонавӣ»-и имрӯзаву насли калонсоли ҷамъият, ки таҳти назорати устодону волидони сахтгир ба воя расидаанд, мебошад. «Муноқишаи наслҳо» нафақат дар байни устодону хонандагон, балки волидону фарзандони онҳо низ ба чашм мерасад.
Азбаски таълим ва тарбия ҷараёни ногусаста аст, волидону мураббиён бояд  масъулияти чунин ҷараёни мураккабро ба дӯши якдигар нагузошта, ҳамфикру ҳаммаслак бошанд. Тавре ки «аз хурд хато аз калон бахшиш» гуфтаанд, дар баъзеи ҳолатҳо «нодида гирифтани» камбудии бача низ ба манфиати кор аст.
Устодон дар вақти танаффус, волидон дар соатҳои муайян барои аз телефони дастӣ истифода бурдани бачаҳо рухсат диҳанд, дар акси ҳол умри бача зоеъ рафта, лавҳаҳои ногувори саҳфаҳои интернет сабаби бадахлоқии ӯ гардида, хабарҳои зиёди дурӯғу росту бетартиб, ба диққатҷалбкунии ӯ  таъсири манфӣ мерасонад.  
Ба кор ҷалб гардидани  бачагон низ ба ҷараёни тарбияи онҳо самараи хуб мебахшад, ки дар натиҷаи ин ҳаракати ҷисмонии фарзанд таъмин гардида, ӯ ба қадри меҳнати падару модар мерасад.  
Ба бачагон омӯхтани муомила бо пул низ яке аз самтҳои муҳими тарбия мебошад.
Равоншиносон дар он ақидаанд, ки нафақат хурдсолон, балки ҷавонон низ  бештар тақлидкунандаи рафтору кирдори атрофиён мебошанд, аз ин рӯ бояд  аз дӯсту рафиқи онҳо, вақтҳои холӣ бо чӣ машғул шуданашон ҳамеша хабардор бошанд. 
Хонандаи нуктасанҷ аллакай пай бурд, ки дар аввали мақола барои чӣ аз Хадичахолаи ҳамсояам ёдовар шудем. Азбаски ояндаи ин сарзамини азиз ба бачагону наврасон вобаста аст, ҳамаи мо ба рафтору кирдори бачагон эътибор диҳем.

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: