Ба маҳаллаи Дилбулоқи ноҳияи Яккасаройи пойтахт Наврӯзи имсола бо рӯҳбаландии дигар ворид гашт.
Дар асоси шарикии давлативу хусусӣ идораи замонавии маҳалла барпо карда шуд. Роҳравҳои миёни манзилҳои бисёрошёна, кӯчаҳои дохилӣ, таҳхонаҳо аз таъмир бароварда шуданд. Соҳили анҳор ба тартиб оварда, ба сайргоҳи обод табдил ёфт. Гулистон, ниҳолҳо, пиёдароҳҳо ба маҳалла зебоӣ бахшиданд.
Тирамоҳи соли гузашта дар доираи лоиҳаи умумимиллии "Макони сабз" наздик ба 4 ҳазор бех дарахту буттаҳо шинонда шуда буданд. Имрӯзҳо ба майдонҳои пешорӯйи манзилҳои бисёрошёна райҳон, гули намошом барин наботот файз мебахшанд.
Дар маҳаллаи Дилбулоқ зиёда аз 6 ҳазору 700 нафар аҳолӣ истиқомат менамояд. Маҳалла ба хидматрасонӣ ва истеҳсолот ихтисосонда шудааст. Дар наздик сесадто шохобчаҳои савдо, саноат ва хидматрасонӣ ҷавонони маҳаллӣ ва бонувон кор мекунанд. Ташкилоти таълими томактабӣ, поликлиникаи оилавӣ, мактаби варзишии ихтисосондашуда, филиали институти педагогӣ фаъолият мебарад.
Дар асоси тамоюли "Маҳаллаи бехавф" ба ҳудуд 360-то асбобҳои назорати видеоӣ насб карда, онҳо ба хонаи нозири профилактикӣ пайваст мебошанд.
Соли гузашта 112 нафар ба кор таъмин гардида, 181 нафар худро банд намуданд. Барои ба соҳибкорӣ ҷалб намудани аҳолӣ ба 23 лоиҳа кредит ва ба наздик даҳ нафар шаҳрвандон субсидия ҷудо карда шуд. Дар маҳалла сехи дӯзандагӣ, салуни зебоӣ, хидматҳои полиграфӣ ва компутерӣ, китобхона, дӯконҳои озуқаворӣ ва қаннодӣ ташкил карда шудааст.
Роҳбари давлати мо ин маҷмааро аз назар гузаронда, бо аҳли маҳалла суҳбати самимӣ орост.
– Пеш аз ҳама шуморо ба айёми фархунда – Наврӯзе, ки фаро мерасад, табрик менамоям. Ободӣ, ҷойҳои корӣ ва фазои идонаи маҳаллаатонро дидаву ҳис карда, мамнун шудам. Чаро зуд-зуд ба маҳалҳо меравам? Чунки ман ба одамон бовар мекунам. Барои ин тавр шудани маҳаллаҳои дигар бояд талош кунем. Дар мамлакатамон 9 ҳазору 450-то, дар Тошканд 585-то маҳалла мавҷуд аст. ӯоло мо низоме ташкил мекунем, ки ташкилотҳои маҷмӯии иқтисодиро бо маҳалҳо мепайвандад. Мақсади мо – ба ҳар як хонадон, ба ҳар як инсон расида рафтан. Ризоияти халқро гирифтан, ба дуои он муносиб шудан ба ҳамаамон насиб кунад, – гуфт Президент.
Ин гуна чораҳои манзилнок дар мулоқотҳо бо "ҳафтгонаи маҳалла" ва мутасаддиён муҳокима карда шуданд.
– Чунон ки маълум аст, ташкилотҳои маҷмӯии иқтисодиро ба маҳаллаҳо вобаста карда истодаем. Дар ин ҷо бонкҳо низ мавқеъ доранд. Лозим аст тавассути онҳо ба корхонаҳои ноҳия шароитҳои иловагӣ офарида, вомҳои хурд дода, ҷойҳои нави корӣ офариданашонро дастгирӣ намоем. Акнун маҳаллаҳо ҳам бояд ба замон муносиб ва серҳаракат бошанд. Умуман, ба одаме, ки кор кардан мехоҳад, шароит фароҳам оварем, – гуфт роҳбари давлат.
Мутахассисон доири дар маҳаллаҳо ташкил намудани фаъолияти маҷмӯи иқтисодӣ, вазифаҳо оиди таъмини одамон ба шуғл дар шароити шаҳр маълумот доданд.