ҲАМА БА ЗИНДАГИИ ХУБ ҲАҚ ДОРАД

Шахсони ниёзманд, табақаи ба муҳофизати иҷтимоӣ муҳтоҷ ҳамеша дар маркази эътибор.

Аз солҳои аввали истиқлолият ба татбиқи амалии қонун ва қарорҳои зиёде гувоҳ гардидем, ки марбут ба дастгирии моддии аҳолии  камдаромад мебошанд. Муайян сохтани оилаҳое, ки воқеан дар шароити душвор умр ба сар мебаранд, то имрӯз вазифаи ҷамоаҳои шаҳрвандӣ, фаъолони маҳалла ҳисоб меёфт. Аризаҳо барои дарёфти кӯмакпулӣ аз ҷониби комиссияҳои корие, ки дар назди ҷамоаҳои шаҳрвандӣ таъсис ёфтаанд, дида баромада мешуданд. Вале, мутаассифона, шахсоне ёфт мешуданд аз қонеъ гардонда нашудани муроҷиаташон норизо. Албатта, миқдори маблағе, ки дар ин самт ҷудо карда шудааст, маҳдуд ва қонеъсозии ҳар як ариза берун аз имкон. 
Нафароне, ки аризаашон қонеъ гардонда нашуд, аз беадолатӣ шикоят мекарданд. 
Боз шахсоне ёфт мешуданд номнавис шуда бошанд ҳам, аз фаъолияти комиссия норизо: «Ноинсоф, то якмоҳаашро нагирифт, корро дуруст накард!» мегуфтанд.
Наход ба нафақапулӣ барин чиз ҳам, ки барои ночорҳо ҷудо шудааст, чашм ало кунанд? Чашми тамаъ ба одами ночор медӯзанд.
Бале, шамол ҳаст, ки барги дарахт меҷунбад.
Дар байни роҳбарони масъули хоҷагӣ ё идораву ташкилотҳо низ, ки аз ҳаққи мардуми ночор ҳазар намекунанд, мавҷуданд. Аз ҷониби давлат ё ташкилотҳои хайриявӣ барои ночорҳое, ки дар вазъи ногувор ҳаёт ба сар мебаранд, борҳои башардӯстона фиристода мешаванд.
Вале онҳо пурра ба соҳибони худ рафта мерасанд? Мутаассифона на ҳамеша.
Чанде пеш роҳбари яке аз ширкатҳоро сабукдӯш сохтанд. Назар ба овозаҳое, ки паҳн шуданд, роҳбар ба хиёнат роҳ дода будааст. Аҷиб он ки вай нафақат роҳбар, боз сарватманд. 
Хеле хуб, ки вақтҳои охир дар роҳи таъмини волоияти қонун, аз байн бардоштани тамаъгарӣ ва коррупсия, ки монеъ ба ҳар гуна тараққиёт, иллат дар ҷомеа аст, корҳои зиёд амалӣ гардонида мешаванд. 
Ба ҳифзи инсонҳои камдаромад, баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ, айни замон, ҳаракатҳо шиддатнок мегарданд. Дар ҷумҳурии  мо низ як қисми муайяни аҳолӣ – 12-15 фоиз камбағал. Вале то вақтҳои охир калимаи «камбағал» ба забон оварда намешуд. Сабаб низ маълум... Президент дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис ба ин масъалаи дарднок низ таваҷҷӯҳ намуд. Вай иқрор шуд, барои ҳеҷ кас пӯшида нест, ки аксарияти сокинони минтақаҳо, хусусан деҳот, манбаи кофии даромад надоранд.
Ҷонишини аввали раиси Сенат С. Сафоев ба ин масъала кушоду равшан дахлнамоии Президентро ҷасорати бузург номид.
Мушкилот бо кадом роҳ бояд ҳал намуд? Президент гуфт, бисёриҳо чунин мешуморанд, ки ин мушкилот тавассути пардохти кӯмакпулӣ ва дастгирии моддӣ ё афзоиши андозаи он ҳал карда шавад. Аммо ин равиши яктарафа аст, ки аслан мушкилотро ҳал наменамояд.
Воқеан, ҳамин тавр. Дар байни қишри камбизоат онҳое низ зиёд, ки солим ва бардаманд, аз имкониятҳо истифода намебаранд, чашм ба роҳи кӯмакпулӣ менишинанд. Намешавад, ки онҳо аз қитъаҳои наздиҳавлӣ ҳосили дилхоҳ рӯёнда, оилаашонро хубтар таъмин созанд? Чорво бонӣ кунанд, ба соҳибкорӣ машғул шаванд?
Дар шароити шаҳр, хусусан, барои аҳолие, ки дар манзилҳои бисёрошёна зиндагӣ мекунанд, баъзе аз ин гуна имконот дастнорас, вале ба дарёфти шуғл имконият зиёд. Чӣ тавр зиндагӣ карданамон, аз ҷиҳате, ба худи мо вобаста.  
Фарогирӣ ба шуғл ва соҳибкорӣ аз муҳимтарин самтҳо дар роҳи барҳам додани ночорист. Соҳибкорӣ, хусусан, маблағ талаб менамояд. Бинобар ҳамин Президент пешниҳод намуд, ки якҷо бо Бонки ҷаҳонӣ, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналхалқӣ барномаи коҳиш додани дараҷаи камбизоатӣ таҳия карда шавад. Оре, маҳз таъмин бо шуғл ва ҷалб сохтани аҳолӣ ба соҳибкорӣ ба ҳалли мушкилоти иҷтимоии маҳаллӣ муяссар шудан мумкин.
Ба онҳое, ки ҳосил рӯёнданӣ ё аз чорво даромад ба даст оварданӣ, замин даркор, ҷой даркор. Баробари таъмин карда шудани онҳо бо кредит дар як қатор деҳоти ҷумҳурӣ майдонҳои кишт тақсим карда дода мешаванд. Агар дар ҷавонон таҷриба ё малака ба ин ё он соҳаи соҳибкорӣ нест, онҳо ба курсҳои махсус ва такмили маҳорати касбӣ ҷалб мегарданд. Маҳз баҳри ташкили бозомӯзии касбӣ ва таъмини хоҳишмандон ба шуғл соли равон 700 миллион доллар ҷудо карда мешавад.
Муайян сохтани камбизоатӣ низ аз масъалаҳои мушкил. Дар асоси таҳлили амиқи меъёрҳои байналхалқӣ методологияҳои нав дар ин бахш корбаст мегарданд. Алалхусус ба дастгирии соҳибкорӣ дар байни занон ва ҷавонон эътибор пурзӯр аст. Ҷуз ин аз воситаҳое, ки завқу шавқи аҳолиро ба соҳибкорӣ бедор месозанд, истифода карда мешавад.
Вилоятҳо, ноҳияҳо, маҳаллаҳо вазифадор карда шудаанд, ки дар навбати аввал миқдори аҳолӣ ва оилаҳои камдаромадро дар ҳудудҳои худ аниқ намоянд. Аниқ гашт, ки дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона 647 хонадон дар вазъи ногувори моддӣ зиндагӣ ба сар мебаранд. Аъзои ин хонадонҳо наздик 3 ҳазор нафар.
Дар кор бурдан бо камбизоатҳо шахсан ҳокими ноҳия, ки айни замон роҳбари сектори якум аст, масъул мебошад. Дар ноҳия бобати коҳиш додани камбағалӣ, ба соҳибкорӣ кашида шудани аҳолии ночор, додани майдонҳои кишт ба онҳо чораҳои аниқ андешида шудаанд. 41 субъекти соҳибкорӣ, ки ба муфлисӣ дучор шуда буданд, бинобар дастгирӣ фаъолияти худро аз нав барқарор намуд. Бонкҳои тиҷоратӣ вазифадор шуданд, ки барои кӯмаки молиявӣ ба соҳибкорон 21 миллиард сӯм ҷудо намоянд. Маълум шуд, ки дар ноҳия 2816 нафар ҷавонон бекоранд.
Ҳар як сектор вазифадор шуда, ки дар асоси нақшаҳои манзилнок «харитаи роҳ» таҳия ва ба корҳои амалӣ ҷиддан шурӯъ созанд.
Дар вазъи амалӣ шудани нақшаҳо имконият фароҳам меояд, ки 70 фоизи мушкилоти бекорӣ ҳал гардад.
Ҳикоят мекунанд, рӯзҳои пурғалаёни ҳаракатҳои инқилобӣ дар Русия (1917) гурӯҳе дар кӯчаҳо ҳаёҳу доштанд. Хориҷие аз як нафар пурсид: «Онҳо чӣ мегӯянд?» «Нест бод бой!» гуфта фарёд мезананд, фаҳмонд он нафар. Хориҷӣ, зоҳиран, тааҷҷуб намуд: «Беҳ он нест, ки нест бод камбағал ва камбағалӣ гӯянд? Беҳ нест, ки ҳама бой шаванд?»
Албатта, бойшавии тамоми аҳолӣ аз тасаввур берун, вале ба муносиб ва ҳарҷиҳата таъмини зиндагӣ кардан ҳар кас ҳақдор. Чораҳое, ки баҳри коҳиш додани дараҷаи нодорӣ дар сатҳи ҳукумат андешида мешаванд, натиҷа мебахшанд. 
Аммо барои дарёфти шуғл ё соҳибкорӣ ҳар гуна имкониятҳо мавҷуд бошанд ҳам, як қисми аҳолӣ бинобар саломатӣ ё сабабҳои дигар аз ин имконот истифода карда наметавонанд. Онҳо воқеан ба ҳифзи иҷтимоӣ муҳтоҷ. Дар доираи баланд бардоштани некӯҳолии аҳолӣ хуб мешуд миқдори кӯмакпулӣ, ки ба ниёзмандон ҷудо мешавад, арзанда ва баҳри таъмини рӯзгори онҳо басанда бошад. Дар истифодаи дорувор бо нархи арзон, барқарорсозии саломатӣ дар шифохонаҳо барояшон имтиёзҳои боз ҳам зиёдтар офарида шавад.

М. ШОДИЕВ, 
мухбири «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: