Дар мамлакати мо ба эҳтиром гузоштан нисбати калонсолон ва ба роҳ мондани иштироки фаъоли онҳо дар ҷомеа эътибори зиёд дода мешавад.
Дар мамлакати мо ба эҳтиром гузоштан нисбати калонсолон ва ба роҳ мондани иштироки фаъоли онҳо дар ҷомеа эътибори зиёд дода мешавад. Аз 4 то 10 октябри соли ҷорӣ баргузор гардидани «Ҳафтаи куҳансолон» мисоли равшани ин гуфтаҳост.
Бо ташаббуси ҳокимияти вилояти Намангон ва ҳокимияти ноҳияи Давлатободи шаҳри Намангон дар чаҳорчӯбаи ҳафтаи мазкур бо иштироки вакилони ҳокимият ва ташкилотҳои ҷамоатӣ, намояндагони миллатҳои гуногун, собиқадорони меҳнат ва ҷавонон «Вохӯрии се насл» доир гардид.
Иштирокчиёни чорабинӣ аз «Хонаи саховат ва куҳансолон» боздид ба амал оварданд. Қобили қайд аст, ки «Хонаи саховат ва куҳансолон»-и вилоят пас аз ташрифи сарвари давлатамон аз нав қад рост намуд, дар ин ҷо барои истиқоматкунандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуданд.
– Дар вилояти мо солҳои охир гузаронидани «Вохӯрии се насл» ба ҳукми анъана даромадааст. Дар мулоқоти ҳолоина ҳокими вилоят Шавкатҷон Абдураззоқов ба сухан баромада, дар бораи бунёдкориҳои вилоят ва нақшаҳои пешистода ҳарф зад ва ба бошандагони «Хонаи саховат ва куҳансолон» туҳфаҳо супурд.
Сипас чорабинии «Вохӯрии се насл» дар доираи 5 ташаббус, ки сарвари давлат пеш гузоштааст, дар ноҳияи Давлатободи шаҳр давом кард. Дар ин ҷо намоиши маҳсулоти дасти ҳунармандон, китобҳо, баромадҳои варзишгарон, санъаткорон ва ғайра ба амал омад.
– Дар чунин вохӯриҳо мо – ҷавонон баробари воқиф шудан аз роҳҳои тайкардаи падару бобоён, аз онҳо бисёр чиз, аз ҷумла садоқат ба Ватанро меомӯзем, – гуфт барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия Олима Тоҷибоева.
– Мо дар чунин мулоқот ҷавононро ба дӯст доштани Ватан ва халқи худ даъват менамоем, – мегӯяд собиқадори меҳнат Мамаҷон Ортиқов.
Чунин чорабинӣ дар ноҳияи Тӯрақӯрғон низ гузаронида шуд. Дар он раиси Шӯрои ҷамоатии собиқадорони ҷангу меҳнат – «Нуроний»-и вилояти Намангон, узви Сенати Олий Маҷлис Икромхон Наҷмиддинов иштирок кард ва ҷамъомадагонро бо «Ҳафтаи куҳансолон» табрику муборакбод намуд.
Чорабиниҳои бахшида ба «Ҳафтаи куҳансолон» дар дигар ноҳияҳои вилоят ҳам баргузор гардиданд.
А. МУРОДОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАМАНГОН.