РАССОМ ВА ТАБИАТ

Дар намоишгоҳи марказии Академияи бадеии Ӯзбекистон намоиши бадеии анъанавии «Рассом ва табиат» оғоз гардид.

Дар он зиёда аз 120 асари 64 нафар рассомони узви Шӯрои эҷодкорони бадеӣ намоиш дода мешавад, ки аз тасвири табиати рангоранги мамлакат, фаслҳои сол, ҳаёти инсонҳои меҳнаткаш, боғу кӯҳсор ва ғайра иборатанд. Эҷодкорон аксарият ҷавонон мебошанд. Дар экспозитсия «Мамнӯъгоҳи Зомин», «Дар сари танӯр», «Шоми Наврӯз», «Симфонияи зимистон», «Барф дар ҷангалзор», «Тошканди нав», «Дар соҳили дарё», «Манзараҳои нотакрори Чорбоғ» барин рангтасвирҳои рассомон ҷой доранд. 
Намоиш то 15 январ идома хоҳад ёфт.

Ҳ. АБДУНАЗАРОВ.          

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: