ЁДИ УСТОДИ ХУДРО ГИРОМӢ МЕДОРЕМ

Ҳар вақт дар бораи собиқадорони соҳаи маорифи ноҳияи Сӯх сухан равад, ҳатман аз аввалинҳо шуда номи устоди равоншодамон Эркинҷон Холдоров вирди забон мегардад.

Устод шахсияте эътироф шудааст, ки зимни дар қайди ҳаёт будан ва баъди фавташ низ сазовори ҳурмати атрофиён ва шогирдону ҳамкорони худ қарор гирифта буд. Ҳар кас бо вай ҳамсуҳбат шавад, дарҳол дарк мекард, ки марди дилёб, хоксору фурӯтан ва меҳрубону самимист.  
Эркинҷон Холдоров ба номи пурифтихори корманди маориф сазовор гашта, ҳатто бо рафтор ва тарзи либоспӯшии хоси худ низ дар байни ҳамкорон  фарқ мекард. Ин ҳарфҳои худро шоир шояд  маҳз ба устоди гиромӣ Эркинҷон Холдоров бахшида бошад, ки матлааш ин аст:  
Муаллим чашми дилро боз созад,
Ҷаҳон бар одамӣ анбоз созад.
Муаллим он ки дар анҷоми таълим,
Зи шогирдони худ устоз созад!
Дарвоқеъ, Сӯхи биҳиштосо на танҳо бо табиати дилангезу чашмаҳои зулолу шаффофаш, қадамҷойҳои муқаддаси худ, балки бо мардуми самимиву меҳмоннавоз, ҳунармандони гулдаст, инсонҳои шуҳратманду ватандӯсташ низ дар чаҳор иқлим маъруф гаштааст. 
Эркинҷон Холдоров аз вақти ба остонаи мактаб ба ҳайси омӯзгори ҷавон қадам гузоштан то андак таҷриба ҳосил кардан бароям ҳамеша ёвару мададгор ва маслиҳатгӯю дамсоз буданд. Ҳар суханашон бароям панди ҳаёт буду рафтору гуфторашонро қутбнамои роҳи зиндагиву фаъолияти кориам қарор дода будам. Аз қавли Абдуллоҳи Раҳмон гуфтаниям: 
Аё устод, мирам пеши поят,
Намеарзад ҷаҳон андар баҳоят.
Ҳамон килке, ки бар дастам ту додӣ,
Тамоми умр мегӯяд саноят.
Эркинҷон Холдоров соли 1939 дар деҳаи Сариканда чашм ба олами ҳастӣ кушода, таълими ибтидоӣ ва миёнаро дар мактаби деҳа гирифтааст. Пас аз хатми мактаб дар омӯзишгоҳи Қӯқанд таҳсил намуда, бо ихтисоси мусоҳиб ба деҳа баргаштааст ва муддати ду сол ҳамчун ҳисобчӣ фаъолият кардааст. Аммо ташнаи илму маърифат будани ӯ водораш сохт, ки дар ягон мактаби олии омӯзгорӣ таҳсил намояд.
Соли 1959 ҳуҷҷатҳои худро ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд) супорид. Чаҳор соли ҳаёташро ба он сарф намуд, ки соҳиби ихтисоси муаллими синфҳои ибтидоӣ шавад. Аллакай ҳамон солҳо устодонаш дар симои  ӯ шахсеро кашф карданд, ки дар соҳаи маориф ва таълиму тарбияи кӯдакон бо тамоми ҳастӣ машғул хоҳад шуд. 
Баъди ба даст гирифтани диплом фаъолияти омӯзгории худро дар яке аз мактабҳои таълими миёнаи шаҳри Исфара оғоз намуд ва муддати ду сол ба кӯдакон  сабақ дод. Соли 1966 ба деҳа баргашт ва то соли 1979 дар мактаби рақами 13 ба кори омӯзгорӣ идома дод. 
– Падарам бо масъулияти том кор мекарданд. Солҳои 1979-1983 дар мактаби миёнаи деҳаи Қизилқиёқ ҳамчун директори мактаб ва аз соли 1983 то соли 1994 дар мактаби миёнаи рақами 67 (ҳоло рақами 4) адои вазифа намуданд. Он кас чанд муддат дар вазифаи инструктори ШТХ ноҳияи Риштон низ фаъолият бурдаанд, – мегӯяд писари ӯ – соҳибкори ботаҷриба Талъат Холдоров.
Дар давоми фаъолияти бисёрсола Эркинҷон Холдоров садҳо шогирд тарбия намудаву ба камол расонидааст, ки аксарияти онҳо дар ҷабҳаҳои гуногуни ҷомеа аз таҳти дил меҳнат мекунанд ва устоди худро бо ифтихор ба ёд меоранд. Самараи меҳнати устод борҳо қадршиносӣ шудааст. Ифтихорномаҳои вазорат,  садорати вилоят ва шуъбаи таълими халқи ноҳия аз ҳамон зумра мебошад. Соли 1994 Эркинҷон Холдоров ба нишони «Аълочии маорифи халқи Ӯзбекистон» сазовор гардидааст.
Дар ёдам ҳаст, ки устод дар байни ходимони маориф обунашавӣ ба рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон»-ро мунтазам тарғибу ташвиқ мекард. Дар байни дафтару китобҳои худ ҳатман як-ду дона нусхаи ин рӯзномаро бо худ гирифта мегашт. Бар асари чунин ташвиқу тарғиб ва ҳамкориву ҳамдастии аҳли зиёи ноҳия теъдоди обуна ба ин рӯзномаи марказии тоҷикии ҷумҳуриамон дар ноҳия якуним-ду ҳазор нусха ва баъзан аз он ҳам бештарро ташкил мекард.  
Ҳайфу дареғ, ки ҳар омаданро рафтан ва ҳар ибтидоро интиҳо низ ҳаст. Соли 2009 дили пурмеҳри устод аз тапиш бозмонд. Эркинҷон Холдоров ба абадият пайваст. Аммо номи ӯ ҳамеша дар дилу дидаҳои мо – шогирдон боқӣ мондааст ва ӯро бо некӣ ба хотир меоварем. 
3 писар (Адҳамҷон, Аҳрорҷон ва Талъатҷон ) ва 5 духтари устод (Шодихон, Шоирахон, Шоҳидахон, Ойимхон ва Шаҳлохон) дар ҳаёти шахсиву ҷамъиятӣ мавқеи муайяни худро ишғол намудаанд. Онҳо чун вориси падар меҳрубониву ҳалимӣ ва хоксориву хирадмандиро пеша карда, дар атрофи модари мушфиқашон – апаи Гулбар ҳаёти ширину гуворо мегузаронанд. Апаи Гулбар дар иҳотаи писарону духтарон ва набераву аберагон аз накҳату таровати зиндагӣ баҳраманд мешавад ва даст ба дуо бардошта, аз даргоҳи Худованд ба онҳо умри дароз, ҳаёти осудаву баофият ва баракати кору зиндагӣ таманно мекунад.

Ғоибназар ҒОИБОВ,
деҳаи Сарикандаи 
ноҳияи Сӯх.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: