Президент ба аёдати беморони хурдсол рафта, бо модарони онҳо самимона суҳбат орост

  • Президент ба аёдати беморони хурдсол рафта, бо модарони онҳо самимона суҳбат орост
  • Президент ба аёдати беморони хурдсол рафта, бо модарони онҳо самимона суҳбат орост
  • Президент ба аёдати беморони хурдсол рафта, бо модарони онҳо самимона суҳбат орост
  • Президент ба аёдати беморони хурдсол рафта, бо модарони онҳо самимона суҳбат орост
  • Президент ба аёдати беморони хурдсол рафта, бо модарони онҳо самимона суҳбат орост
  • Президент ба аёдати беморони хурдсол рафта, бо модарони онҳо самимона суҳбат орост
  • Президент ба аёдати беморони хурдсол рафта, бо модарони онҳо самимона суҳбат орост
  • Президент ба аёдати беморони хурдсол рафта, бо модарони онҳо самимона суҳбат орост

Президент Шавкат Мирзиёев 17 июн бо фаъолияти Маркази бачагонаи гематология, онкология ва иммунологияи клиникӣ шинос гардид.

Роҳбари давлат аз бинои куҳнаи ин муассиса 14 майи соли гузашта боздид намуда буд. Дар он вақт беморхона ба сифати Маркази ҷумҳурии гематология фаъолият дошт, ки ҳам барои калонсолон ва ҳам барои бачагон дар як ҷо хидмат мерасонд. Аз сабаби таъминоти нокифои доруворӣ ва вуҷуд надоштани усулҳои замонавии табобати кимёӣ самаранокии табобат на бештар аз 30 фоизро ташкил менамуд.

Шароит дар бино инчунин ташвишовар буд. Дар як палата се-чор нафарӣ бемор хоб мекарданд, хонаҳои санитарӣ умумӣ буд. Барои ҳар як бемор хӯрокворӣ рӯзе ба миқдори 11 ҳазор сӯм ҷудо карда мешуд. Ними таҳлилҳои лабораторӣ дар клиникаҳои шахсӣ анҷом дода мешуд.

Пас аз дар марказ ин аҳволро дидан, суҳбат бо падару модарон ва мутахассисон Президент 27 майи соли 2021 қарорро «Дар бораи минбаъд такмил додани низоми хидматрасонии гематологӣ ва онкологӣ ба аҳолӣ» имзо намуд. Бинобар ҳуҷҷат шуъбаи бачагонаи гематология ва онкология ба маркази алоҳида табдил дода шуд. Барои чунин муассиса бинои нав дар кӯчаи Арнасойи ноҳияи Чилонзори Тошканд ба баҳрабардорӣ супурда шуд, ки аз моҳи январи соли ҷорӣ фаъолияти он шурӯъ гардид.

Роҳбари давлат бо шароитҳои ин ҷо шинос гардид.

Шумораи катҳо дар маркази нав аз 85-тои пешин то 160-тои имрӯз зиёд гардид. Чӣ барои бачаҳои бемор ва чӣ барои падару модарони онҳо шароитҳои алоҳида ба вуҷуд оварда шудааст.

Ҳоло дар ин ҷо 101 кӯдак табобат мегардад. Ба онҳо беш аз 130 духтур, аз он ҷумла 38 ходими илмӣ, садҳо хоҳарони шафқат хидмат мекунанд.

Шуъбаҳои бачагонаи онкогематология, гематология, онкология, реаниматсия, гемодиализ ва плазмафереза, поликлиникаҳои статсионарӣ ва амбулаторӣ ба таври замонавӣ муҷаҳҳаз гаштаанд. Имсол барилова 14 намуди таҷҳизот устувор карда шуд.

Дараҷаи таъминоти доруворӣ низ афзуд. Ҳамин тариқ, агар соли 2016 барои ин мақсадҳо 2,8 миллиард сӯм ҷудо карда шуда бошад, ҳоло ин миқдор қариб 60 баробар афзуда, 170 миллиард сӯмро ташкил менамояд. Аз ҳисоби давлат 91 намуди дорувории онкогематологӣ бепул пешкаш мегардад.

Ба фаъолияти марказ мушовирони хориҷӣ ҷалб гардиданд, стандартҳои табобат ва ташхисгузорӣ нав гардиданд. Аз он ҷумла, миқдори ҷарроҳии трансплантатсияи риштаҳои ҳуҷайра афзуд.

Боз як ҷанбаи муҳим он аст, ки дар худи марказ ба амал овардани таҳлилҳои маҷмӯӣ мисли молекулаву генетика ва тадқиқотҳои иммуногистокимёӣ роҳандозӣ гаштааст. Дар гузашта намунаҳоро барои таҳлил ба чунин мамлакатҳо, мисли Ҳиндустон, Туркия ва Русия мефиристоданд.

Дар баробари табобат эътибор ба таълим ва тарбияи бачаҳо пурзӯр гаштааст. Дар ин ҷо аз ҷониби фонди «Замин» мактаби «Меҳрли мактаб» барои 40 ҷой ва кӯдакистони «Илк қадам» барои 30 ҷой ба вуҷуд оварда шудааст. Дар онҳо бачагон дониш гирифта, дар шароити замонавӣ вақти худро ҷолиб ва муфид мегузаронанд.

Президент бачагон ва модарони онҳоро, ки дар марказ муолиҷа мегиранд, рӯҳбаланд кард.

– Мақсади навбатии боздидам аз ин ҷо ин аст, ки бароятон нерӯ бахшам ва умедатонро пурзӯр кунам. Ин озмоиш барои ҳамаи мост. Мо чун давлат тамоми дониш ва зарфияти худро барои пирӯзӣ аз болои ин беморӣ бояд истифода намоем. Мо бояд ба падару модарон кумак намуда, бачагонро дастгирӣ кунем, барои табобат намудани онҳо тамоми имконотро истифода кунем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар суҳбат бо бачагон Президент орзуву омоли онҳоро шунид, барояшон ҳар чи зудтар сиҳат гардиданро таманно намуда, дар хонишашон муваффақият орзу намуд.

Дар ҳамин ҷо тақдимоти нақшаи оид ба васеъ намудани фаъолияти Маркази бачагонаи гематология, онкология ва иммунологияи клиникӣ ба амал омад.

Ҳамин тариқ сохтмони ду бинои асептикӣ барои трансплантатсияи аллогенӣ ва аутологии риштаҳои ҳуҷайраи гемопоэтикӣ, хобгоҳ барои 200 ҷой барои  бемороне, ки аз минтақа ба муддати дароз меоянд, ба нақша гирифта шудааст. То охири сол ба марказ боз 67 намуди таҷҳизот оварда мешавад.

– Ин барои мамлакатамон низоми нав мебошад. Ҳоло акнун марказро бо чунин шуъбаҳо дар беморхонаҳои минтақавӣ пайваст намуда, бемориро сари вақт муайян кардан лозим аст. Скринингро дар дараҷаи поён васеъ намуда, «аз беморӣ пешдастӣ намудан» лозим, – гуфт Президент.

Аҳамияти рушди илм дар пойгоҳи ин марказ таъкид гардид.

Шароит дар бино вуҷуд дорад, муваффақият вуҷуд надорад. Муваффақият дар илм аст! Аз ин рӯ ин макон бояд маркази илмӣ барои омӯзиши ҳама чиз – аз омилҳои беморӣ то усулҳои босамари табобат гардад. Бигзор ходимони тиббии минтақаҳо ба ин ҷо омада, малакаи худро такмил диҳанд, – гуфт роҳбари давлат.

Супориш дода шуд, ки баёноти табобатӣ дар асоси таҷрибаи пешқадами Олмон нав карда, мутахассисон бештар ҷалб карда шаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: