Президент ба Санкт-Петербург рафт

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо боздиди корӣ барои ширкат варзидан дар ҳамоиши ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербург рафт.

Дар ҳамоиш раҳбарон натиҷаҳои асосии соли гузаштаро ҷамъбаст намуда, доир ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъда табодули назар мекунанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: