МАРКАЗИ ХИДМАТИ ФОСИЛАВӢ БА ТАЪМИНИ ШУҒЛИ ҶАВОНОН МУСОИДАТ МЕКУНАД

Тӯли солҳои охир дар вилояти Андиҷон соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва хидматрасонӣ босуръат инкишоф меёбад.

Вале таҳлили вазъият нишон медиҳад, ки ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда бисёранд.


Ин масъала 16 феврал дар ҷамъомад бахшида ба рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Андиҷон, ки таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев дар  Хонобод баргузор  гардид, муфассал мавриди муҳокима қарор гирифт.  Имкониятҳои мавҷуда нишон дода, барои истифода бурдани онҳо тадбирҳо муайян карда шуданд.
Тибқи омор, мизони бекорӣ дар ин минтақа то ҳафт дарсад коҳиш ёфта, даромади хонаводаҳо аз тиҷорат якуним баробар афзоиш ёфтааст. Беҳтар намудани шароити корхона яке аз омилҳои асосии дигаргуниҳои мусбат мебошад.
Инчунин, барои аз камбизоатӣ раҳо кардани аҳолӣ ва таъмини шуғли хатмкунандагон ба омода намудани касбҳои замонавӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Илова бар ин, ҷавонон технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ меомӯзанд.
Дар ноҳияи Марҳамат лоиҳаи ояндадор – маркази хидматрасонии фосилавӣ дар корхонаи «Ershi Logistics» ба таъмини шуғли ҷавонон кумак мекунад.
Марказ провайдери хидматрасонӣ мебошад, ки ба ширкатҳо дар Иёлоти Муттаҳида оид ба чунин самтҳо, аз қабили логистика, ҳисобдорӣ ва машварати ҳуқуқӣ хидмат мерасонад. 
– Маркази мо қариб 150 нафарро бо ҷойи кори доимӣ дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, иқтисод ва ғайра таъмин менамояд, – мегӯяд роҳбари корхона Иброҳимҷон Эркабоев. – Дар соли 2022 ба 300 ҳазор доллар, дар соли 2023 ба 2 миллион доллар хидмат содир карда шуд. Дар баробари ин маркази мо, ки феълан офисро ба иҷора мегирад, то охири сол соҳиби бинои замонавии худ мегардад. Бо анҷоми сохтмони марказ шумораи ҷойҳои кории доимӣ ба 450 нафар мерасад. Ҳаҷми содироти хизматрасонӣ 4 миллион доллар зиёд мешавад.
Дар ноҳияи Марҳамат ду чунин марказ мавҷуд аст. Соли гузашта 250 нафар ҷавонон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ омӯзонида шуда, шуғли онҳо таъмин гардид.
     
Икром АВВАЛБОЕВ, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: