Намояндаи доимии Ӯзбекистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар созмонҳои байналхалқӣ дар Женева Элдиёр Тошматов бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии саломатӣ (СУС) Тедрос Гебрейесус вохӯрд.
Ба роҳбари СУС дар бораи ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар соҳаи нигаҳдории тандурустии Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, маълумот пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки тӯли солҳои охир якҷо бо СУС дар соҳаҳои тайёркунии кадрҳо, баланд бардоштани ихтисоси духтурон, пешниҳоди таҷҳизоти замонавӣ ва дорувор ба муассисаҳои тиббӣ, мубодилаи таҷриба ва дониш корҳои зиёде амалӣ шуданд.
Дар навбати худ Тедрос Гебрейесус зикр сохт, ки аз дигаргуниҳои воқеъ дар Ӯзбекистон, ки ба Рӯзномаи ҷаҳонии СУС ҳамоҳанг буда, дастёбиро барои умум аз хидматҳои нигаҳдории тандурустӣ таъмин мекунанд, қаноатманд мебошад.
Ба вусъат додани фаъолнокии лоиҳавӣ, ки ба рушди низоми нигаҳдории тандурустии Наздиарал, аз ҷумла, барои минбаъд такмил додани ташкили кумакҳои тиббӣ, ташхис ва бармаҳал муайян намудани касалиҳои ғайрисироятӣ, респиратӣ ва онкологӣ дар байни аҳолии Қароқалпоқистон нигаронида шудаанд, эътибори махсус дода шуд.
Аз вусъат додани ҳамкории СУС бо Бунёди байналхалқии ҷамъиятии «Zamin» бобати татбиқ кардани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи тиб манфиатдорӣ изҳор гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ директори генералӣ изҳор дошт, ки СУС барои инкишоф додани ҳамкории муътамад бо Ӯзбекистон, ҳамчунин кумакрасонӣ дар ташкил намудани тадбирҳои муштарак дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ омода мебошад.
АИ «Дунё»,
шаҳри ЖЕНЕВА.