Президентҳо аз натиҷаҳои пурсамари музокирот изҳори қаноатмандӣ карданд

  • Президентҳо аз натиҷаҳои пурсамари музокирот изҳори қаноатмандӣ карданд

Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ Президентҳои Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои намояндагони воситаҳои ахбори умум изҳорот доданд.

Президенти Ӯзбекистон ба Президент ва мардуми Тоҷикистон барои истиқболи анъанавии гарму меҳмоннавозона самимона изҳори сипос кард.

Тарафҳо ба натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони олимартаба, ки дар вазъияти дӯстӣ ва боварӣ гузашт, баҳои баланд доданд.

– Бори дигар таъкид менамоям, ки Тоҷикистон барои Ӯзбекистон шарики стратегии наздиктарин, боэътимодтарин ва дар тӯли асрҳо аз санҷиш гузашта мебошад. Халқҳои бародари ӯзбек ва тоҷик бо риштаҳои мустаҳками дӯстии чандинасра зич пайвастаанд. Моро тарих, арзишҳои фарҳангиву маънавӣ, анъана ва урф-одатҳо мепайвандад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Таъкид гардид, ки натиҷаи ҳақиқатан таърихии сафари ҳозира имзо шудани Шартнома дар бораи муносибатҳои иттифоқӣ мебошад, ки он ба манфиатҳои куллии ҳар ду халқи бародар комилан ҷавоб медиҳад.

– Бо ин иқдом мо пайравии қавии мутақобилаи худро ба самти бебозгашти  амиқсозии шарикии стратегӣ ва иттифоқии бисёрсоҳаи Ӯзбекистону Тоҷикистон тасдиқ намудем. Бе ягон муболиға, ин ҳуҷҷати муҳим дар муносибатҳои дутарафа марҳалаи нави таърихӣ хоҳад шуд.

Самти афзалиятноки ҳамкорӣ густариши кооператсияҳои тиҷоратӣ ва саноатӣ мебошад.

Афзоиши мунтазами муомилоти мол, ки дар солҳои охир даҳ баробар афзуд, бо қаноатмандии калон қайд карда шуд.

Дар назди ҳукуматҳои кишварҳо вазифа гузошта шудааст, ки гардиши молро, аз ҷумла тавассути иваз кардани воридоти фаъол аз кишварҳои сеюм ба 2 миллиард доллар расонанд.

Барои ноил шудан ба ин ҳадаф портфели мустаҳками қарордодҳо ва созишномаҳое, ки дар ҷараёни форуми тиҷоратии як рӯз пеш ба имзо расида буданд, мусоидат мекунад.

Ҳамчунин аҳамияти суръат бахшидан ба бунёди минтақаи озоди тиҷорат ва сарҳадии “Ойбек-Фотеҳобод” ва маркази тиҷоративу логистикии “Андархон” таъкид шуд.

Зимни вохӯриҳои сатҳи олӣ нуқтаҳои нави рушди кооператсияи саноатӣ, пеш аз ҳама дар бахшҳое муайян карда шуданд, ки ду кишвар анъанавӣ якдигарро пурра мекунанд.

Сухан дар бораи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои мошинсозӣ, энергетика, электротехника, металлургия, маъдани кӯҳӣ, нассоҷӣ, дорусозӣ, агросаноатӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок меравад.

Барои дастгирии чунин тарҳҳои муҳим аз имконоти Ширкати сармоягузории Ӯзбекистону Тоҷикистон самаранок истифода хоҳад шуд.

Ба ҳамкорӣ дар бахши обу энергетика таваҷҷуҳи авлавият дода мешавад. Омодагӣ ба идомаи ҳамкориҳои созанда дар соҳаи истифодаи муштараки захираҳои обии фаромарзӣ тасдиқ карда шуд.

Самти дигари стратегии ҳамкорӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои баланд бардоштани иқтидори нақлиётию транзитӣ дар ду кишвар мебошад.

Оид ба афзоиши ҳаҷми интиқоли мусофирону бор ва офаридани инфрасохтори муосири сарҳадӣ ва гумрукӣ тадбирҳои муштарак андешида мешаванд.

Зарурати истифодаи фаъолонаи иқтидори ҳамкориҳои байниминтақавӣ қайд гардид.

Дар рафти музокирот масъалаҳои амиқсозии мубодилаи фарҳангиву башардӯстӣ аз ҳисоби мунтазам баргузор намудани намоишгоҳҳо, гастролҳои театрӣ, форумҳои ҷавонон ва таълим, татбиқи барномаҳои варзишӣ, густариши хидматҳои сайёҳӣ ҷойгоҳи муҳим ишғол намуданд.

Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки сафари имрӯзаи таърихӣ, натиҷаҳои пурсамари он ва ҳуҷҷатҳои муҳими ба имзорасида ба рушди босуръати ду кишвар ва таъмини некуаҳволии умумии халқҳои бародарии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон хизмат мекунанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: