АДОЛАТ – МАҲАКИ АСОСИИ ҲАЁТ ВА БАРНОМАИ МО

24 октябри соли равон Рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаёти халқи мо аз ҷумлаи воқеаҳои муҳим хоҳад буд.

24 октябри соли равон Рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаёти халқи мо аз ҷумлаи воқеаҳои муҳим хоҳад буд. Дар ин интихобот вакилони номзад ба президентӣ аз панҷ ҳизб байни ҳам рақобат мекунанд. Айни замон номзадҳо Барномаҳои пешазинтихоботии худро эълон карда, дар маҳалҳо бо намояндагони халқамон мулоқот мекунанд, мақсад ва нақшаҳои худро ба ҳам мебинанд. Дар ин бобат Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» ва номзади он ба президентӣ Баҳром Абдуҳалимов дар Барномаи пешазинтихоботии худ чӣ гуна масъала ва ҳадафҳоро пайгирӣ менамояд? Дар зер бо ҷиҳатҳои асосии ин барнома ошно мешавем.
Иштирок дар интихоботи президентӣ нафақат барои ман, балки барои ҳизбамон низ имтиҳони бузург аст. Бояд таъкид сохт, ки барномаи пешазинтихоботӣ натиҷаҳои тараққиёти Ӯзбекистонро то имрӯз умумӣ мекунад ва дар асоси таклифҳо баҳри бартараф сохтани камбудиҳо коркард шудааст. Ба барномаи пешазинтихоботӣ суханони «Адолат – маҳаки асосии ҳаёти мо» ба сифати шиори асосӣ қабул гардид. Он баёнгари эътиқод ба анъанаҳои ҳизби сотсиал-демократии мо ва садоқат буда, халқамонро дар роҳи бунёди ҷамъияти одил қарин месозад.
Солҳои охир дар мамлакати мо дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, маънавиву маърифатӣ ислоҳотҳои бузург амалӣ шуданд. Дараҷаи ҳаёти иҷтимоии халқ беш аз пеш афзуд. Дар ҳаёти иқтисодӣ тараққиёти муттасил ба назар мерасад. Дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсӣ ҷараёнҳои озодкунӣ авҷ гирифтанд. Ин иқдомҳоро суботкорона идома додан, яъне баъзе монеаҳоеро, ки садди роҳ мегарданд, аз байн бардоштан ба тақозои замон табдил ёфт. Вобаста ба ин дар назди мо муайян кардани вазифаҳои стратегӣ дар пешомади наздик ва миёна, ҳамчунин ба амал татбиқ сохтани онҳо истодаанд:
минбаъд мустаҳкам кардани иқтидори мамлакат;
идома додани сохтори давлати демокративу одили ба иқтисодиёти озоди бозаргонӣ асоснок;
тезондани ташаккули ҷамъияти шаҳрвандӣ ба мустаҳкам намудани идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;
беш аз пеш беҳтар кардани дараҷаи ҳаёти халқ;
дар муносибатҳои байналхалқӣ баланд бардоштани нуфузи Ӯзбекистон ва беҳтар сохтани иштироки он.
Дар барномаи пешазинтихоботӣ самтҳои устувори зерин ҷой доранд.
Самти устувори аввалин – ҳадафи мо бунёди ҷамъияти одил ва давлати адолатпарвар аст.
Барои ҲСД «Адолат» инсон – қадрияти олист!
Таъмин сохтани ҳуқуқ ва озодиҳои он, эъзоз намудани ҳуввияти ҳар як шахс хусусияти ҷудонопазири ҷамъияти озод ва одил аст.
Мо бобати афзудани масъулият ва ҳисоботдории депутатҳо дар назди интихобкунандагон ва ҳизб, фаъолияти онҳоро бо ҳаёти халқ узван пайванд кардан чораҳо меандешем. 
Аз тариқи пурзӯр кардани нақши Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқӣ назорати депутатӣ ва ҷамоатиро аз болои ҳокимияти иҷроия ба роҳ мемонем. Низоми интихоби ҳокимони маҳаллиро дар амал татбиқ намуда, мансаби раисони Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқиро новобаста  аз вазифаи ҳокимон ба тарзи алоҳида ҷорӣ мекунем.
Мақсади мо бартараф сохтани тамаъгарӣ дар тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, бахусус низоми суд ва дар фаъолияти идораҳои ҳифзи ҳуқуқ, соҳаи таълим мебошад. Дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, муҳит ва маданияти муносибати оштинопазирро нисбати тамаъгарӣ ташаккул дода, дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор сиёсати «Дастҳои тоза»-ро ҷорӣ мекунем, устувории қонунро таъмин менамоем.
Сарвати мамлакат – замин, ҷангалҳо, захираҳои минералӣ ва дигар захираҳои табиӣ на ба мансабдорон, балки бояд куллан ба халқ мутааллиқ бошанд. 
Самти устувори дуюм – ин пойдории адолат ва қонун мебошад.
Дар ин самт ба муқобили ҷинояткорӣ, порахӯрӣ, тамаъгарӣ, зӯроварӣ оштинопазирона мубориза мебарем.
Танҳо, вақте ки қонунҳо адолатнок бошанду ҳуқуқи инсон дар амал ҳимоя шаванд, одамон қонунро ҳурмат мекунанд ва ба он итоат менамоянд.
Ҷазо ва ҷаримаҳои ғайриодилонаро аз нав дида мебароем. Мо, пеш аз ҳама, ба даромади воқеии халқ мутаносиб будани ҷаримаҳо, ҳамчунин бо назардошти дараҷаи хавфнокии иҷтимоӣ таъин шудани ҷаримаҳоро таъмин менамоем. Барои баъзе навъҳои ҷиноят истифодаи чораҳои ҷазои маънавиро пеш мебарем.
Дар фаъолияти сохторҳои мақомоти идораи давлатӣ, назоратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба вайрон шудани меъёрҳои қонун, талқини нодуруст ва худсаронаи онҳо, ҳамчунин ба муқобили расмиятбозӣ ва бар зидди тамаъгарӣ бо қатъият мубориза мебарем.
Тамоми ваколатҳои вобаста ба иҷро ва муассисаҳои иҷрокунандаи ҷазоро ба мақомоти холис – садорати идораи адлия месупорем, ки ваколати пурсиш ва тафтиш надоранд.
Самти устувори сеюм – ин муқаррар кардани адолати иҷтимоӣ аст.
Мо ба устувории қонунгузории меҳнат муваффақ мешавем, нисбати сӯиистифода (эксплуататсия)-и ходимон қатъиян мубориза мебарем. Чораҳои куллан беҳтар кардани шароити моддии тамоми аҳолии мамлакат, сарватманд сохтани ҳар як инсонро меандешем. Асоси қонунии «Музди камтарини меҳнат», «Музди камтарини зиндагӣ» барин мафҳумҳоро фароҳам меоварем.
Ҳар як инсон ҳақ дорад соҳиби манзил бошад. Мо нархи хонаву манзилро қатъиян кам мекунем. Хонаҳои мувофиқи ҳама ва мувофиқи ҳамён шарти муҳими ҳифзи иҷтимоӣ ба шумор мераванд. Табақаи ба ҳимояи иҷтимоӣ муҳтоҷи аҳолиро бо манзилҳои мунитсипиалӣ таъмин менамоем.
Ба коргарони зархарид ва мавсимие, ки дар кишвари мо ва хориҷа кор мекунанд, шароитҳои васеъ фароҳам оварда, ба  қадр шудани меҳнат ва  ҳифзи онҳо, мувофиқи меҳнат ҳақ гирифтан, ба стажи меҳнатӣ ҳамроҳ шудани кор ва минбаъд нафақаи хуб гирифтанашон кафолат медиҳем.
Самти устувори чаҳорум – ин дар соҳаи таълим пойдории адолатро таъмин кардан мебошад.
Сармоягузорӣ ба таълим – маънои сармоягузорӣ ба ояндаи Ӯзбекистон, барои фаровонҳолии халқ, таъмин кардани рақобатбардории давлатро дорад ва дар ин бобат омили муҳим ба ҳисоб меравад.
Сифат ва самаранокии таълими томактабиро ба дараҷаи баланд мебардорем. Кӯдаконро ба ташкилотҳои таълими томактабӣ чун имрӯз аз сесолагӣ не, балки аз дусолагӣ, бидуни навбатпоӣ, сад фоиз фаро мегирем, низоми таълими давлатии томактабиро куллан ройгон месозем.
Барои минбаъд баланд бардоштани обрӯву эътибор ва мақоми ҳуқуқии омӯзгорон, зиёд кардани маош ва афзудани мавқеи иҷтимоии онҳо қонуни «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро қабул мекунем.
Мо барои бартараф сохтани парокандагӣ, зиддиятҳое, ки дар низоми таълим ҷой доранд, вазоратҳои таълими томактабӣ, таълими халқӣ, таълими олӣ ва миёнаи махсусро ба Вазорати ягонаи таълим табдил медиҳем!
Самти устувори панҷум – ин илму фан – омили адолат ва тараққиёт аст.
Барои бунёди ҷамъияти одил ва давлати адолатпарвар аҳамияти таълим, илму фан ва инноватсияҳо бузург мебошад.
Ба онҳое, ки бо таълим ва илму фан машғул мебошанд, хонаву манзилҳои ройгон пешниҳод мекунем. Маблағе, ки барои таъмин кардани илму фан сарф мегардад, дар соли 2030-юм то ба 2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд карда шуда, аз буҷаи давлатӣ таъмин гардидани ин маблағро зина ба зина таъмин месозем.
Олимон, тамоми ихтироъҳо ва ихтироъгаронро дастгирӣ менамоем, рағбатнок месозем ва барои онҳо шароитҳои заруриро фароҳам меоварем! Миқдори муҳандис, технолог, агроном-механизатор барин ихтисосҳоро, ки муҳаррики ҳақиқии иқтисодиёт мебошанд, зиёд мекунем ва малакаашонро мебардорем.
Ба сифати пойдевори Эҳёи сеюм аз тариқи инкишоф додани илму фан ва инноватсияҳо алоқаманди узвии низоми илм – таълим ва истеҳсолотро таъмин мекунем.
Самти устувори шашум – ин саломатии аҳолӣ мебошад.
Хизмати кафолатноки тиббӣ ба аҳолӣ, рағбатноксозии меҳнати кормандони тиб, технологияҳои замонавӣ ва усулҳои табобатро васеъ ҷорӣ менамоем, аз нав ташаккул додани низоми нигаҳдории тандурустиро идома медиҳем.
Низоми «тибби ақлӣ»-ро ташаккул дода, барои баланд бардоштани маданияти тиббии аҳолӣ «Барномаи миллӣ» қабул мекунем.
Мақоми «ходими тиббӣ»-ро мушаххас месозем, ба мақсади таъмин сохтани ҳифзи иҷтимоии онҳо ва пешгирӣ кардани ҳама гуна тазйиқҳо пойгоҳи мавҷудаи ҳуқуқро беш аз пеш такмил медиҳем.
Дар деҳот ва низоми таълим хидмати тиббиро ба зинаи сифатан нав мебардорем. Мо дар мактабҳо ва муассисаҳои таълими томактабӣ низоми хидмати тиббиро барои бачагон мустаҳкам мекунем.
Самти устувори ҳафтум – ин зан – муқаддас, оила – асоси ҷамъият аст.
Ба мақсади таъмин сохтани инкишофи устувори саломатии репродуктивӣ ва рушди демографии оила ғояи консептуалии «Оилаи солим – ҷамъияти солим»-ро дар амал татбиқ менамоем.
Ҳизби мо барои мустаҳкам кардани адолати иҷтимоӣ дастгирии занону духтарон, сари вақт мушаххас сохтани мушкилоти онҳо, ба занону духтароне, ки ба кӯмак эҳтиёҷ доранд ва дар вазъи мушкили иҷтимоӣ мебошанд, аз ҷумла ба занони ногиро расондани кӯмакҳои рӯҳӣ ва моддиро мақсади худ мешуморад.
Барои соҳиби дониши амиқ ва маҳорати касбӣ гардидани занону духтарон имкониятҳои васеъ, дар бозори меҳнат барои онҳо имтиёз фароҳам овардан, ба бонувон барои ба роҳ мондани тиҷораташон кӯмак расонидан яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳизб ба шумор меравад.
Самти устувори ҳаштум – ин бо маънавияти баланд роҳ ҷониби адолат мебошад.
Адолат ва маънавият мафҳумҳое мебошанд, ки ба якдигар зич вобастаанд.
Аз ин нуқтаи назар мо барои дар ҷамъият фароҳам овардани афкори солим ва мустаҳкам сохтани муҳити маънавиву ахлоқӣ, ҳамчунин солимгардонӣ механизмҳои самаранокро кор карда мебароем.
Барои таъмин сохтани пойдории тарбияи маънавӣ Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» зарур мешуморад, ки давлат руйхати тамоми ёдгориҳои маданӣ, таърихӣ ва табииро тартиб диҳад, ҳифз намояд ва барои ҳифзи онҳо маблағ ҷудо кунад, ҳамчунин «Қоидаҳои тарзи рафтор ва одобу ахлоқ дар ҷамъият»-ро, ки ба суннатҳои таърихии мо такя мекунанд, тартиб диҳад ва татбиқи онҳоро пеш гузорад.
Дар ҷое, ки маънавият нест, адолат ҳам буда наметавонад!
Самти устувори нӯҳум – ин иқтисодиёти пурсамар – омили тараққиёт аст.
Иқтисодиёт вақте инкишоф меёбад, ки он озод ва рақобатбордар бошад. Мо аз тариқи пурзӯр кардани рақобат монополияро барҳам медиҳем. Шартномаеро, ки дар байни супоришгар ва иҷрогар баста мешавад, ба воситаи пурқудрати ҳуқуқӣ табдил медиҳем, дар ин ҷараён ба дахолати ҳокимият роҳ намедиҳем. Ҳама гуна низоъҳо аз тариқи қарори суд ҳаллу фасл мешаванд.
Низоми супурдани декларатсияро беш аз пеш такмил дода, қаробати амиқтари онро ба ҳаёт фароҳам меоварем. Баробари ба роҳ мондани сиёсати  ба супоришҳои тамоми даромадгирандагон, раванди декларатсия кардани хароҷоти зиёди ҳар як инсонро низ ҷорӣ менамоем.
Тамоми пардохтҳои ситонидашуда (ҷаримаҳо, боҷҳои давлатӣ, даромадҳо ва дигар пардохтҳои иҷборӣ)-ро пурра ба буҷаи давлат равона мекунем. Ҳама гуна фондҳои махсус, ки «ҳамёни шахсӣ»-и ташкилотҳои дараҷаи гуногуни давлатӣ мебошанд, бекор мекунем, ба буҷаи давлатӣ равона гардидани маблағҳоро таъмин менамоем.
Самти устувори даҳум – ин сиёсати сулҳхоҳона, одилона ва пешқадами хориҷист.
Мо  минбаъд низ сиёсати дар соҳати байналхалқӣ баланд бардоштани нуфузи мамлакатамон, ҳамроҳ нашудан ба ҳама гуна блокҳо ва коалитсияҳои ҳарбӣ, алоқа накардан бо ҷунбиш ва созмонҳое, ки мақсадҳои ҳарбиро дар назар доранд, мустаҳкам кардани робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарии Ӯзбекистонро бо давлатҳои хориҷӣ пеш мебарем.
Дар бобати бо ҳамсоягони наздик идома додани сиёсати рӯшод, дӯстона ва прагматикӣ содиқ мемонем. Сиёсатеро, ки Ӯзбекистон бинобар мустаҳкам кардани муҳити осоиши байнимиллӣ ва кушодадилии динӣ мебарад, беш аз пеш таҳким бахшидан ба робитаҳои бисёрасринаи дӯстӣ ва некҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ ва эътимоди тарафайн бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки амалӣ мешаванд, идома медиҳем.
Бешубҳа, таҳкими адолати иҷтимоӣ дар ҳаёт аз омилҳои зиёд вобаста мебошад. Мо дар пояи иштироки фаъоли халқамон дар интихобот ва хоҳишу иродаи он дар мамлакат тӯли панҷ соли оянда ин нақшаҳоро ба ҳаёт татбиқ карда метавонем.
Муътақидем, ки ин мақсадҳои бузурги ҳизб аз ҷониби интихобкунандагон дастгирӣ мешаванд!
Мақсади мо дар ин сарзамин, ки барои ҳамаамон азизу муътабар аст ва дар ҳар як хонавода истиқрори сулҳу осоиш, оромиву осудагӣ мебошад.
Ӯзбекистон – хонаи умумии мост. Модоме, ки чунин аст, ҳар як шаҳрванди он ҳақ дорад озод, осуда, бо осоиш ва фаровонҳол зиндагӣ кунад!

Баҳром АБДУҲАЛИМОВ,  
раиси Шӯрои сиёсии ҲСД «Адолат», номзад ба Президентии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: