МАСКАНИ ЗАМОНАВИИ ЗИЁ ҚАД АФРОХТ

  • МАСКАНИ ЗАМОНАВИИ ЗИЁ ҚАД АФРОХТ
  • МАСКАНИ ЗАМОНАВИИ ЗИЁ ҚАД АФРОХТ

Бинои нави мактаби таҳсилоти умумии 17-уми шаҳри Бухоро, ки 5 ошёна ва 990 ҷойи нишаст дорад, ба истифода дода шуд.

Дар чорабиние, ки ба муносибати ифтитоҳи бинои нави таълимӣ баргузор гардид, ҳокими вилоят Ботир Зарипов ислоҳотеро, ки тайи солҳои охир бо ташаббуси Сарвари давлатамон ҷиҳати рушди таҳсилоти мактаб дар кишвар, таълиму тарбияи насли наврас дар шароити муносиб ва боз ҳам беҳтар намудани имкониятҳои азхудкунии донишу малакаҳои муосир амалӣ мешавад, алоҳида таъкид карда, бо бинои нави таълимӣ ҷамоаи мактаб, хонандагон ва падару модаронро муборакбод намуд.
Ба корҳои бунёдкорие, ки бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «G`ijduvon Govshun Maxsus Qurilish Montaj» ба ҷо овардаанд, қариб 14 миллиард сӯм маблағ харҷ карда шуд.
Дар маросим ба бинокорон-муҳандисон, ки дар сохтмони бинои таълимӣ фидокорӣ нишон додаанд, эҳтиром зоҳир карда шуд.
Баъд аз он иштирокдорони чорабинӣ бо шароити дар бино  фароҳам овардашуда, ки ба маскани зебову замонавии зиё табдил ёфтааст, шинос шуданд.
 Бо нияти нек ба қитъаи замини мактаб ниҳолҳои дарахтон шинонда шуд.

Зариф КОМИЛОВ, 
мухбири ӮзА.          
Суратгир: Т. ИСТАТОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: