Дар ҷангалзоре, ки ҳавои намноку соф ва табиати сарсабзу хуррам дошт, як дарёи фароху сероб ҷорӣ буд.
Дар ин дарё аҳён-аҳён ҳодисаҳои ҳалокатовар рух медод. Дар назди ин рӯди азим танҳо як қишлоқчаи назарногире ҷойгир буд. Бо вуҷуди он ки ин деҳа аз тараққиёт фарсахҳо дур мондаву на телефон буду на телевизион, на газета дастрас мешуду на маҷалла, вақти бошандагони онҳо бисёртар бо хурсандиҳо мегузашт.
Қишлоқ танҳо як мактаб дошт. Азбаски дар ин маскани дониш вазъи таълим хуб набуд ва ба муаллимон низ малакаи дарсгузарӣ намерасид, ғайр аз Сафарқобил қариб ҳамаи хонандагон машғули бозӣ мешуданд. Сафарқобил истеъдоди худодод – зеҳни бурро, ақли расо дошт ва бачаи боандешаву қобил буд.
Дар яке аз рӯзҳои гарми тобистон бачаҳо барои оббозӣ ба соҳили дарё гирд омаданд. Гарчи Сафарқобил хавфнок будани дарёро медонист, вале бо мақсади ҷудо нашудан аз шарикон бо онҳо якҷоя мерафт. Номи дарёро мардуми маҳаллӣ «Дарёи сурх» мегуфтанд. Чунин ном гирифтани ин рӯд, албатта, бесабаб набуд. Аммо бачаҳо аз нофаҳмӣ ва беэътиборӣ хавфнок будани дарёро фаромӯш карданд, ҳатто дар бораи маънои номаш наандешиданд. Сафарқобил ба дӯстонаш борҳо хавфнок будани дарёро таъкид мекард. Аммо онҳо ба гапи ҷавони доно беэътибор буданд. Бачаҳо бо кибр шино мекарданд, ки аз дур як ҳайвони бадвоҳима намудор гашт. Сафарқобил он махлуқро дидан замон дӯстонашро ҳушдор дод ва онҳо бо зудӣ аз дарё берун шуданд. Пас аз ин воқеа бачаҳо бар асари тарсу ҳарос ду-се рӯз ба худ наомаданд.
Қобил (лақаби Сафарқобил) бошад, барои донистану чӣ будани ин ҷонвар кӯшиш мекард. Бо маслиҳати модараш, ба пеши пирамарди донои деҳа бобои Комил рафта, аз бобо пурсид:
– Бобоҷон, чаро номи ин дарёро «Дарёи сурх» меноманд?
– Чаро мепурсӣ, бачам, – гуфт бобои Комил.
Қобил дар ҷавоб гуфт:
– Муаллимамон таъкид карданд, ки агар дар васфи дарё иншо нанависем, ба мо ҷазо медиҳанд.
Бобо пас аз андешаву хаёлоти дуру дароз суханашро идома дод:
– Аз ин 17 сол пеш аз «Дарёи сурх» якчанд ҳайвон баромада ба одамон ҳуҷум карда буданд. Тимсоҳи азимҷуссае бисёре аз одамони ин қишлоқро нобуд кард, одамони аз дарё убуркардаистодаро фурӯ бурд.
Сафарқобил нафақат бачаи закӣ, балки далеру нотарс ҳам буд. Ӯ пас аз нақли бобои Комил ба олами андешаҳо ғӯта зада, ба хулосае омад, ки ҳамон махлуқи бадвоҳима тимсоҳ будааст. Ӯ тахмин кард, ки тимсоҳ дар қаъри ин наҳр аст, чунки оби дарё, бо вуҷуди 4 метр чуқурӣ доштан, гоҳо лойолуд мешуд.
Рӯзе аз рӯзҳо чашми амаки Шариф аз пеши наҳр гузашта истода ба тимсоҳ меафтад ва ба зудӣ ба аҳли қишлоқ хабар мерасонад. Одамон чӣ кор карданро надониста, худро гоҳ ба ин сӯ ва гоҳ ба он сӯ мезаданд. Қобил бошад, дере нагузашта ба пеши ҳарбиён рафта, онҳоро аз ин воқеа хабардор кард. Ҳарбиён омада бо тӯри токнок тимсоҳро дастгир карда, ба боғи ҳайвонот супориданд. Бо ҳамин аҳли деҳа аз хавфу хатар эмин монданд. Бесабаб мардуми мо нагуфтаанд, ки «Ҳар дардро давое ҳасту ҳар балоро чорае».
Иброҳим ШУҲРАТЗОДА,
донишомӯзи мактаби миёнаи рақами 87-уми
ноҳияи Деҳқонободи
вилояти Қашқадарё.