Президент Шавкат Мирзиёев 22 январ бо тақдимоти пешниҳодҳо оид ба тезондани ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ шинос шуд.
Дар стратегияи «Ўзбекистон-2030» як қатор вазифаҳо оид ба муҳофизати саломатии аҳолӣ ва беҳтар намудани сифати тибб муайян шудаанд. Барои тезонидани ин ислоҳот ва татбиқи босамари онҳо бо иштироки коршиносони байналмилалӣ пешниҳодҳо таҳия шуданд.
Ҳамин тариқ, пешниҳод мешавад, ки дафтари лоиҳавии «Маркази лоиҳаҳои соҳаи тандурустӣ» дар сохтори Вазорати тандурустӣ дар шакли муассисаи давлатӣ таъсис дода шавад. Марказ барои чунин самтҳо, аз қабили татбиқи пурраи низоми суғуртаи давлатии тиббӣ ва маҷмӯи хидматрасонии ройгони тиббӣ ва дорувориҳои аз ҷониби давлат кафолат додашуда, пурзӯр намудани низоми назорат аз болои сифат ва бехатарии хидматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани иқтидори кадрҳо, инкишоф додани системаи таълим ва илми тиб дар асоси стандартҳои байналхалқӣ масъул муайян хоҳад шуд. Марказ, инчунин, ба васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, тезондани лоиҳаҳои шарикии давлатию хусусӣ, густариши сектори хусусӣ, баланд бардоштани шаффофияти харидҳои давлатӣ, ислоҳсозии соҳаи дорусозӣ мусоидат хоҳад кард.
Ба фаъолияти идораи лоиҳавӣ дар асоси шартнома мутахассисони пуртаҷрибаи марказҳои махсусонидашудаи тиббӣ, муассисаҳои таълими олӣ ва илмию тадқиққотӣ, инчунин коршиносони хориҷӣ ва мушовирон ҷалб карда хоҳанд шуд.
Ислоҳоти соҳаи тандурустӣ мутахассисони дахлдорро тақозо мекунад. Барои мустаҳкам намудани иқтидори кадрҳо як қатор тадбирҳо пешбинӣ шудаанд.
Аз ҷумла, барномаҳои таълимии Академияи тибби Тошканд аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронда мешавад. Дар он барномаҳои магистратура аз рӯи ихтисосҳои тандурустии ҷамъиятӣ, тибби профилактикӣ ва фаъолияти ҷисмонӣ кушода мешаванд. Ба дониши донишҷӯёни соҳаи тиб тавассути имтиҳонҳои давлатӣ дар ду марҳила бар асоси низоми эътирофшудаи байналмилалӣ баҳо дода мешавад.
Аз соли хониши оянда бо назардошти эҳтиёҷоти минтақаҳо 200 нафар хатмкунандагони донишгоҳҳои тиббӣ дар муассисаҳои таълимии пешрафтаи хориҷӣ аз рӯи барномаҳои магистратура ва ординатураи клиникӣ таҳсил хоҳанд кард.
Ҳамчунин, марказҳои махсуси ҷарроҳӣ, кардиология, эндокринология, дерматовенерология ва косметология, Маркази миллии тиббии кӯдакон ва Маркази миллии тиббӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузаранд.
Соли ҷорӣ 40 қоидаву меъёрҳои мавҷудаи санитарӣ аз нав дида баромада, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда мешаванд.
Сарвари давлатамон ин пешниҳодҳоро пазируфта, дастур дод, ки “харитаи роҳ” барои амалӣ намудани ин афзалиятҳо тасдиқ карда шавад.